ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

6 КУШТА ВА 3 ЗАХМӢ ДАР 4 САДАМАИ РӮЗҲОИ ИСТИРОҲАТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки дар 4 садамаи рӯзҳои истироҳат дар роҳҳои ҷумҳурӣ дастикам 6 нафар ба ҳалокат расида, 3 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд. Аз ҷумла шоми 22 декабри соли 2023 дар ноҳияи Кӯшониён дар натиҷа ба дарё чаппа шудани мошини  “Опел-Астра” се мусофири ин мошин ҷон бохтаанд. Рӯзи 23 декабр бошад дар асари бархӯрди се мошини “Мерседес”, “Ҳундай-Старекс” ва “Опел-Астра” дар ноҳияи Рӯдакӣ як зани мусофири “Старекс” ба ҳалокат расида, се мусофири дигари ин мошинҳо ҷароҳат бардоштаанд. Ҳамин тавр,  як ронанда бар асари чаппа шудани мошинаш дар роҳи Душанбе Хуҷанд ва як марди шастсолаи пиёдагард дар ноҳияи Ғафуров зери чархи мошини роҳгузари “Опел” ҷон додаанд.

Бино ба иттилои ВКД, шоми 22-юми декабри соли 2023, тахминан соати 19:00, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, Салимов Акбар Гулович, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Навобод ба самти маркази ноҳияи Кӯшониён аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро ба дохили дарёи обгузар чаппа кардааст.
Дар натиҷа, мусофирони дохили автомашина, Зиёев Азамат Сафарович, соли таваллудаш 1988, Муҳсиддинов Зайниддин Нуриддинович, соли таваллудаш 1988 ва Султонов Маъруфхон Муртазоевич, соли таваллудаш 1998, сокинони ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Ҳамчунин 23-юми декабри соли 2023, тахминан соати 11:10, ронандаи мошини тамғаи «Мерседес», Давлатов Муҳаммадшариф Бегиҷонович, соли таваллудаш 2002, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди маҳаллаи Машъал аз тарафи ноҳияи Рӯдакб ба самти кӯчаи Қаҳҳоров, ҳангоми расидан дар рӯ ба рӯи бинои истиқоматии кӯчаи Машъал ба мошини тамғаи «Ҳундай-Старекс» бархӯрдааст.Баъдан мошини тамғаи «Ҳундай-Старекс» ба мошини тамғаи «Опел-Астра», ки аз самти муқобил дар роҳи худаш ҳаракат мекард, бармехӯрад.
Дар натиҷа, мусофири дохили «Ҳундай-Старекс», Раҳимова Хосият, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Рӯдакӣ дар беморхона ба ҳалокат расида, 3 нафар мусофирони автомашинаҳои мазкур ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.


Боз ҳам рӯзи 23-юми декабри соли 2023, тахминан соати 13:30 ронандаи мошини тамғаи «Ҳундай-Аванте», Мираватов Фарҳодҷон Мусобекович, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”, аз самти шаҳри Панҷакент ба самти шаҳри Хуҷанд, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар км 189,9-уми роҳ ба канори чапи роҳ баромада, мошинро чаппа намудааст. Дар натиҷа, худи ронанда Мираватов Ф.М. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Субҳи 24-уми декабри соли 2023, тахминан соати 07:30-дақиқа, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», Шарипов Эркин Эҳсонович, соли таваллудаш 1974, сокини ноҳияи Б.Ғафуров ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Б.Ғафуров-Хуҷанд», дар рӯ ба рӯи мағозаи «Нурбахш» аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Каримов Толиб Азимович, соли таваллудаш 1963, сокини ноҳияи Б.Ғафуровро пахш намудааст.Дар натиҷа, пиёдагард Каримов Т.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговараш пурхатар дониста мешаванд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин омори ВКД, танҳо дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Муттассифона, даҳҳо тан аз ин қурбониёни садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон кӯдакону наврасонанд, ки аксараш зери чархи мошинҳои раҳгузар ҷон медиҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button