РУСИЯ НИРӮҲОИ ПОЙГОҲИ ҲАРБИИ 201-УМАШРО АЗ ТОҶИКИСТОН БА ҶАНГИ ЗИДДИ УКРАИНА БУРДААСТ

Пажӯҳишгоҳи омӯзиши ҷанг (ISW, Institute for the study of war), ки як созмони ғайридавлатии амрикоист, рӯзи 25 декабри соли 2023 хабар дод, ки нирӯҳои пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия, ки дар Тоҷикистон мустақар шудааст, дар Украина меҷанганд.
Пажӯҳишгоҳи омӯзиши ҷанг бо истинод ба Телеграм-канали пропагандистии рӯ ба Русияи “Операция Z: Военкоры русской весны” хабар дод, ки нирӯҳои пойгоҳи 201-ум ҳамроҳи воҳиди спетснази “Ахмат”, ки ҷангиёни чеченро дар бар мегирад, ахиран дар ҳудуди ҷангалзори Кремен дар қаламрави ноҳияи Северодонетски вилояти Луҳански Украина мушоҳида шудаанд.
Канали “Операция Z: Военкоры русской весны” хабар дод, ки воҳиди “Амур” аз спетснази 204-уми “Ахмат” бо кумаки тӯпхонаҳои пойгоҳи 201-ум дар ҷангалзори Кремен амалиёти муштаракеро анҷом додаанд ва нирӯҳои спетнази “Ахмат” як гуруҳи ҷанговарони артиши Украинаро аз байн бурда, мавқеъҳоеро, ки бо кумаки дронҳо ошкор карданд, ба даст овардааст. Дар бораи инки нирӯҳои Русия дар ин ҷангалзор чӣ мавқеъҳоеро ба даст оварданд, ин канал маълумоти мушаххастаре надодааст.
“Талафоти душман дар ин қисмати ҷабҳа доим зиёд аст. Ҳам аз ҳисоби ҳайъати шахсӣ ва ҳам аз ҳисоби техника. Қувваҳои мусаллаҳи Украина дигар фикри ҳуҷумро дар сар надоранд балки бо тамоми нирӯ кӯшиш карда истодаанд, то ақалан мавқеъҳои дар дасташон бударо ҳифз кунанд. Онҳо барои ин нирӯҳои нав ба навро ба хатти ҷабҳа мефиристанд”, – иддао кардааст ин Z-канал.
Пажӯҳишгоҳи омӯзиши ҷанг хабар дод, ки нирӯҳои Русия ва Украина дар ғарби ҷангалзори Кремен дар наздикии Терни ва длар ҷануби ин ҷангалзор дар наздикии ҷангалистонҳои Диброва ва Серебрянск вориди даргириҳо шудаанд.
Ин пажӯҳишгоҳ таъкид кардааст, ки “ҳузури нирӯҳои пойгоҳи ҳарбии 201-ум, ки ба Ҳавзаи зҳарбии марказӣ тааллуқ дошта, дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон мустақар мебошанд, юаёнгари он аст, ки артиши Русия бо мақсади тақвияти амалиёти ҷангӣ ба интиқоли як қисми нирӯҳои худ аз Тоҷикистон (ба Украина) идома дода истодааст”.
Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия дар Тоҷикистон бо наздики 7 ҳазор афсару аскараш бузургтарин пойгоҳи хориҷии нирӯҳои хушкигарди артиши Русия ба шумор меравад. Ин пойгоҳ соли 2004 дар заминаи дивизияи 201-уми савораи тирандози артиши Русия таъсис ёфт ва соли 2012 ҳукумати Тоҷикистон замони будубоши ин пойгоҳи Русияро то соли 2042 тамдид кард.
Дар бораи онки нирӯҳои пойгоҳи 201-ум дар Украина меҷанганд, бори аввал ҳанӯз баҳори соли 2022 хабар омад. Он вақт нирӯҳои артиши Украина дар натиҷаи як шабехун як корвони техникаву нирӯҳои артиши Русияро аз байн бурда, аз даруни мошинҳои сӯхта китобчаҳо, ё брошюраҳоеро пайдо кард, ки аз тавсияҳо пиромуни чӣ гуна рафтор кардани сарбозон дар қаламрави Украина иборат буд. Аз маълумотномаи расмии дарҷшуда дар ин китобчаҳо бармеомад, ки онҳоро маҳз барои ҳарбиёни пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон чоп кардаанд.
Ҳанӯз соли 2022 манобеи наздик ба воҳидҳои пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон тасдиқ карда буданд, ки тақрибан нисфи ҳайъати шахсии ин пойгоҳро ба ҷанги зидди Украина фиристодаанд. Онҳо мегуфтанд, ки такмили нирӯҳои пойгоҳи 201 дар Украина бо усули ротатсия сурат мегирад ва баъди як муддати муайян, онҳоеро, ки дар Украина меҷанганд, ба маҳалли истиқрори доимиашон, яъне ба Тоҷикистон баргардонда, ба ҷои онҳо як қисми дигари нирӯҳои пойгоҳро аз Тоҷикистон ба Украина мебаранд.
Худи мақомоти пойгоҳи 201-ум ва Ҳавзаи марказии артиши Русия, ки ин пойгоҳ дар ихтиёри он қарор дорад, то кунун дар бораи дар ҷанги зидди Украина иштирок кардани нирӯҳои дар Тоҷикистон мустақарбудаи ин пойгоҳ ягон шарҳи расмӣ надодаанд.