ЗОДАИ ТАБОШАРИ ТОҶИКИСТОН ДАР УКРАИНА КУШТА ШУД

Боз як зодаи Тоҷикистон, ки аз тарафи Русия меҷангид, дар ҷанги зидди Украина кушта шуд. Константин Домников, зодаи шаҳраки Табошар (ҳоло шаҳри Истиқлол) дар шимоли Тоҷикистон, ки ҳамагӣ 40 сол дошт ва дар ноҳияи Петровскийи вилояти Саратови Русия ба сар мебурд, дар Петровск зану духтару чорсола ва модарашро танҳо боқӣ гузошт ва дар Уфа – падари нафақахӯрашро.
Дар бораи ҳалокати ин хзодаи Тоҷикистон рӯзи 26 декабри соли 2023 пойгоҳи хабарии “СарИнформ” хабар дод. Ба иттилои ин нашрия, Домников рӯзи 9 декабр дар вилояти Донетск дар шарқи Украина, ки яке аз ҷабҳаҳои асосии ҷанги Русия ба зидди Украина ба ҳисоб меравад, “ҳангоми иҷрои вазифаи ҷангӣ” кушта шудааст.
Константин Домников 20 феврали соли 1983 дар шаҳраки Табошар (ҳоло шаҳри Истиқлол) дар шимоли Тоҷикистон ба дунё омадааст. Хонаводаи онҳо ҳанӯз дар солҳои 90 ба ноҳияи Петровский кӯчиданд ва Домников мактаби миёнаро дар мактаби деҳаи Ножкино хатм кард.
Аз соли 2001 то 200 Домников хидмати ҳарбиро адо кард. Ӯ аввал дар Ставропол хидмат мекард, вале сипас ба Чеченистон фиристода шуд ва фармондеҳии як воҳиди марзбониро дар минтақаи Аргун ба дӯш дошт. Барои иштирок дар ҷанги зидди Чеченистон Константин Домников бо ордени “Мужество” (“Мардонагт”) ва нишони ифтихории “Барои хидмат дар Қафқоз” (“За службу на Кавказе”) қадрдонӣ шуда буд.
Баъди ҷавоб шудан аз хидмати артиш, Домников ба Петровск баргашт ва дар корхонаи нонпазии “Петровские хлеба” кор мекард. Соли 2022 Домников дар ҷараёни маъракаи басиҷсозӣ (мобилизатсия) боз ба хидмат даъват гардида, ба ҷабҳаи ҷанги зидди Украина фиристода шуд.
Ӯ дар як бригадаи савораи тирандоз ба ҳайси тирандоз хидмат мекард ва рӯзи 9 декабр дар қаламрави вилояти Донетск кушта шуд. Дар бораи чӣ гуна кушта шудани ӯ ба ҷуз аз як ибораи кӯтоҳ ки “ҳангоми иҷрои вазифаи ҷангӣ кушта шуд” тафсилоти дигаре дода нашудааст.
Русия 24 феврали соли 2022 бо баҳонаи гӯё “ҳимоят аз аҳолии русзабони Донбасс” ба Украина ҳамла кард. Тайи 22 моҳи гузашта аз оғози ин ҷанг, ки мақомоти Русия онро ҳамчунон сарсахтона на ҷанг, балки “амалиёти махсуси ҳарбӣ” ном мебаранд, аз ҳарду тараф даҳҳо ҳазор нафар кушта шуда, тақрибан ним миллион одам захмӣ шуданд.
Дар байни кушташудагон даҳҳо тан аз зодагони Тоҷикистон низ ҳастанд, ки ба истиснои як ило ду нафар, аксарияти куллаш аз тарафи Русия меҷангиданд. Бархеи онҳо тоҷикистониҳоеянд, ки шаҳрванди Русия шуда, дар саффи Қувваҳои мусаллаҳи Русия хидмат мекарданд ваё дар ҷараёни мобилизатсияи тирамоҳи соли 2022 ба ҷанг бурда шуданд. Бархеи дигар муҳоҷироне буданд, ки дар ивази ваъдаи маошу имтиёзҳои хуб, аз ҷумла ба осонӣ ба даст овардани шаҳрвандии Русия бо вазорати мудофиаи ин кишвар қарордод баста, ба ҷанг рафтанд.
Дар Украина то имрӯз беш аз 30 маҳбуси тоҷики зиндонҳои Русия низ кушта шудаанд. Ин маҳбусон ба ваъдаи озодии зудтар аз маҳбас дода шуда, бо ЧВК “Вагнер” ё вазорати мудофиаи Русия қарордод имзо карда, ба ҷанги зидди Украина рафта буданд.