АМИНА ШАРОФИДДИНОВАРО БАРОИ СУХАНОНАШ ДАР БОРАИ КАМ ШУДАНИ ШУДАНИ ШУМОРАИ МАКТАБҲОИ ТОҶИКӢ ДАР ӮЗБЕКИСТОН ҶАРИМА БАСТААНД (ВИДЕО)

Бино ба иттилои дарёфтӣ, додгоҳи парвандаҳои ҷиноятии ноҳияи Самарқанди Ӯзбекистон рӯзи 22 декабри соли 2023 Амина Шарофиддинова, омӯзгор, муҳаққиқ ва фаъоли тоҷикро, ки барои ҳифзи забону фарҳанги тоҷикӣ дар Самарқанд мубориза мебарад, барои суханонаш дар филми мустанади “Гурдофариди фарҳангӣ” дар бораи кам шудани шумораи мактабҳои тоҷикӣ дар Ӯзбекистон ба маблағи беш аз 23 миллион сӯм, ё наздики 2 ҳазор доллар ҷарима бастааст .
Филми мустанади “Гурдофариди фарҳангӣ” се моҳ қабл аз ҷониби журналистон Шервони Умриддин ва Одили Нозир барои канали PRESSA TJ ба муносибати 60-солагии Амина Шарофиддинова таҳия шуда буд. Гурдофарид исми як зани қаҳрамони “Шоҳнома” аст, ки дар тасвири Фирдавсӣ, дар майдони ҷанг баробари мардон меҷангид, ва аз ягон паҳлавони мард кам намеомад.
Дар додгоҳ додрас Амина Шарофиддиноваро айбдор кардааст, ки гӯё дар ин филм гуфта бошад, ки дар Ӯзбекистон ба рушди фарҳангу забони тоҷикӣ имкон намедиҳанд ва шумораи мактабҳову синфҳои тоҷикӣ ба маротиб кам шудааст.
Амина Шарофиддинова билофосила баъди мурофиаи додгоҳӣ дар як видео хабар дод, ки додгоҳ ӯро бар асоси моддаи 184, иловаи 4 Кодекси қонуншиканиҳои маъмурии Ӯзбекистон дар таҳия, нигоҳдорӣ ё паҳн кардани маводе, ки низои миллӣ, нажодӣ, қавмӣ ваё диниро тарғиб мекунанд, гунаҳкор шинохта, ба маблағи беш аз 23 миллион сӯм ҷарима бастааст.
Амина Шарофиддинова ба онҳое, ки ба нишони ҳимоят аз ӯ ба додгоҳ омаданд, изҳори сипос кард ва гуфт: “Маро барои кадом як суханонам, ки гӯё мухолифи сиёсат ва идеологияи ҳукумат будаанд, ҷазо доданд. Вале ман ҳеҷ нафаҳмидам, ки чӣ кори хато кардаам? Ман гуфта наметавонам, ки фармоишгари ин парванда ба зидди ман кӣ буд ва кӣ аз ҷазо додани ман хеле хурсанд шуд? Вале ман дар додгоҳ ҳис кардам, ки одамоне будаанд, ки қалбашон барои адолат метапад ва онҳо барои қонуният мубориза мебаранд. Ман аз ҳамаи онҳое, ки дар инҷо дар “меҳмонӣ” будани маро фаҳмида, барои ҳимоятам ба додгоҳ омаданд. Инҷо мардуми зиёде омада буд ва онҳо нафақат барои ҳимоят аз ман, балки барои ҳимоят аз ҳамаи мо ва барои ҳимоят аз муборизаи мо инҷо омада буданд”.
Амина Шарофиддинова соли 1963 дар деҳаи Гулбоғи ноҳияи Самарқанд ба дунё омада, соли 1980 мактаби миёнаи рақами 95и ноҳияи Самарқандро бо медали тилло ва соли 1984 риштаи забон ва адабиёти тоҷики донишкадаи омӯзгории Самарқанд ба номи Садриддин Айниро бо дипломи боимтиёз ба итмом расондааст. Вай соли 1984 фаъолияти омӯзгориро дар мактаби рақами 47и ноҳияи Самарқанд оғоз карда, инак, қариб 40 сол собиқаи омӯзгорӣ дорад.
Амина Шарофиддинова муаллифи китоби забони тоҷикӣ барои синфи 7, якчанд дастурҳои таълимӣ оид ба таълиму тадриси забони форс-тоҷик ва беш аз 50 мақолаи илмию публисистист. Рисолаи номзадии Амина Шарофиддинова дар мавзӯи «Хусусиятҳои лексикӣ-семантикӣ ва услубии воҳидҳои фразеологии романи «Ғуломон»-и Садриддин Айнӣ» алакай таълиф гардида, дар арафаи дифоъ қарор дорад.
Амина Шарофиддинова ҳамчунин барои муборизаҳояш барои ҳифзи забону фарҳанги тоҷикӣ дар Самарқанд, афзоиши синфҳову мактабҳо ба забони тоҷикӣ ва зиёд кардани шуъбаҳо бо забони тоҷикӣ дар мактабҳои олии Ӯзбекистон, аз ҷумла дар донишкадаву донишгоҳҳои Самарқанд ном баровардааст.
Бисёриҳо бар инанд, ки ин фаъоли тоҷики самарқандиро маҳз барои муборизааш барои ҳифз ва рушди забону фарҳанги тоҷикӣ дар Самарқанд, ки дар баробари Бухоро аз гаҳвораҳои тамаддуни чандҳазорсолаи мардуми тоҷик эътироф шудаанд, ҷазо додаанд.


