ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МУСОДИРАИ БОЗ 93 ҚУТТӢ “ХЛОПУШКА” АЗ ЯК СОКИНИ НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 19 декабри соли 2023 хабар дод, ки дар ҷараёни чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия як марди 32-солаи сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов бо гумони муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи тарфгарӣ дастгир карда шуд. Гуфта мешавад, ҳангоми азназаргузаронӣ аз ин сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов 93 қуттии маводи тарфгарии намуди «Трения» дарёфт ва гирифта шуд.
Оид ба ин ҳодиса нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 199, иловаи 1, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Дар Тоҷикистон аз соли 2008 воридот, хариду фурӯш ва истеҳсолу паҳн намудани маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ, ё хлопушка) манъ карда шуда, дар Кодекси ҷиноятии ҷумҳурӣ моддаи махсуси 199, иловаи 1 илҳоқ шудааст. Ин банди қонун ҳамчун ҷазо барои воридоту нигаҳдорӣ ва фурӯши “хлопушка” аз ҷарима ба андозаи аз 100 то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли 2023 баробари 64 сомонист ва аз соли оянда ба 72 сомонӣ мерасад) то ҳукми зиндон ба муҳлати аз як то ду солро пешбинӣ мекунад.
Ҳар сол дар арафаи Соли нави мелодӣ, бавижа дар моҳи декабр мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар бораи боздошти даҳҳо нафар бо иттиҳоми ғайриқонунӣ ворид кардану ба фурӯш гузоштани маводи тарфгарӣ ва мусодираи садҳо ҳазор “хлопушка” хабар медиҳанд.
Мақомот мегӯянд, садои баланду гӯшхароши “хлопушка” оромии шаҳрвандон ва фазои идонаро дар рӯзҳои таҷлили Соли нав халалдор карда, ба саломатии шаҳрвандоне, ки гирифтори бемориҳое, ба мисли диабети қанд ё бемориҳои қалбанд, хатар эҷод мекунад ва ҳамин тавр, метавонанд сабаби ҳодисаҳои нохуше, чун сӯхтор ё осеб дидани шаҳрвандон бар асари таркидани маводи тарфгарӣ шаванд.
Аммо ҳомиёни ҳуқуқ қарори манъи “хлопушка”-ро дар баробари қонунҳое, чун манъи даъвати дӯстону ҳамкорон ба ҷашни зодрӯз ё маҳдуд кардани шумораи меҳмонону ҳатто номгӯи таом дар маъракаҳои тӯю азои мардум аз қарорҳои аҷибулғариби ҳукумати кунунӣ меноманд, ки намунаҳои рӯирост поймол кардани ҳуқуқи инсон буда, дар берун аз Тоҷикистон мавриди хандахариш қарор дода мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button