АфғонистонВидеоИқтисод

“БАРҚИ ТОҶИК” БАРОИ СОДИРОТИ НИРӮИ БАРҚ БА АФҒОНИСТОН ДАР СОЛИ 2024 ШАРТНОМА БАСТ

Дар ҳоле ки дар худи Тоҷикистон, лимити шадиди нирӯи барқ ҷорӣ карда шудааст, ширкати барқи Афғонистон “Де Афғонистон Брешно” (DABS) хабар дод, ки бо ширкати “Барқи Тоҷик” ҷиҳати харидории барқ  дар соли 2024 қарордод имзо кардааст.  Хабаргузории афғонистонии “Хома”  рӯзи 27 декабри соли 2023 хабар дод, ки дар бораи боз як соли дигар тамдид шудани қарордоди харидории барқ аз Тоҷикистон дар саҳифааш дар шабакаи Х (собиқ Твиттер) сухангӯи ширкати “Брешно” Ҳикматуллоҳ Майванд бо нашри як акс аз маросими имзои ин шартнома навиштааст.

Бино ба маълумоти Майванд ин қарордод аз ҷониби раҳбари “Брешно” Мулло Муҳаммадҳаниф Ҳамза ва раҳбари “Барқи Тоҷик” Муҳаммадумар Асозода дар ҷараёни мулоқоти онҳо дар Туркия ба имзо расидааст.

Сухангӯи “Брешно” ҳамчунин хабар дод, ки ҷонибҳо дар Туркия ҳамчунин масъалаи бунёди хатти нави 500-киловолтӣ барои интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистонро баррасӣ карда, ҳамчунин раҳбарияти “Брешно” аз азми худ барои ҳамкорӣ бо ҷониби Тоҷикистон дар бунёди хатти интиқоли барқи  CASA-1000 дарак додааст.

“Хома” менависад, имзои қарордоди харидории барқ аз Тоҷикистон дар ҳолест, ки Афғонистон аз воридоти барқ аз Тоҷикистону Эрон сахт вобаста буда, дар зимистону тобистон ба камбуди шадиди барқ рӯбарӯ мешавад ва дар ин шабу рӯз дар пойтахт, шаҳри Кобул ва дигар шаҳру деҳоти Афғонистон нирӯи барқ ба мардум ва корхонаҳо ба шакли хеле маҳдуд дода мешавад.

Имзои қарордоди фурӯши барқ ба Афғонистон дар ҳолест, ки сокинони худи Тоҷикистон дар ин фасли сармо ба камбуди шадид ва барои чандин соли охир бесобиқаи нирӯи барқ рӯбарӯ шудаанд ва ҳар рӯз ба сокинони аксари манотиқи ҷумҳурӣ ҳамагӣ чанд соат барқ медиҳанд.

Тоҷикистон инак чанд даҳсола боз дар ҳар фасли тирамоҳ ва зимистон ба камбуди шадиди нирӯи барқ гирифтор мешавад ва аз моҳи октябр то апрел интиқоли барқ ба сокинони манотиқи деҳоти ин кишвар тибқи лимит сурат мегирад.

Мақомот мардумро умедвор карда буданд, ки баъди ба кор андохтани чархаи аввали нирӯгоҳи Роғун лимити барқ дар кишвар тамом мешавад. Соли 2018 дар пайи мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чархаи аввали Роғун президент Эмомалӣ Раҳмон низ ҳамаро итминони хотир дода буд, ки афсонаи лимити барқ дар Тоҷикистон бо ҳамин моли таърих шуд. Вале бо вуҷуди ба кор даромадани алакай ду чархаи нирӯгоҳи Роғун камбуди нирӯи барқ дар кишвар ҳамчунон эҳсос мешавад. Бахусус дар фасли сармо.

Дар ҳоле ки мақомот дар лимити имсола афзоиши талабот ба нирӯи барқро муқассир медонанд, бисёриҳо бар инанд, ки сабабгори камбуди нирӯи барқ дар фасли зимистон ба хориҷ фурӯхтани он аст. Бисёриҳо аз ҷумла Афғонистонро мисол меоранд, ки бо вуҷуди як кишвари ҷангзада буданаш ҳатто дурдасттарин деҳоташро ҳам ҳатто дар зимистон бо нирӯи барқ таъмин мекунад. Аз ҷумла аз ҳисоби барқе, ки аз Тоҷикистон мехарад. Ва ин дар ҳолест, ки, мегӯянд мунтақидон, деҳаҳои ин тарафи рӯди Омӯ дар Тоҷикистон дар зимистон  ҳама ба чоҳи торикӣ фурӯ мераванд.

Ширкати “Де Афғонистон Брешно” дар баробари Ӯзбекистон яке аз харидорони асосии барқи Тоҷикистон буда, бино ба омори расмӣ, дар нимаи аввали соли 2022 аз Тоҷикистон ба андозаи 734 миллион киловатт соат нирӯи барқ харидааст, ки ин ба нимаи аввали як соли қабл 276 миллион киловатт соат бештар будааст.Дар соли 2023 бошад Тоҷикистон ба хориҷ ва асосан ба Афғонистон ба маблағи 107 миллион доллар барқ фурӯхтааст, ки назар ба соли 2022 панҷ фоиз бештар аст. Ва ин бидуни  даҳҳо миллион доллари дигарест, ки аз ҳисоби фурӯши барқи дуздӣ ба Афғонистон ба кисаи мансабдорони фасодзада мерезад.

 Тамдиди қарордоди фурӯши барқ ба Афғонистон дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон режими соли 2021 дар он кишвар ба қудратрасидаи “Толибон”ро расман эътироф намекунад ва аз ангуштшумор кишварҳоест, ки ба таври ошкоро аз нирӯҳои зидди “Толибон” аз Ҷабҳаи  муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмади Масъуд пуштибонӣ мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button