Хабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ДУЗДИ КИСАБУР АЗ НОҲИЯИ ВАХШ ДАР БОЗОРИ ШАҲРИ БӮСТОН

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 23 декабри соли 2023

Дастгир гардидани марди 40-сола бо ҷурми дуздӣ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини ноҳияи Вахш, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.

Гумонбаршаванда, 13-уми декабри соли 2023, тахминан соати 10:50-дақиқа, дар ҳудуди бозори «Камоли Хуҷандӣ»-и шаҳри Бӯстон аз нуқтаи савдои марди 56-солаи сокини шаҳри Хуҷанд 1-адад сумкаи занона, ки дар дохилаш 10 ҳазор сомонӣ, 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг А50»-ро, ки арзишаш 3 ҳазору 500 сомонӣ буд, дуздидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button