ВидеоДин ва боварҳоМинтақа ва ҷаҳон

БОЗДОШТИ ЗОДАГОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР АВСТРИЯ ВА ОЛМОН БО ИТТИҲОМИ ТАЙЁРӢ БА ҲАМЛАҲОИ ТЕРРОРИСТӢ

Нирӯҳои амниятӣ ва пулиси Олмон, Австрия ва Испания рӯзи 23 декабри соли 2023 чанд нафарро бо гумони тайёрӣ ба ҳамлаҳои террористӣ дар шаҳрҳои Кёлни Олмон, Вена ва Мадрид, пойтахтҳои Австрия ва Испания дастгир карданд. Бино ба хабарҳо, чанд нафар дар минтақаи Оттакринги шаҳри Вена ва як нафари дигар дар устони Саар дар марзи Олмон бо Фаронсаву Люксембург боздошт шудаанд. Матбуоти Олмон хабар дод, ки ин афрод қасд доштаанд, ки ҳамлаҳои террористиро дар рӯзҳои Мавлуди Масеҳ ва Соли нав анҷом диҳанд.

Нашрияи олмонии  Bild am Sonntag бо такя ба манобеи худ хабар дод, ки дастгиршудаҳо ҳама зодагони Тоҷикистон буда, ҳамлаҳои худро мехостанд аз номи “ДОИШ- Хуросон”, яке аз шуъбаҳои созмони террористии ДОИШ, ки асосан дар Афғонистону Покистон амал мекунад, анҷом диҳанд.

Ба иттилои “Билд”, он зодаи Тоҷикистон, ки дар Олмон дастгир шуд, аз қабл ба мақомот ҳамчун ифротгаро маълум буд, вале ҳанӯз рӯшан нест, ки оё ӯ ба нақшаи амалҳои террористӣ даст дорад ё на?

Хабаргузории расмии Олмон DPA низ рӯзи 24 декабр бо такя ба манобеаш дар мақомоти амниятӣ хабар дод, ки  афроде, ки қасди ҳамла ба калисои ҷомеи шаҳри Кёлнро доштанд, метавонанд бо созмони “ДОИШ- Хуросон” рабт дошта бошанд.

Қаблан пойгоҳи хабарии олмонии Focus-online  хабар дод, ки ҳадафи ҳамлагарон метавонистанд мардуме шаванд, ки барои намози рӯзи Мавлуди Исои Масеҳ дар калисоҳои ҷомеи Кёлн, Вена ва Мадрид ҷамъ меоянд. Дохил ва атрофи калисои ҷомеи Кёлнро бо ҷалби сагони бӯгир тафтиш кардаанд, вале маводи тарканда пайдо накардаанд.

Бо ин вуҷуд, бино ба хабарҳо, барои пешгирӣ аз ҳамлаи эҳтимолӣ дар рӯзҳои Мавлуди Масеҳ ва Соли нав дар калисо шумори зиёди нирӯҳои амниятӣ ҳамаро саросар тафтиш хоҳанд кард.

Раҳбари пулиси криминалии Кёлн Михаэл Эссер гуфт: “Чораҳои амниятӣ аз шоми 23 декабр шадид карда шуданд. Баъди намози ид калисоро сагҳои бӯгир тафтиш мекунанд ва сипас мебанданд. Субҳи дигар ҳамаи намозгузоронро пеш аз даромадан ба калисо тафтиш хоҳанд кард”.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи пойгоҳи хабарии “Бомдод” дар ҷамъияти тоҷикони муқими Олмон гуфт, хатари ин тоҷикҳои доишӣ як каме аз будаш бузургтар нишон дода мешавад.

Ин ҳамсуҳбати “Бомдод” гуфт: “Тоҷикҳои узви ДОИШ баъди саркӯб шудани ин гуруҳ дар Сурияву Ироқ аксаран ба Украина паноҳ бурда буданд. Баъди оғози ҳамлаи Русия ба Украина, инҳо бо истифода аз фурсат ба суррати оммавӣ ба Аврупо омаданд. Вале фикр накунам, ки инҳо хатари ҷиддӣ дошта бошанд. Аз ҳад зиёд мелақанд ва худро хеле хатарноку муҳим нишон доданӣ мешаванд, вале дар асл чизе аз дасташон намеояд. Инҳо аксаран ҷавонони роҳгумкардаеянд, ки намедонанд, худро ба кадом соҳил бизананд”.

Ӯ аз парвандаи пурсарусадои 5 тоҷике ёдовар шуд, ки ду сол пеш дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон низ бо иттиҳоми омодагӣ ба анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дастгир шуданд. Ба иттилои ҳамсуҳбати “Бомдод”, ин парванда дар ниҳоят пош хӯрд ва ба ҷуз аз ду раҳбари он гуруҳ бақия ҳукмҳои сабук гирифта, хеле зуд аз Олмон ба Тоҷикистон депортатсия карда шуданд.

 “ДОИШ- Хуросон” ба номи давлати бузурги бостонии Хуросон, ки дар густураи бузурге аз Осиёи Марказӣ то Осиёи ҷанубӣ доман густурда буд, номгузорӣ шудааст. “Хуросон” дар харитаи имрӯзаи ДОИШ низ қаламрави бузургер– аз Афғонистону Покистон ва устонҳои  шимолушарқии Эрон то кишварҳои имрӯзаи Осиёи Миёна ва вилоятҳои умдатан мусулмоннишини шимолуғарби Хитойро дар бар мегирад.

Баъди саркӯби муҳраи асосии ДОИШ дар Ироқу Сурия ва шуъбаҳояш дар қораи Африқо ва нимҷазираи Арабистон,  “ДОИШ- Хуросон” дар ҳоли ҳозир фаъолтарин бахши ДОИШ дар саросари ҷаҳон ба шумор меравад. Ҷангиёни он дар Афғонистон ба зидди гуруҳи дигари тундрави Толибон, ки соли 2021 ҳукуматро дар ин кишвари ҷангзада ғасб карданд, меҷанганд ва барои ба Осиёи Марказӣ густариш додани доманаи фаъолиятҳояшон заминаву пойгоҳ тайёр мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, Коршиноси масоили сиёсии минтақа ва ҷаҳон гуяд:

    Баъди пирӯзии толибон исломофобия дар аврупо ва ҷаҳон авҷ гирифт. Ду солу чор моҳ мешавад, ки толибонро на ҳамсоякишварҳо, на кишварҳои мусалмоннишин, на дигар кишварҳову созмонҳо ба расмият намешиносанд. Ҳатто, Қатар ки манфиатдор аст ва миёнарави музокироти байниафғонию байналмиллалӣ аст ва қаблан ҳам толибонро ба расмият шинохта буд. Покистон беш аз 3-миллион паноҳҷӯ ва гурезаи афғонро аз хоки худ “бадарға” (депорт) кард.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button