БОЗ ЯК КОРИ ХАЙРИ ҲОҶӢ МАҲМУДҶОН: 113 ТОННА КУМАК БА НИЁЗМАНДОН ДАР КӮЛОБУ БОХТАР
Соҳибкори дастбахайри тоҷик, раҳбари ширкати сохтмонии “Сарманзил” Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов, ки бо ёриҳои хайрияаш ба мардуми ниёзманд ном баровардааст, ахиран ба сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 113 тонна маҳсулоти мавриди ниёзи аввал,аз қабили орд, шакару равған, беш аз 300 кило гӯшт ва бо маблағи умумии зиёда аз 1 миллиону 70 ҳазор сомонӣ кумак расонидааст.
Дар ин бора рӯзи 20 декабри соли 2023 хабаргузории “Ховар” бар пояи маълумоти ҳукумати вилояти Хатлон хабар дод.
Аз ҷумла, Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов дар шаҳри Кӯлоб ба беш аз 1 ҳазору 740 нафар бо мақсади беҳдошти вазъи иҷтимоӣ кумак ва туҳфаҳо расонидааст.
Гуфта мешавад, ба ниёзмандон, пирони барҷомонда, тарбиятгирандагони муассисаҳои иҷтимоии тавонбахшӣ, мактаб-интернатҳо, кормандони хизматрасонии коммуналӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ дар шаҳри Кӯлоб ашёи зарурӣ ва маҳсулоти хӯрокворӣ, аз қабили орду шакар ва равған дастрас шуд. Аз ҷумла ба кормандони «КВД-и фаръии ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ», Муассисаи давлатии хоҷагии коммуналӣ, ки дар ободӣ ва хуррамгардонии шаҳри Кӯлоб ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд, маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз ҷумла орд, равған ва шакар дастрас гардида, Ҳоҷӣ Маҳмудҷон бо аёдати кӯдакону наврасон дар шуьбаи бачагонаи табобатӣ-профилактикии шаҳри Кӯлоб, ки ба ҳимоя ва табобати кӯдакон аз бемории сил нигаронида шудааст, чун тадбири беҳдоштӣ дастурхон оростааст.
Чунин дастурхонҳо аз ҳисоби ин соҳибкори дастбахайр ҳамчунин дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими шаҳри Кӯлоб ва мактаб-интернати 1-и ёрирасони шаҳри ороста шуд.
Дар аксҳои нашршуда дида мешавад, ки Ҳоҷӣ Маҳмудҷон кумакҳоро худаш бевосита ба ниёзмандон тақдим карда, ошеро, ки барои кӯдакону сарбозон пухтаанд, низ худаш тақсим мекунад.
Кормандони Боғи миллии ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб низ аз кумакҳои Ҳоҷӣ Маҳмудҷон бебаҳра намонданд.
Инчунин аз ҷониби соҳибкор ба хизматчиёни дастаи таъйиноти махсуси ВКД дар шаҳри Кӯлоб ва оилаҳои бесаробонмондаи онҳо дар маҷмуъ ба 150 нафар кумаки яквақтаи иборат аз маҳсулоти хӯрока, ба мисли орд, равған ва шакар расонида шуд.
Ҳоҷӣ Маҳмудҷон ҳамчунин дар шаҳри Бохтар низ ба 500 нафар, бо шумули пиронсолону собиқадорони ҷангу меҳнат, хосса муассисаҳои хизматрасонии коммуналии шаҳр кумаки дастовезҳо тақдим кардааст.
Дар ин рӯз аз ҳисоби ин соҳибкор ҳамчунин ба хизматчиёни қисми ҳарбии қӯшунҳои сарҳадӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ 800 армуғони идона, иборат аз маҳсулоти ширинию қаннодӣ тақдим гардид.
Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов, вакили маҷлиси шаҳри Душанбе ва раҳбари ширкати сохтмонии “Сарманзил” бо амалҳои хайри худ ном баровардааст. Ӯ аз ҷумла дар ҳар иди Рамазону Қурбон ва идҳои дигар барои дастпарварони ятимхонаҳо, тифлони маъюб, сарбозон дастурхонҳои идона ташкил карда, барои оилаҳои ниёзманд кумакҳои хайрия ҷудо мекунад.
Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов ҳамин тавр, дар солҳои охир тақрибан ба 20 оилаи ниёзманд хонаву дар туҳфа кардааст.
Аз ҷумла Ҳоҷӣ Маҳмудҷон рӯзи 23 марти соли 2023, дар рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон ва рӯзҳои иди Наврӯз ба се ятими кул аз як оила дар деҳаи Сӯфиёни ҷамоати Абдулло Абдулвосиев дар канори шаҳри Ваҳдат манзили нави истиқоматӣ тақдим карда, ҷиҳати харидории симчӯбҳои оҳанин барои бо нерӯи барқ таъмин намудани деҳаи Сӯфиён 6600 сомонӣ пул ҷудо карда буд.
Ба гуфтаи шоҳидони ҳол, ҳар рӯз даҳҳо нафари ниёзманд бо умед дар назди корхонаи Ҳоҷӣ Маҳмудҷон Муродов дар шаҳри Душанбе ҷамъ мешаванд ва ин соҳибкори дастбахайр кӯшиш мекунад, то ягон кас аз дари ӯ ноумед наравад.
Ассалому алайкум. Бардоштанша.
“Тоҷири мусалмон рӯзи қиёмат зери сояи чатри садақааш дар дунё ҳаракат мекунад” -ҳадиси саҳеҳи расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам!