ДОДГОҲИ ӮЗБЕКИСТОН ҲОМИИ ҲУҚУҚИ ТОҶИКОНИ САМАРҚАНД АМИНА ШАРОФИДДИНОВАРО 23 МИЛЛИОН СӮМ ҶАРИМА БАСТ (ВИДЕО)

Додгоҳи парвандаҳои ҷиноятии ноҳияи Самарқанди Ӯзбекистон рӯзи 22 декабри соли 2023 Амина Шарофиддинова, омӯзгор, муҳаққиқ ва фаъоли тоҷики муқими Самарқандро, ки барои ҳифзи забону фарҳанги тоҷикӣ дар Самарқанд мубориза мебарад, ба маблағи 23 миллион сӯм (баробари тақрибан 1850 доллар) ҷарима баст.
Тавре ки худи Амина Шарофиддинова билофосила баъди мурофиаи додгоҳӣ дар як видео хабар дод, ки додгоҳ ин ҳоисии ҳуқуқро бар асоси моддаи 184, иловаи 4 Кодекси қонуншиканиҳои маъмурии Ӯзбекистон дар таҳия, нигоҳдорӣ ё паҳн кардани маводе, ки низои миллӣ, нажодӣ, қавмӣ ваё диниро тарғиб мекунанд, гунаҳкор шинохта, ба маблағи баробари 80 маоши ҳадди ақал ҷарима бастааст. 80 маоши ҳадди ақал дар Ӯзбекистон тибқи қурби имрӯза чизе бештар аз 23 миллион сӯмро ташкил медиҳад.
Амина Шарофиддинова мегӯяд, бо вуҷуди ба чунин маблағи бузург ҷарима баста шуданаш, ӯ то ҳол намедонад, ки ӯро барои чӣ ҷазо додаанд? Аммо ӯ ба онҳое, ки ба нишони ҳимоят аз ӯ ба додгоҳ омаданд, изҳори сипос кард.
Амина Шарофиддинова гуфт: “Маро барои кадом як суханонам, ки гӯё мухолифи сиёсат ва идеологияи ҳукумат будаанд, ҷазо доданд. Вале ман ҳеҷ нафаҳмидам, ки чӣ кори хато кардаам? Ман гуфта наметавонам, ки фармоишгари ин парванда ба зидди ман кӣ буд ва кӣ аз ҷазо додани ман хеле хурсанд шуд? Вале ман дар додгоҳ ҳис кардам, ки одамоне будаанд, ки қалбашон барои адолат метапад ва онҳо барои қонуният мубориза мебаранд. Ман аз ҳамаи онҳое, ки дар инҷо дар “меҳмонӣ” будани маро фаҳмида, барои ҳимоятам ба додгоҳ омаданд. Инҷо мардуми зиёде омада буд ва онҳо нафақат барои ҳимоят аз ман, балки барои ҳимоят аз ҳамаи мо ва барои ҳимоят аз муборизаи мо инҷо омада буданд”.
Журналист ва ҳомии ҳуқуқ Баҳодур Ҳасанов, ки дар ин видео дар канори Амина Шарофиддинова истода буд, изхҳор дошт, ки ӯро барои озодии баён ҷазо додаанд. Баҳодур Ҳасанов муҷозоти омӯзгори тоҷикро кинояомез “туҳфаи солинавӣ барои ӯ” номид ва итминон дод, ки шуъбаи самарқандии ҷамъияти ҳимояти ҳуқуқи инсони Ӯзбекистон “Эзгулик” дар паҳлуи Амина Шарофиддинова хоҳад истод ва аз ҳаққи ӯ ҳимоят хоҳад кард.
Амина Шарофиддинова соли 1963 дар деҳаи Гулбоғи ноҳияи Самарқанд ба дунё омада, соли 1980 мактаби миёнаи рақами 95и ноҳияи Самарқандро бо медали тилло ва соли 1984 риштаи забон ва адабиёти тоҷики донишкадаи омӯзгории Самарқанд ба номи Садриддин Айниро бо дипломи боимтиёз ба итмом расондааст. Вай соли 1984 фаъолияти омӯзгориро дар мактаби рақами 47и ноҳияи Самарқанд оғоз карда, инак, қариб 40 сол собиқаи омӯзгорӣ дорад.
Амина Шарофиддинова муаллифи китоби забони тоҷикӣ барои синфи 7, якчанд дастурҳои таълимӣ оид ба таълиму тадриси забони форс-тоҷик ва беш аз 50 мақолаи илмию публисистист. Рисолаи номзадии Амина Шарофиддинова дар мавзӯи «Хусусиятҳои лексикӣ-семантикӣ ва услубии воҳидҳои фразеологии романи «Ғуломон»-и Садриддин Айнӣ» алакай таълиф гардида, дар арафаи дифоъ қарор дорад.
Амина Шарофиддинова ҳамчунин барои муборизаҳояш барои ҳифзи забону фарҳанги тоҷикӣ дар Самарқанд, афзоиши синфҳову мактабҳо ба забони тоҷикӣ ва зиёд кардани шуъбаҳо бо забони тоҷикӣ дар мактабҳои олии Ӯзбекистон, аз ҷумла дар донишкадаву донишгоҳҳои Самарқанд ном баровардааст.
Бисёриҳо бар инанд, ки ин фаъоли тоҷики самарқандиро маҳз барои муборизааш барои ҳифз ва рушди забону фарҳанги тоҷикӣ дар Самарқанд, ки дар баробари Бухоро аз гаҳвораҳои тамаддуни чандҳазорсолаи мардуми тоҷик эътироф шудаанд, ҷазо додаанд.