ВидеоМуҳоҷиронҲодисаҲуқуқи инсон

ВИДЕО: СКИНҲЕДҲО БОЗ ПАЙДО ШУДАНД? СИЛСИЛАИ ҲАМЛАҲО БА КУРЕРИ ТОҶИК ВА 5 МУҲОҶИРИ КӮЧАРӮБ ДАР ПЕТЕРБУРГ

Пулиси ноҳияи Маскав шаҳри Санкт-Петербурги Русия рӯзи 25 декабри соли 2023 аз боздошти чор навраси синну солашон аз 14 то 15-сола бо иттиҳоми ҳамлаи беасос ва латтукӯби курери 26-солаи зодаи Тоҷикистон хабар дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Петербург ва вилояти Ленинград, кормандони бахши кофтукови ҷиноӣ ин се наврасро дастгир крада, ба шуъбаи пулис оварданд ва ҳоло бо онҳо амалҳои мурофиавӣ анҷом медиҳанд.

Нимаи дуюми рӯзи 24 декабр, наздики соати 16 як шарванди 26-солаи Тоҷикистон ба пулис муроҷиат карда, хабар дод, ки ӯ ба ҳайси курер кор мекунад ва ҳангоми ба бинои №17 дар хиёбони Витебск бурдани фармоиши навбатӣ, чор наврас бе ягон асос ба ӯ ҳамла оварда, латтукӯбаш карданд.

Дар сабти видеокамераи назоратӣ аз ҷои ҳодиса дида мешавад, ки наврасон курерро зери борони мушту лагат мегиранд ва вақте ҷавон каме ба худ омада, онҳоро меронад, аввал каме мегурезанд, вале ду нафараш баъди чанд лаҳза боз ба ҷавон ҳуҷум карда, ин дафъа аз силоҳи газӣ ба рӯи ӯ мепарронанд.

Бино ба натиҷаҳои ташхиси табибон, ҷавони тоҷик бар асари ин ҳамла ҷароҳати косахона ва мағзи сар бардошта, мағзи сараш ҷунбидааст ва чанд ҷои баданаш варам кардааст.

 Пулис дар робита ба ин қазия бар асоси моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодааст. Тибқи қонунҳои Русия, ҷавобгарии ҷиноӣ барои қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 213 алакай аз синни 14 фаро мерасад.

Дар бораи ангезаҳои ҳамла ба курер ҳанӯз чизе маълем нест. Вале рӯзҳои охир дар Русия як силсила ҳамлаҳо ба зидди муҳоҷирони корӣ аз ҷониби нааврасон дар заминаи ақидаҳои миллатгароёна сурат гирифтанд. Ин наврасон латтукӯби муҳоҷиронро видео гирифта, дар Интернет нашр мекарданд.

Аз ҷумла Телеграм-канали Mash на Мойке  тоза рӯзи 24 декабр аз боздошти се навраси дигар дар ҳамин шаҳри Петербург хабар дод, ки дар байни як ҳафта ба дастикам 5 муҳоҷири роҳрӯб (дворник) дар ҳудуди ноҳияи Калинин ҳамла карда, лаҳзаҳои  латтукӯби кӯчарӯбҳоро ба навор гирифта, дар як канали вижа дар Телеграм нашр мекарданд. Пулис ба зидди онҳо низ бо айни иттиҳоми авбошӣ парванда кушодааст.

 “Ду узви ин гуруҳ 16-сола ва аз ҳама хурдиаш ҳамагӣ 14-сола аст. Онҳо дар мактабҳои гуногун таҳсил мекунанд, вале таҳтии шиори латтукӯби бегонаҳо муттаҳид шудаанд. Шеваи ҳамлаи онҳо яксон буд: аввал бо балонча ба рӯи ҳадафи ҳамлаашон газ мепошиданд ва сипас бо мушту лагат ба вай ҳамла оварда, ин ҳамаро сабт мекарданд. Баъдан ин видеоҳоро дар як канали вижа дар Телеграм мегузоштанд. Аз дасти ин наврасон дар хиёбони Гражданский 5 кӯчарӯб, аз ҷумла ду зан, ки якеаш шаҳрванди Русия аст, ҷабр диданд. Ҳамаи ин кӯчарӯбон ба таври расмӣ дар ЖКС №1 кор мекунанд”, – хабар медиҳад “Мэш на Мойке”.

Ба иттилои ин канал,  кормандони пулис аз яке аз наврасони дастгиршуда туфангчаи навъи “сигнал охотника”  ва чанд заряд бо тасвири рамзи чалипои фашистӣ пайдо ва мусодира кардаанд. Ду нааврасеро, ки 16 сол доранд, дар тавқифгоҳ маҳкам карданд, вале хурдиашро ба далели синни беҳад ҷавонаш ба хона ҷавоб додаанд.

Аз ин қабл рӯзи 15 декабр хабар омад, ки дар шаҳри Калугаи Русия 10 наврасро бо иттиҳоми дастикам 8 ҳамла ба муҳоҷирон ва сабуту нашри видеои ин ҳамлаҳо дастгир кардаанд. Ин наврасон бо кумаки Александраи 14-сола, ягона духтар дар ин бандаи миллатгароён, “шахсони ғайриславян”-ро бо ваъдаи “мулоқоти ошиқона” ба дом меафтонданд ва агар муҳоҷир ба “мулоқот” меомад, ҳамакаса ӯро бераҳмона мезаданд ва ин ҳамаро ба видео гирифта, дар ду канали дар шабакаи Телеграм кушодаашон нашр мекарданд.

Бино ба фарзияи тафтишот, ҳадафи банда “ба таври ҷисмонӣ аз байн бурдани шахсони ғайриславян” буда, дар давоми ним соли фаъолият онҳо ба зидди муҳоҷирон на камтар аз 8 ҳамла анҷом додаанд. Ҳадафи ҳамлаҳои ин гуруҳи миллатгароён зодагони Ӯзбекистону Тоҷикистон ва Арманистон қарор гирифтаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button