ДАР ПАНҶ МОШИНИ БОРКАШ ДУ КӮДАКРРО ПАХШ КАРД. АПА – ДАР БЕМОРИСТОН, ДОДАР – ҶОН ДОД
Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 20 декабри соли 2023
Ҳалокати тифли 4-сола дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ
19-уми декабри соли 2023, тахминан соати 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Форланд-Текин», Миршарифзода Маҳмад, соли таваллудаш 1965, сокини ноҳияи Панҷ, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти 50-солагии Қӯшунҳои сарҳадӣ ба самти маркази ноҳияи мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардони ноболиғ Назарова Сумая, соли таваллудаш 2011 ва Назаров Абубакр, соли таваллудаш 2019, сокинони ҳамин ноҳияро пахш намудааст.
Дар натиҷа, кӯдакон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ноболиғ Назаров А. дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Барои маълумот: Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговараш пурхатар дониста мешаванд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин омори ВКД, танҳо дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Муттассифона, даҳҳо тан аз ин қурбониёни садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон кӯдакону наврасонанд, ки аксараш зери чархи мошинҳои раҳгузар ҷон медиҳанд.
Боздошти ду ноболиғи 13-сола бо ҷурми дуздӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ноболиғи 13-солаи сокинони шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Гумонбаршавандагон шаби 11 ба 12-уми декабри соли 2023, тахминан соати 01:50-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Маяковскии пойтахт қарор доштанашон бо роҳи пинҳонӣ шишаи терминали худкори худхизматрасонро, ки ба ширкати ҶСК “Душанбе Сити” тааллуқ дорад, шикаста, аз дохилаш 4 ҳазору 300 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.