3 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: МОШИНИ СОКИНИ НУРОБОДРО АЗ ДАРЁ ЁФТАНД, ҶУСТУҶӮИ ХУДАШ ИДОМА ДОРАД…

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо нашри се акс аз ҷои ҳодиса хабар дод, ки дар ноҳияи Нуробод як мошини тамғаи Nexia, ки тахминан рӯзҳои 11-12 декабри соли 2023 ҳамроҳи ронандааш бенишон шуда буд, пайдо карда шуда ва аз даруни дарё берун оварда шуд.
Ин мошин ба як сокини 30-солаи шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод тааллуқ дошт ва наздикони ин сокини Нуробод чанд рӯз боз дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ғайб задани ӯ дар роҳи сафар аз самти Душанбе ба тарафи зодгоҳаш хабар дода, аз ҳама барои ҷустуҷӯи ӯ кумак мехостанд. Касе намедонист, ки бо ӯ чӣ шуда бошад? Танҳо тахмин мерафт, ки шояд дар дарё ғарқ шуда бошад.
Мутаассифона, ин тахмин рост баромад.
Дар пайи роҳандозии як силсила амалиёти ҷустуҷӯӣ билохира соати 17:30 дақиқаи рӯзи 19 декабр ин мошинро пайдо карда, аз даруни дарё берун оварданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, ронанда дар даруни мошин набуд. Корҳои ҷустуҷӯӣ барои пайдо кардани ронанда идома дорад.
Роҳи пурпечутоби тарафи кӯҳистони водии Рашт, аз ҷумла роҳи Нуробод баъди Файзод қад-қади дарёи Сурхоб, ки баъди ба он рехтани рӯди Хингоб Вахш ном мегирад, мегузарад.
Ҳар сол бар асари ба ин дарё сарозер шудани мошинҳо даҳҳо ронандаву мусофир ҷони худро аз даст медиҳанд.
Дар гузашта роҳи асосии тарафи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ тавассути водии Рашт ва ағбаи пурхатари Хобуработ буд, вале баъди сохта шудани роҳи Кӯлоб – Кулма – Қароқурум равуо ба Бадахшон тавассути ин роҳи нав сурат мегирад.


