ДУ ҒОРАТГАРӢ ДАР БОЗОРИ ВАҲДАТ ВА МАҲАЛЛАИ 34-УМИ ХУҶАНД
Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 25 декабри соли 2023
Ошкор шудани ду ҳолати ғоратгарӣ
Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат аризаи марди 35-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст, ки 23-юми декабри соли 2023, тахминан соати 17:30-дақиқа, ҳангоми дар назди бозори шаҳри Ваҳдат қарор доштанаш, шахси номаълум ӯро лату кӯб намуда, аз ҷайбаш 2 ҳазор сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг»-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Маблағи умумии зарари расонидашуда 2 ҳазору 120 сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини ҳамин шаҳр бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 248, қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати марди 38-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ки пеш бо моддаи 247 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, оғоз карда шуд.
Гумонбаршаванда субҳи 18-уми декабри соли 2023, тахминан соати 06:00, дар ҳудуди маҳаллаи 34-ум ҳамроҳ бо шахси ба тафтишот номаълум, дар ҳолати мастӣ марди 35-солаи сокини шаҳри Гулистонро лату кӯб намуда, ошкоро бо истифодаи зӯроварӣ аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг А32»-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 520 сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Ифшо шудани дуздии маҳсулоти сохтмонӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 41-солаи сокини шаҳри Хуҷанд шаби 21 ба 22-юми декабри соли 2023, тахминан соати 03:40-дақиқа, аз амборхонаи бинои сохтмони навбунёд, ки ба марди 31-солаи сокини шаҳри мазкур тааллуқ дорад, 1-адад таҷҳизоти сохтмонии лазерӣ ва 1-адад ҷадвали сохтмониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 3 ҳазору 200 сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо модаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.