ҲАЛОКАТИ РОНАНДАИ 32-СОЛА ДАР КИЛОМЕТРИ 190-УМИ РОҲИ ДУШАНБЕ – ХУҶАНД
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодддаи Тоҷикистон аз як садамаи марговар дар километри 190-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд хабар дод.
Бино ба иттилои ин ниҳод, рӯзи шанбе, 23 декабри соли 2023, тахминан соати 13:30, як мошини тамғаи Hyundai Elantra, ки аз ҷониби як сокини 32-солаи кӯчаи Ҳомидови шаҳри Хуҷанд идора мешуд, дар километри 189,9-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дучори садама шуд ва ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.
Ин мошин аз шаҳри Панҷакент ба самти шаҳри Хуҷанд дар ҳоли ҳаракат будааст, вале ронанда аз уҳдаи идораи мошин набаромадааст ва мошин канори роҳ чаппа шудааст. Бар асари ҷароҳати шадид ронанда ҷон бохтааст.
Мақомот сабаби садамаро таҳқиқ мекунанд.
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон қаблан хабар дода буд, ки соати шаши субҳи 21 декабри соли 2023, тақрибан дар як вақт дар ду садамаи пурқурбонӣ дар ноҳияи Ёвон дар ҷануби ҷумҳурӣ ва шаҳраки Ғафуров дар шимоли кишвар 6 нафар ба ҳалокат расидаанд. Дар Ёвон бар асари ба канали деҳаи Гулафшон чаппа шудани мошини “Мерседес” ронанда ва 3 мусофири ин мошин ҷон бохтанд. Дар Ғафуров як ҷавонзан бо фарзанди сесолааш зери чархи мошини роҳгузари низ тамғаи “Мерседес” ҳалок шудаанд.
Бино ба иттилои ВКД, субҳи 21-уми декабри соли 2023, тахминан соати 06:10, ронандаи мошини тамғаи Мерседес-Бенс, Шоимов Наимҷон Абдусатторович, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат аз самти маркази ноҳияи Ёвон ба самти ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нав аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дохили канали обгузари деҳаи Гулафшон афтидааст. Дар натиҷа, ронанда Шоимов Н.А. ва 3 мусофираш: Кӯканов Сурӯш Икромиддинович, соли таваллудаш 2003, Саъдуллоева Мавлуда Тӯрахоновна, соли таваллудаш 1979 ва Шодиева Гулбаҳор Тиллоевна, соли таваллудаш 1974, сокинони ҳамин ноҳия, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Тақрибан ҳамзамон, субҳи 21-уми декабри соли 2023, тахминан соати 06:05, ронандаи мошини тамғаи «Мерседес-Бенс», Шарипов Музаффар Ибодуллоевич, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди «Хуҷанд-Б.Ғафуров» дар ҳудуди шаҳраки Ғафуров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Солиева Моҳира Мансуровна, соли таваллудаш 1990 ва фарзанди хурдсолаш Аҳмадзода Ойиша, соли таваллудаш 2020, сокинони ҳамин ноҳияро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард Солиева М.М. ва хурдсол Аҳмадзода О. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговараш пурхатар дониста мешаванд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин омори ВКД, танҳо дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Муттассифона, даҳҳо тан аз ин қурбониёни садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон кӯдакону наврасонанд, ки аксараш зери чархи мошинҳои раҳгузар ҷон медиҳанд.