МК“: АЗ ҶОИ КОРИ ДУ КӮЧАРӮБИ ТОҶИК ДАР МАСКАВ БЕШ АЗ 9 КИЛО ҲЕРОИН ЁФТААНД
Ду муҳоҷир аз Тоҷикистон, ки дар шаҳри Маскав ба ҳайси кӯчарӯб (дворник) кор мекарданд, бо иттиҳоми дар ҷои корашон нигоҳ доштани миқдори зиёди маводи мухаддир дастгир шудаанд.
Нашрияи “Московский комсомолец” (МК) рӯзи 21 декабри соли 2023 хабар дод, ки ин ду нафарро як рӯз қабл, яъне 20 декабр дар кӯчаи 4-уми Мякинино, воқеъ дар соҳили дарёи Москва дар шимолуғарби шаҳри Маскав дастгир кардаанд.
Бино ба иттилои манобеи “МК”, дастгиршудаҳо 35 ва 37 сол дошта, дар яке аз корхонаҳои масъули рӯбучини кӯчаҳои ин минтақаи пойтахти Русия кор мекарданд ва маводи мухаддирро дар ҷои кори худ дар байни васоили кориашон (ҷорӯбу белу васоили дигар) пинҳон карда буданд.
“Кормандони мақомот аз анборе, ки ин ду кӯчарӯб дар онҷо васоили кории худро онҷо нишон медоштанд, 8 халтаи латтагиро бо ҳероин пайдо карданд. Вазни умумии маводи мухаддири ёфтшуда 9 килою 400 грамм будааст. Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд“, – хабар додааст “МК“ бо такя ба манобеаш.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ва Маскав ин хабарро ҳанӯз шарҳ надодаанд.
Маълум нест, ки ин бори мамнӯъ ба худи ин кӯчарӯбҳо тааллуқ дошт ваё шабакаҳои қочоқбари маводи мухаддир онҳоро маҷбур кардаанд, ки бори онҳоро дар ҷои кори худ пинҳон кунанд?
Аммо акнун ба ин ду кӯчарӯб барои ғайриқонунӣ нигоҳ доштани миқдори махсусан зиёди маводи мухаддир тибқи қонунҳои Русия то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.
Тоҷикистон, ки бо Афғонистон, макони асосии тавлиди ҳероину афюн ва ҳашиш, беш аз 1400 километр марзи муштарак дорад, ба як масири асосии қочоқи маводи мухаддири “афғонӣ” ба бозорҳои сиёҳи шимоли сайёра, асосан ба Русия, табдил ёфтааст. Ҳар сол дар Тоҷикистон беш аз 2 тонна маводи мухаддир ёфт ва мусодира гардида, садҳо нафарро бо ҷурми қочоқи воситаҳои нашъадор дастгир ва зиндонӣ мекунанд.
Аз беш аз 7 ҳазор зодаи Тоҷикистон, ки дар маҳбасҳои Русия адои ҳукм мекунанд, низ тақрибан 2 ҳазор нафараш барои ҷиноятҳои марбут ба қочоқ ва фурӯши маводи мухаддир маҳкум шудаанд.
Дар россия “қонуни иноагент” иҷозат намедиҳад, ки воқеъиятҳо нашр шаванд, аз ин хотир “москоский комосомолец” ва дигарон хайёлпароканӣ, дурӯғ, воҳима, фантазия, пропаганда, хайп, пиар ва дигар хабарҳои аз воқеъият дурро интишор мекунанд. 9-кило ҳероин то пойтахти россия рафта расид, ҳеч кас пай набурд, дар ҷойи кори кӯчарӯбҳо “забон” пайдо кард? 9-кило ҳероин ин қадар кам аст, ки ному насаби гумонбарон, ки бо далелҳои шайъӣ дастгир шудаанд, нашр намешаванд? Ин дурӯғ на шох дорад, на дум!