ДАР ИСТАРАВШАН ЯК ҶАВОНЗАН БО РОҲИ ШАНTАЖ АЗ ЯК МАРД 15 ҲАЗОР ГИРИФТААСТ

Дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд як ҷавонзани 31-соларо ба тамаъҷӯӣ бо роҳи иръоб (шантаж) айбдор мекунанд. Бино ба фарзияи тафтишот, ин ҷавонзан ошиқи собиқашро мавриди шантаж қарор дода, бо таҳдиди ифшои маълумоти бадномкунанда аз ин марди 42-солаи сокини сокини Истаравшан 15 ҳазор сомонӣ талаб карда, гирифтааст.
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 23 декабри соли 2023 хабар дод, ки зимни баргузор намудани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки зани 31-солаи сокини шаҳри Истаравшан аз аввалҳои моҳи июни соли 2023 то инҷониб марди 42-солаи сокини шаҳри мазкурро тавассути телефони мобилӣ ва барномаи интернетии «Ватсап» мунтазам таҳдид кардааст, инчунин тариқи паёмакҳои телефонӣ бо баҳонаи ошкор ва паҳн намудани муносибати наздик ва маҳрамонаи қаблан дар байнашон мавҷудбуда навиштаҷоти таҳқиромези таҳдидкунанда ирсол карда, моҳи июни соли 2023 дар худуди шаҳри Истаравшан аз ҷабрдида маблағи 15 ҳазор сомониро бо роҳи тамаъҷӯӣ талаб карда гирифтааст.
Худи ин ҷавонзан ё наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд. ВКД гуфт, нисбат ба гумонбаршаванда бар асоси моддаи 250 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Дар Тоҷикистон вақтҳои охир дар бораи бо таҳдиди ифшои маълумоти беобрӯкунанда пул талаб кардани афроди тамаъҷӯ хабарҳо зиёд ба даст мерасанд. Аммо дар аксари ҳолатҳо мардон барои талаби пул аз занон бо роҳи иръоб (шантаж) ба даст меафтоданд ва ин тамаъҷӯиҳо низ асосан дар заминаи таҳдиди ифшои аксу видеоҳои урёни маъшуқаҳои собиқашон сурат мегирифт.
Аммо аз мард бо роҳи иръоб (шантаж) пул талаб кардани маъшуқаи собиқаш, ки дар Истаравшан рух дод, ҳодисаи ба сари худ хеле нодиру ангуштшумор аст.
Қонунгузории Тоҷикистон тамаъҷӯиро ҳамчун талаби додани молу мулки ғайр ё ҳуқуқ ба молу мулк ё содир намудани дигар кирдори марбут ба пулу мол бо таҳдиди ифшои маълумоти беобрӯкунанда (бадномкунанда) нисбат ба ҷабрдида ё наздикони ӯ, ошкор кардани чунин маълумот оид ба ҳолатҳое, ки ҷабрдида мехоҳад онро пинҳон дорад, ҳамчунин бо таҳдиди истифодаи зӯроварӣ нисбат ба ӯ ё наздикони ӯ ё бо таҳдиди несту нобуд, вайрон кардани молу мулки ғайр таъбир мекунад.
Қисми якуми моддаи 250 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои чунин аъмол ҳамчун ҷазо аз 5 то 10 соли зиндонро муқаррар кардааст. Барои ҳолатҳои вазнинтари тамаъҷӯӣ ду қисми дигари ин модда алакай аз 10 то 20 соли зиндонро ҳамчун ҷазо муқаррар кардаанд.

