ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронҶанг дар Украина

ҚОДИРҶОН ҲАМАГӢ 32 СОЛ ДОШТ… БОЗ ЯК ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН ДАР УКРАИНА КУШТА ШУД

Рӯзи 21 декабри соли 2023 дар шаҳри Твери Русия, воқеъ дар 180-километри шимолуғарби пойтахти ин кишвар, шаҳри Маскав маросими дафни зодаи Тоҷикистон Қодирҷони Аминҷон доир мешавад. Қодирҷон ҳамагӣ 32 сол дошт ва дар Украина кушта шуд. Дар ин бора аз ширкати маҳаллии гӯручӯб “Вечная память” хабар доданд.

Дар бораи дар кадом қисмати Украина ва чӣ гуна кушта шудани Қодирҷони Аминҷон тафсилоте дода нашудааст ба ҷуз ин як ҷумлаи хушк ки: “Қодирҷони Аминҷон рӯзи 20 ноябри соли 2023 ҳангоми иҷрои вазифаҳои ҷангӣ дар ҷараёни амалиёти махсуси ҳарбӣ ба ҳалокат расид”. Мақомот ва матбуоти Русия ҷанги зидди Украинаро бо вуҷуди даҳҳо ҳазор куштаву садҳо ҳазор захмиаш  то ҳол сарсахтона “амалиёти махсуси ҳарбӣ” ном мебаранд,
Маросими видоъ бо Қодирҷони Аминҷон ва намози ҷанозаи ӯ субҳи 21 декабр, соати 10:00 дар масҷиди ҷомеи Твер баргузор мешавад. Маросими мотам ва дафни ин зодаи Тоҷикистон соати 11:15 дар қабристони Дмитрово-Черкасси доир мешавад. Гуфта мешавад, ки Қодирҷони Аминҷонро бо риояи қоидаҳои дафни афсарону сарбозон, аз ҷумла бо митинги хайрбодӣ ва шилликзанӣ ба хок месупоранд.

Бино ба иттилои расонаҳои вилояти Твер, танҳо тайи ду рӯзи охир дар ин вилоят се нафари дар ҷанги зидди Украина кушташударо ба хок месупоранд.

Рӯзи 20 декабр дар Андреапол, воқеъ дар тақрибан 300-километрии ғарби Твер Пётр Лебедевро ба хок супурданд. Дар ин бора маъмурияти ҳавзаи Андреапол хабар дод.

Рӯзи 21 декабр, дар як рӯз бо Қодирҷони Аминҷон, дар шаҳри Конаково, ки дар соҳили дарёи Волга, дар тақрибан 75-километрии шарқи Твер ҷойгир шудааст, маросими видоъ ва дафни Сергей Шугаев, ки низ дар Украина кушта шуд, баргузор мешавад. Маросими видоъ соати 10:00 дар қасри фарҳанги “Современник” дар Конаково доир шуда, сипас Шугаевро дар қабристони зодгоҳаш, деҳаи Свердлово, ки дар 18-километрии ҷануби Конаково ва низ дар соҳили Волга ҷойгир шудааст, ба хок месупоранд.

Қодирҷони Аминҷон 29 июли соли 1991 дар Тоҷикистон ба дунё омадааст. Ӯ қаблан дар пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия дар Тоҷикистон хидмат мекард ва чанд сол пеш ҳамроҳи аҳли хонаводааш ба Русия кӯчида, дар Твер муқим шуд. Дар пайи шурӯи ҷанги Русия ба зидди Украина Қодирҷони Аминҷонро низ ба минтақаи амалиёти ҷангӣ сафарбар карданд.

Аз оғози ҷанги зидди Украина дар ин ҷанг алакай се зодаи Тоҷикистон, ки дар вилояти Твер ба сар мебурданд, кушта шудаанд. Қабл аз Қодирҷони Аминҷон, дар Украина прапоршики аршад Комилҷон Ортиқов ва старшина Сергей Пономарёв ҷони худро аз даст доданд. Ортиқов ва Пономарёв низ қаблан дар пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон хидмат мекарданд ва ягон 10 сол қабл ба Твер кӯчида буданд.

Русия 24 феврали соли 2022 бо баҳонаи гӯё “ҳимоят аз аҳолии русзабони Донбасс” ба Украина ҳамла кард. Тайи 21 моҳи гузашта аз оғози ин ҷанг, ки мақомоти Русия онро ҳамчунон сарсахтона на ҷанг, балки “амалиёти махсуси ҳарбӣ” ном мебаранд, аз ҳарду тараф даҳҳо ҳазор нафар кушта шуда, тақрибан ним миллион одам захмӣ шуданд.

Дар байни кушташудагон даҳҳо тан аз зодагони Тоҷикистон низ ҳастанд, ки ба истиснои як ило ду нафар, аксарияти куллаш  аз тарафи Русия меҷангиданд. Бархеи онҳо тоҷиконеанд, ки дар саффи Қувваҳои мусаллаҳи Русия хидмат мекарданд. Бархеаш муҳоҷироне буданд, ки дар ивази ваъдаи маошу имтиёзҳои хуб, аз ҷумла ба осонӣ ба даст овардани шаҳрвандии Русия бо вазорати мудофиаи ин кишвар қарордод баста, ба ҷанг рафтанд.

Дар Украина то имрӯз беш аз 30 маҳбуси тоҷики зиндонҳои Русия низ кушта шудаанд. Ин маҳбусон ба ваъдаи озодии зудтар аз маҳбас дода шуда, бо ЧВК “Вагнер” ё вазорати мудофиаи Русия қарордод имзо карда, ба ҷанги зидди Украина рафта буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button