ВидеоМуҳоҷиронҲодисаҶомеа

ВИДЕО АЗ ДОДГОҲ: ДАР ХАБАРОВСК ЯК ТОҶИК БАРОДАРАШРО КУШТ. БАҲСИ ОНҲО БАР САРИ ИН БУД, КИ ПАДАРУ МОДАР КАДОМАШОНРО БЕШТАР ДӮСТ МЕДОШТАНД?

Додгоҳи шаҳри Хабаровск дар минтақаи Шарқи дури Русия як марди 34-солаи зодаи Тоҷикистон бо ҷурми куштани бародари худаш бар асоси қисми аввали моддаи 105 Кодекси ҷиноятии Русия (одамкушӣ) ба 12 солу 11 моҳи зиндони низомаш сангин маҳкум кард.

Худи маҳкумшуда ваё наздикону адвокаташ барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале додситонии кишвари Хабаровск рӯзи 20 декабри соли 2023 дар каналаш дар шабакаи Телеграм- хабар дод, ки моҳи декабри соли 2022 “дар ҷараёни истеъмоли машрубот дар ҷои хобашон дар кӯчаи Сисоев байни бародарон муноқиша бархостааст. Яке аз онҳо ба қисмҳои гуногуни бадани дуюмӣ бо болға на камтар аз 60 зарба зада, сипас бо корд ба гарданаш зарба задааст ва дар ниҳоят ба баданаш сими барқ мондааст. Дар натиҷа марди 34-сола дар ҷои ҳодиса ҷон додааст”.

Бино ба фарзияи тафтишот, баъди куштани бародараш, ки аз вай як сол калонтар буд,  маҳкумшуда посбони сохтмонро ҷеғ зада, ба вай гуфтааст, ки гӯё бародараш “худаш ба бадани худаш ин зарбаҳоро зада, худро куштааст”.

Додситонии Хабаровск дар иттилоияаш маҳкумшударо танҳо “шаҳрванди хориҷӣ” номид, вале Телеграм-канали Аmur Мash бо такя ба манобеаш хабар дод, ки маҳкумшуда зодаи Тоҷикистон буда, бародарашро бо чунин шеваи бераҳмона ба сабаби рашк ба муҳаббати падару модарашон куштааст. Бино ба иттилои “Амур Мэш”, бародарон ба Русия ба мардикорӣ омада, дар як сохтмон дар маҳаллаи Строители шаҳри Хабаровск кор мекарданд ва дар як вагонча зиндагӣ доштанд.

Моҳи декабри соли 2023, баъди анҷоми кор ҳарду бародар машрубот харида, хони зиёфат оростаанд. Ҳангоми нӯшонӯш байни онҳо бар сари ин, ки оё дар давраи кӯдакӣ падару модарашон кадоми онҳоро бештар дӯст медошт?,  ҷанҷол хестааст.

Дар ҷараёни муноқиша, бародари хурдӣ болғаро гирифта, бародарашро 60 зарба задааст ва сипас бо корду сими барқ кори ӯро тамом кардааст. Дар мурофиаи додгоҳӣ ӯ иддао кардааст, ки гӯё он шаб бемории саръ ё эпилепсияи бародараш хуруҷ кардва гӯё ӯ худаш худашро зада-зада кушт, вале ба ин суханони вай касе бовар накард.

Модари онҳо низ гуфтааст, ки ин ду фарзандаш аз кӯдакӣ доим бо якдигар ҷанҷол мекарданд, вале ахиран оштӣ шуданд ва ҳамроҳ ба мардикорӣ рафтанд.

Дар маҳбасҳои Русия беш аз 7 ҳазор аз зодагони Тоҷикистон адои ҳукм мекунанд. Онҳо бо ҷурмҳои гуногун ба пушти панҷара рафтаанд. Як қисмати аъзами маҳбусони тоҷик дар зиндонҳои Русия барои ҷиноятҳои марбут ба қонунҳои муҳоҷират, аз ҷумла барои тақаллуби аснод, ғайриқонунӣ убур кардани марзи Русия ва амсоли ин зиндонӣ шудаанд. Як қисмати дигар барои ҷиноятҳои марбут ба қочоқу фурӯши маводи мухаддир ба кунҷи зиндон афтодаанд. Даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар Русия барои садамаҳои маргбор ё дуздиву дигар ҷиноятҳои хурду реза маҳкум шудаанд, вале онҳое низ ҳастанд, ки барои даст доштан дар ҷиноятҳои сангин, аз ҷумла барои ғоратгариву роҳзанӣ ва одамкушӣ зиндонӣ шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button