ВидеоМуҳоҷиронТоҷикистонҲуқуқи инсон

ВОКУНИШИ САФОРАТ БА МУНОҚИШАИ ТОҶИКҲО БО ПУЛИС ДАР БОЗОРИ “САДОВОД”: БАРОИ ҲАЛЛИ ШАФФОФИ ҚАЗИЯ ТАЛОШ МЕКУНЕМ

Сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 20 декабри соли 2023, бо гузашти 5 рӯз аз муноқишаи тоҷикҳо бо пулис дар бозори “Садовод, бузургтарин бозори шаҳри Маскав ва минтақаи марказии Русия билохира дар бораи ин ҳодиса изҳори назар кард.

Сафорат гуфт, ин қазияро мавриди пайгирӣ ва назорат қарор дода, барои дарёфти ҷузъиёти бештари ин ҳодиса бо мақомоти дахлдори Русия дар ҳамкории зич мебошад.

Гуфта мешавад, “аз ҳисоби кормандони сафорат барои муайяну мушаххас кардани ҳолати рухдода ба ҷойи воқеа гуруҳи корӣ сафарбар гардид ва бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар бозори “Садовод” фаъолият менамоянд, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд”.

Сафорат афзуд, ки “намояндагии дипломатӣ барои ҳалли шаффофи қазияи мазкур дар доираи қонунгузории давлати иқомат талош хоҳад кард”. Сафорат ҳамзамон аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон хостааст, ки “қоидаҳои будубоши давлати иқоматро риоя намоянд”.

Вокуниши сафорати Тоҷикистон ба муноқишаи муҳоҷирон, аксаран тоҷикон, бо пулис дар бозори “Садовод” дар ҳолест, ки мақомоти Русия алайҳи таксирони тоҷик Сӯҳроб Юсупов бо иттиҳоми зӯроварӣ нисбат ба пулис ва таҳқири пулис, ба зидди 11 нафари дигар аз муҳоҷирони тоҷик бо иттиҳоми авбошии гуруҳӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ҳамин тавр, додгоҳи ноҳияи Люблино ахиран 51 иштирокчии муноқиша дар бозори “Садовод”-ро бо ҷурми итоат накардан ба амри пулис ба ҳабси маъмурӣ андохта, 22 нафари дигарро ба ихроҷ аз қаламрави Русия маҳкум кард ва ба боздоштгоҳи муҳоҷирон фиристод. Бино ба иттилои дарёфтӣ, аксарияти кулли ин муҷозотшудаҳо зодагони Тоҷикистонанд, ки шоми ҷумъаи 15 декабр дар бозори “Садовод” бо пулис ба хотири ҳимоят аз як таксирони тоҷики дастгиршуда вориди баҳс шуданд.

Қаблан ВКД Русия хабар дода буд, ки дар пайи муноқиша дар бозор 82 нафар дастгир гардидаанд. Таксирони 21-солаи тоҷик Сӯҳроб Юсупов, ки боздошти ӯ ба муноқишаи шоми ҷумъа дар бозори “Садовод” оғоз гузошт, аз сӯи додгоҳи Люблино то 16 феврали соли 2024 ба ҳабс гирифта шуда, ба зиддаш 2 моддаи Кодекси ҷиноятии Русия: моддаи 318 (зӯроварӣ нисбат ба намояндаи ҳокимият)  ва моддаи 319 ( таҳқири намояндаи ҳокимият) парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Сарраёсати тафтишоти шаҳри Маскав хабар дод, ки алакай дар муноқиша бо пулис дар “Садовод” даст доштани 11 нафар муайян карда шуда, 6 нафари онҳоро алакай барои бозпурсӣ ва анҷоми дигар ҳаракатҳои тафтишотӣ ҳозир кардаанд. Аз навори нашркардаи мақомот дида мешуд, ки дастгиршудагон ҳама тоҷиконанд.

Нашрияи русии “МК” рӯзи 19 декабр хабар дод, ки мақомот шахсияти боз 5 иштирокчии дигари муноқишаро муайян кардаанд, ки 4 нафари онҳо мард ва якеаш зан буда, ҳамаашон зодагони Тоҷикистонанд. Ба иттилои манобеи “МК”, ду нафар аз ин дастгиршудаҳо: Саидраҳмон Абдуллоеви 35-сола ва Заҳуриддини 16-сола шаҳрвандии Русияро доштаанд, вале 3 нафари дигараш шаҳрвандони Тоҷикистонанд. Инҳо: Солеҳ Бобиеви 25-сола, Руҳулло Юнусови 23-сола ва Манижа Гуриева мебошанд. Ин ҷавонзан 29 сол доштааст.

Бино ба фарзияи тафтишот, шоми 15 декабри соли 2023, тахминан соати 18, корманди пулис мошини Сӯҳроб Юсуповро барои тафтиши ҳуҷҷатҳояш манъ кард. Ронанда кӯшиши фирор карда, мошинашро болои корманди пулис ронд ва ӯро дар рӯи капоти мошинаш чанд метр кашонда, ба ҳаёт ва саломатиаш хатар эҷод кард ва ҳангоми боздошташ низ корманди пулисро чанд зарбаи дигар зада, бо лафзи қабеҳ таҳқир кардааст.

Ҳангоми боздошти Сӯҳроб Юсупов муҳоҷирони дигаре, ки дар “Садовод” кор мекунанд, ба ҳимоят аз вай бархоста, кормандони пулисро иҳота карданд. Ба иддаои пулис, гӯё ҳангоми раддубадал бо мардуми ҷамъшуда, касоне аз байни издиҳом балони мошини пулисро кафондааст. Кормандони пулис барои онки ронандаи дастгиршударо бо зӯр раҳо накунанд, ду маротиба ба ҳаво тири огоҳкунанда холӣ кардаанд.

Ва аммо тасвири ин ҳодиса аз забони шоҳидони дигар аз фарзияи пулис фарқ мекунад. Муҳоҷирон мегӯянд, пулис бо як шеваи бераҳмона ронандаро дастгир карда, ба баданаш электрошокер зад ва азбаски Сӯҳроб Юсупов бемории саръ (эпилепсия) доштааст, аз зарбаи нирӯи барқ ин бемориаш авҷ гирифта, ӯ аз ҳуш рафтааст. Ба гуфтаи муҳоҷирон, маҳз чунин бархӯрди бераҳмонаи пулис нисбат ба як ронандаи бемор сабаб шуд, ки онҳо ба ҳимоят аз ӯ ҷамъ шаванд.

Пулис хуруҷи бемории саръи ронандаи дастгиршударо тасдиқ мекунад, вале мегӯяд, ки баъди авҷ гирифтани бемории Юсупов онҳо худашон ҳам кӯшиш кардаанд, то ба вай ёрӣ расонанд.

Бозори “Садовод”, ки дар ҳудуди ноҳияи Люблино дар канораҳои ҷанубушарқии пойтахти Русия  дар паҳлуи МКАД дар майдони 40 гектар ҷойгир шудааст, бо беш аз 8 ҳазор мағозааш бузургтарин бозори шаҳри Маскав ва Русияи марказӣ ба шумор меравад.  Дар бозори “Садовод” садҳо зодаи Тоҷикистон кор мекунанд. Бархеи онҳо дар инҷо ба тиҷорат машғул буда, мағозаҳои худро доранд. Аммо аксари муҳоҷирони тоҷик дар “Садовод” ба ҳайси ҳаммол (грузчик), ошпаз ё фурӯшанда кор мекунанд ваё барои рӯбучини қаламрави бузурги ин бозор ба кор ҷалб шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button