ВидеоМуҳоҷиронТиб ва беҳдошт/Муҳити зистҲодиса

СОАТИ ЯКИ ШАБ БУД ВА ҲАВО – ХЕЛЕ САРД… НАҶОТИ 60 МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР РОҲИ БОЗГАШТ АЗ РУСИЯ (ВИДЕО)

Кормандони пулиси вилояти Қарағанда дар қисмати марказии Қазоқистон шаби 20 декабри соли 2023 дар шоҳроҳи Екатеринбург – Алма-Ато аз як автобуси шикаста 60 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки аз шаҳри Екатеринбурги Русия ба Ватан бармегаштанд, наҷот додаанд. Дар ин бора дар каналаш дар Ютуб Политсия.Кз, сомонаи расмии пулиси Қазоқистон хабар дод.

Бино ба иттилои ин ниҳод, шаби 19 ба 20 декабр ду афсари баталйони пулиси роҳи вилояти Қарағанда Серик Ермеков ва Саломат Қобилғозӣ дар шоҳроҳи Екатеринбург – Алма-Ато навбатдорӣ мекарданд. Соати яки шаб ба онҳо хабар расид, ки дар километри 690-ум як автобуси мусофиркаш вайрон шудааст. Кормандони пулис алакай баъди 10 дақиқа ба ҷои ҳодиса расиданд. Баъди чанд лаҳза гуруҳи дуюми кормандони пулис Руслан Қосимбеков ва Амонбой Толеъҷон низ ба онҷо омаданд.

Серик Ермеков дар шарҳи ин ҳодиса гуфт:  “Маълум шуд, ки ин автобус бо 2 ронанда ва 60 мусофир, ки ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон буданд, аз Русия ба тарафи ҷануб мерафтааст. Вале дар қитъаи роҳи байни шаҳраки Оқшатау ва шаҳри Балхаш тири ақиби автобус (задняя ось) шикастааст ва автобус дигар ҳаракат карда натавонистааст. Хушбахтона, муҳаррики мошин бидуни каму кост кор мекард ва аз ин рӯ, дохили автобус гарм буд. Вале сӯзишвории автобус дер ё зуд тамом мешуд. Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, ки ҳамаи хориҷиҳоро аз инҷо ба наздиктарин нуқтаи аҳолинишин – шаҳри Балхаш интиқол диҳем”.

Албатта, интиқоли 60 нафар кори осон набуд. Кормандони пулис мошинҳои роҳгузари чӣ боркашу чӣ сабукравро манъ карда, ба ронандагон вазъиятро мефаҳмонданд ва хоҳиш мекарданд, ки ягон нафарро то Балхаш бирасонанд. Кормандони пулис мегӯянд, ягон кас ин хоҳишро рад накард ва ҳар мошине, ки аз роҳ мегузашт, ду ило се муҳоҷири тоҷикро бо худ гирифта, то Балхаш расонд.

Вақте дар роҳ 25 мусофири дигар боқӣ монда буд, як автобусе, ки ба тарафи Алма-Ато мерафт, манъ карда, ҳамаи ин мусофиронро гирифт. Кормандони пулис ин автобусро то шаҳри Балхаш ҳамроҳӣ карданд ва дар ин шаҳри воқеъ дар соҳили кӯли Балхаш ва дар тақрибан 380-километрии Қарағанда ҳамаи 60 муҳоҷири тоҷикро дар як қаҳвахона ҷамъ оварданд. Дар ин қаҳвахона онҳоро бо ғизо ва ҷои хоби гарм таъмин карданд ва дигар ба ҳаёту саломатии онҳо хатаре таҳдид намекард.

Гуфта мешавад, ки муҳоҷирони тоҷик барои ин кумак ба кормандони пулиси Қазоқистон изҳори сипос кардаанд.

Дар рӯзҳои охир, ки дар Русия ва Осиёи Марказӣ ҳавои сарди қаҳратун ҳукмфармост, ин алакай дастикам чорумин ҳодисаи дар ними роҳ ба иллати шикастани автобусҳояшон дармондани муҳоҷирони тоҷик аст.

Ин ҳодисаҳои ахири дар ними роҳ ба мушкилот дучор шудани муҳоҷирони тоҷик дар ҳолест, ки ин шабурӯз рӯзҳои авҷи мавсими аз Русия баргаштани муҳоҷирони корист. Ба сабаби гарон будани нархи чиптаи ҳавопаймо, ҳазорон нафар аз муҳоҷирон маҷбуранд, ки бо нақлиёти заминӣ ба Ватан баргарданд. Сафар бо автобус барои онҳо арзонтар тамом мешавад, вале хатарҳои зиёдеро дар роҳ, мисли вайрон шудани автобусу бо ҳар баҳона аз онҳо пул кандани мақомоти маҳаллӣ дар тӯли роҳи тӯлониашонро бо худ дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button