СОКИНИ ДУШАНБЕРО АЗ ДОХИЛИ ЛИФТИ ВАЙРОНА БЕРУН ОВАРДАНД (АКС)
Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикстон дар бораи наҷоти як сокини Душанбе, ки дар дохили лифти вайрона дармонда буд, хабар дод.
Гуфта мешавад, рӯзи якшанбе, 24 декабри соли 2023, соати 15:48 бо рақами 112 ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда занг зада, хабар додаанд, ки як мард дар дохили лифти бинои бисёрқабата дар кӯчаи Алишер Навоӣ, бинои №58/18 дармондааст. Кӯчаи Навоӣ дар ноҳияи Сино дар паҳлуи маҳаллаи 91 ҷойгир шудааст.
Ба ҷои ҳодиса гуруҳи навбатдорони раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи пойтахтро фиристодаанд. Зимни арзёбии фаврии ҳолати пешомада дар ҷои ҳодиса аз ҷониби наҷотбахшон муайян карда шуд, ки лифт ба далели ишколи фаннӣ дар байни ду қабати бино манъ шудааст ва як сокини ин бино дар дохилаш дармондааст.
Наҷотбахшон бо кумаки таҷҳизоти гидравликӣ дари кабинаи лифтро кушоданд ва сокини дармондаро аз дохили лифт берун оварданд. Ӯ ба кумаки тиббӣ ниёз надошт.
Бисёре аз лифтҳо дар биноҳои истиқоматӣ дар пойтахти Тоҷикистон аз замони Шӯравӣ боқӣ монда, ба ниҳояти фарсудагӣ расидаанд. Ба ин далел, вақтҳои охир ҳодисаҳои аз кор мондани лифт ва дар дарунаш дармондани шаҳрвандон зиёд ба гӯш мерасанд.