ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲУШДОР АЗ ХАТАРИ ФУРӮРЕЗИИ ТАРМА ДАР НОҲИЯҲОИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИКИСТОН

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 25 декабри соли 2023 бо нашри як ҳушдор ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар расонд, ки бино ба пешбинии ҳавошиносон, рӯзҳои наздик дар ҳудуди ноҳияҳои кӯҳистонии тобеи ҷумҳурӣ фурӯ рехтани тармаҳо пешбинӣ карда мешаванд.

Кумита ба ин далел аз сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ хостааст, ки дар ин рӯзҳо равуои бидуни зараруати худро тавассути роҳҳои кӯҳистон маҳдуд карда, аз анҷоми корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум, шикор, мошидорӣ дар манотиқи кӯҳсор худдорӣ варзандЮ ҳангоми истифодаи бухорӣ ва дастгоҳҳои гармидиҳанда қоидаҳои зидди сӯхторро қатъиян риоя кунанд ва кӯдаконро беназорат нагузоранд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сокинони деҳот ва манотиқи кӯҳистону кӯҳдоман хостааст, ки ҳангоми гарм кардани хонаҳояшон ҳатман қоидаҳои бехатарии зидди сӯхторро риоя карда, бо рӯшан кардани дастгоҳҳои зиёд ба хатҳои барқ фишор наоранд. Аз рӯи имкон тирезаҳоро маҳкам пӯшонда, гармии хонаро нигоҳ бидоред. Ҳаноми истифода аз ангишт барои гарм кардани хона, назорат кунед, ки бухориҳо то ҳадди обшавии оҳанашон гарм нашаванд, масъулияти ба кор андохтани таҷҳизоти гармидиҳиро ба кӯдакон насупоред ва дудбароҳоро бори дигар тафтиш кунед, ки дуда нагирифта бошанд.

Кумита аз ронандагоне, ки тавассути роҳҳои кӯҳистон нақшаи сафар доранд, хоҳиш мекунад, ки қабл аз сафар масири ҳаракати худро хуб биомӯзанд вапеш аз ба роҳ баромадан ба вижа, маълумоти муътамад дар бораи ҳолати роҳҳоро аз вазорати нақлиёт, ВКД ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дарёфт кунанд. Бенуқсон будани мошини худро пеш аз сафар бисанҷанд ва ба ҳеҷ ваҷҳ бо шинаҳои тобистона ба роҳ набароянд. Аз ронандагони мошинҳои боркаш хоста шудааст, ки ҳатман бо худ чароғи васлгарӣ (паяльная лампа), матоъ барои гарм кардани капорту панҷараи радиатор бигиранд ва бенуқс будани шабакаи гармидиҳии мошинро бисанҷанд.

Ба хотири пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш дар роҳ Кумита аз ронандагон хостааст, ки бо суръати муътадиле, ки бехатариро дар роҳҳои пурмошин, дар назди мактабҳо, дар ағбаҳо ва дар гардишҳову нишебиҳо таъмин карда тавонад, ҳаракат кунанд.

Ҳангоми ҳаракат бо роҳҳои кӯҳистон аз ронандагон хоста шудааст, ки фосилаи назар ба маъмул зиёдтарро риоя кунанд, чунки барои манъ кардани мошин дар роҳҳои лағжонак фосилаи хеле зиёдтар лозим аст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳама хостааст, ки ҳушёр бошанд ва эҳтиёт кунанд!

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button