ИЗЗАТ АМОНРО ДАР МАҲБАСИ “ЯКУМ СОВЕТСКИЙ” ҶАРРОҲӢ МЕКУНАНД
Иззат Амон, ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик, ки дар Тоҷикистон бо иттиҳоми машкуки “қаллобӣ” ба 15 соли зиндон маҳкум шудааст, рӯзи 25 декабри соли 2023 дар маҳбас ҷарроҳӣ хоҳад шуд. Дар ин бора дар Фейсбук Бахтовар Ҷумъаев, ҳомии дигари ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия ва аз ҳамсаффони қаблии Иззат Амон, дар Фейсбук хабар дод.
“Имрӯз дар маҳбас Иззат Амонро ҷарроҳӣ мекунанд. Аз Шумо хоҳиши дуъо намудаанд”, – кӯтоҳ ва бидуни ироаи тафсилот навиштааст Бахтовар Ҷумъаев.
Ҳамсафони дигари қаблии Иззат Амон ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар доданд, ки Иззат Амон милки дандонҳояшро бояд ҷарроҳӣ кунад ва ҳоло онҳо талош доранд, то 6 ҳазор сомонӣ маблағи ҷарроҳиро ҷамъ карда, ба наздикони Иззат Амон ба Тоҷикистон бифиристанд. Муҳаммадюсуф Холов, писари Иззат Амон гуфтааст, ки маблағи ҷарроҳиро бояд худи онҳо пардохт кунанд.
Гуфта мешавад, ҷарроҳӣ нимаи дуюми рӯзи 25 деабр дар худи маҳбаси воқеъ дар маҳаллаи “Якум Советский”-и шаҳри Душанбе сурат мегирад, вале дар ин ҷарроҳӣ табибон аз беморхонаи “Якум Советский” низ даъват шудаанд.
Муҳаммадюсуф Холов гуфт, милки дандонҳои падараш зардоб гирифтааст ва ин боиси варам кардани сару рӯяш шудааст. Табибон гуфтаанд, ки хатари ба мағзи сар задани зардоб вуҷуд дорад ва ба хотири пешгирӣ аз чунин ҳолат, ки оқибатҳои вазнине метавонад дар пай дошта бошад, Иззат Амонро бояд фавран ҷарроҳӣ кунанд.
Иззат Амон, ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик, ки 50 сол дорад, аввали моҳи марти соли 2021 аз шаҳрвандии Русия маҳрум гардонда шуда, рӯзи 25 марти ҳамон сол ба таври мармуз аз Маскав ғайб зад. Рӯзе баъд ВКД Тоҷикистон эътироф кард, ки Иззат Амон дар Душанбе боздошт шудааст ва ба қаллобӣ айбдор мешавад. 19 октябри соли 2021, дар ҳоле ки интизор мерафт, Иззат Амонро бар асоси афв озод кунанд, додгоҳи Душанбе пардохт нашудани 232 сомонӣ пули даъвои якеро баҳона оварда, ӯро аз имкони афв маҳрум ва ба 9 соли зиндон маҳкум кард.
6 июни соли 2022 додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ бар асоси боз як даъвои дигар ба ҳукми Иззат Амон боз 6 соли дигар афзуд ва ҳукми ин ҳомии ҳуқуқи муҳоҷиронро ба 15 сол расонд.
Бисёриҳо истирдод аз Русия ва инак ду ҳукми Иззат Амонро сиёсӣ мешуморанд ва мегӯянд, аксари даъвоҳои “қаллобӣ” ба зидди ӯ ташкилшуда ба назар мерасанд. Ба ақидаи мунтақидон, интиқодҳои тунди Иззат Амон аз сиёсати ҳукумати кунунии Тоҷикистон, аз ҷумла дар масъалаи муҳоҷират, боиси таъқибу истирдод ва маҳкум шуданаш ба зиндон шудааст.
Баъди судури ҳукми дуюмаш Иззат Амон ба тақдир тан дод ва аз идомаи мубориза даст кашид. Ӯ гуфт, шеваи муҳокимаи парвандааш ӯро сахт ноумед кард ва дигар шикоят бурдан ҳатто ба Додгоҳи олиро як кори беҳуда медонад.