ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУЗДИИ “СКУТЕР” ВА МУСОДИРАИ 30 ҚУТТӢ “ХЛОПУШКА”

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 22 декабри соли 2023

Ошкор шудани дуздии “Скутер”

512

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини шаҳри Бохтар бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.

Номбурда шаби 20-уми декабри соли 2023, тахминан соати 00:40, аз кӯчаи Дӯстии халқҳо дучархаи тамғаи ”Скутер”-и марди 45-солаи сокини ноҳияи Восеъро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 3 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Фурӯшандаи маводи тарфгарӣ дастгир гардид

407

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки ба фурӯши маводи тарфгарии навъи «Треня» машғул мебошад, дастгир карда шуд.

Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз номбурда 30 қуттии маводи тарфгарӣ дарёфт ва гирифта шуд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Барои маълумот: Дар Тоҷикистон аз соли 2008 воридот, хариду фурӯш ва истеҳсолу паҳн намудани маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ, ё хлопушка) манъ карда шуда, дар Кодекси ҷиноятии ҷумҳурӣ моддаи махсуси 199, иловаи 1 илҳоқ шудааст. Ин банди қонун ҳамчун ҷазо  барои воридоту нигаҳдорӣ ва фурӯши “хлопушка” аз ҷарима ба андозаи аз 100 то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли 2023 баробари 64 сомонист ва аз соли оянда ба 72 сомонӣ мерасад) то ҳукми зиндон ба муҳлати аз як то ду солро пешбинӣ мекунад.

Ҳар сол дар арафаи Соли нави мелодӣ, бавижа дар моҳи декабр мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар бораи боздошти даҳҳо нафар бо иттиҳоми ғайриқонунӣ ворид кардану ба фурӯш гузоштани маводи тарфгарӣ  ва мусодираи садҳо ҳазор “хлопушка” хабар медиҳанд. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button