БЕШ АЗ 15 КУШТА ВА ДАҲҲО ЗАХМӢ ДАР ЯК ТИРПАРРОНӢ ДАР МАРКАЗИ ПРАГА

Нимаи дуюми рӯзи 21 декабри соли 2023 дар маркази Прага, пойтахти Ҷумҳурии Чех, дар бинои риштаи фалсафаи Донишгоҳи ба номи Карл тирпарронӣ рух дод, ки ба гуфтаи мақомот, беш аз 15 кушта ва даҳҳо захмӣ ба ҷо гузошт. Вазъи 9 тан аз захмиён вазнин арзёбӣ мешавад.
Пулиси Чехия гуфт, ки тирандоз кушта шуд. Шаҳрдори Прага Боҳуслав Свобода гуфт, ки тирандоз аз баландӣ худро ба замин ҳаво дода, ба ҳалокат расидааст. Бино ба маълумоти пешакӣ, ин донишҷӯи 24-солаи риштаи таърихи ҳамин Донишгоҳи Карл аст. Ӯ бо худ камон бо дурбини оптикӣ доштааст.
Бархе расонаҳои Чехия хабар доданд, ки тирандоз Давид Козак ном дошта, давоми рӯзи 21 декабр аз тарафи пулиси Русия дар робита ба як ҳодисаи одамкушӣ дар деҳаи Кладенско дар байни шаҳрҳои Прага ва Кладно ҷустуҷӯ мешуд.
Ондра Соукуп, хабарнигори радиои Чехия дар шабакаи Х (собиқ Твиттер) хабар дод, ки тирандоз фарёд задааст, ки ӯ падари худашро кушт ва акнун дигаронро мекушад. Баъди тирпарронӣ дар дохили бино тирандоз аз рӯи боми бинои донишгоҳ раҳгузаронро чӯт гирифта, паррондааст.
Пулис гуфт, дар бораи эҳтимоли ҳамла хабар ёфта буд, вале тирандозро дар дигар бинои донишгоҳ ҷустуҷӯ мекарданд.
Тирандозӣ тақрибан соати 15 ба вақти Прага (соати 19 ба вақти Душанбе) оғоз ёфт. Ба кормандони донишгоҳ гуфтаанд, ки дар дохили бино як нафари мусаллаҳ гашта истодааст ва аз ин рӯ, ҳамроҳи донишҷӯён дар синфхонаҳо пинҳон шаванд.
Сергшей Медведев, устоди риштаи фалсафаи Донишгоҳи Карл ва муҷрии радиои Свобода нақл кардааст, ки ӯ ҳамроҳи шогирдонаш дар дохили синфхона пинҳон шуданд.
Нашрияи Novinky.cz хабар дод, ки аз дохили бино одамон дастҳояшонро бардошта, берун мешуданд. Шоҳидон аксҳои донишҷӯёнеро нашр карданд, ки аз ҳамлагар дар танаи тирезаҳои бино пинҳон шуда буданд.

Донишҷӯён хабар дода буданд, ки як зан кӯшиш кардааст, ки тавассути балкон тарки бино кунад, вале афтодааст.
Бинои риштаи фалсафа дар майдони Ян Палахро пулис ва нирӯҳои амниятӣ иҳота карда буданд. Одамонро аз бархе биноҳои атроф низ кӯчонданд. Вазири корҳои дохилии Чехия Вит Ракушан ба ҷои ҳодиса омада буд. Сарвазири Чехия Петр Фиала ба далели тирандозӣ дар донишгоҳ сафари кориаш ба Оломоутсро қатъ карда, ба Прага баргашт.
Бино ба иттилои муқаддамотӣ, Давид Козак дар Телеграм канал дошта, дар ин каналаш бо забони русӣ навиштааст, ки гӯё аз ҳамлаҳои хонандагон ба гимназия дар Қазон дар соли 2021, ки 9 кушта ба ҷо гузошт ва тоза як моҳ пеш бо силоҳ ба мактабаш дар Брянск ҳамла кардану як касро куштан ва чанд каси дигарро захмӣ кардани хонандаи синфи 8 Алина Афанаскина рӯҳбаланд шудааст. Вале дар мавриди Афанаскина Козак гӯё навиштааст, ки “у одами кам кушт”.
Ҳанӯз дақиқ нашудааст, ки оё ин дар воқеъ канали Давид Козак буд? Агар ҳа, пас ӯ русиро аз куҷо медонист? Таҳқиқи матнҳо нишон медиҳанд, ки он ба воситаи тарҷумони интернетӣ тарҷума карда нашудааст, балки дар воқеъ ба русӣ навишта шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, сардори пулиси Чехия Мартин Вондрашек тасдиқ кард, ки ҳамлагарро “айни чунин ҳамла, ки ахиран дар Русия сурат гирифт, руҳбаланд кардааст”.
Силоҳе ки Давид Козак истифода бурд, қонунӣ харида шуда буд. Дар Чехия аз соли 2021 ҳаққи шаҳрвандон барои гирифтани силоҳ дар Қонуни асосӣ дарҷ шудааст. Бино ба иттилои радиои Свобода, дар Чехия 989 ҳазору 348 адад силоҳ расман сабти ном карда шудааст.



Агар ягон мусалмон як “мӯрча”-ро бикушад, бо ҳарфҳои калон гӯши фалакро кар мекунанд, ки АМАЛИ ТЕРРОРИСТӢ анҷом дода шуд. Аммо Давид Козак 15 донишгоҳиро кушт, АМАЛИ РУҲБАЛАНДОНА аҷом додааст.