БОЗДОШТИ ЯК СОКИНИ ҚИРҒИЗИСТОН, КИ ХУДРО “ХУДОИ НАВ” ВА “НАҶОТБАХШИ ИНСОНИЯТ” ЭЪЛОН КАРДА БУД (ВИДЕО)
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) хабар дод, ки дар чорчӯби тафтиши парвандаи барангехтани низоъи динӣ ва “бо мақсади андешидани чораҳои бетаъхир барои солим гардондани муҳити динӣ дар кишвар” зодаи вилояти Норин Абдилдаев Арстанбек Бейшеналиевич, соли таваллудаш 1968, маъруф бо номи “Арстан Алай” дастгир шудааст. Абдилдаев рӯзи 13 декабри соли 2023 ғайб зад ва танҳо баъди ду рӯз маълум шуд, ки ӯ аз сӯи маъмурони КДАМ дастгир шудааст.
Худи Арстан Алай барои шарҳи қазия дастрас нест, вале бино ба иттилоияи расмии КДАМ, сабаби кушодани парванда ба зидди ӯ китобҳояш ва ҳамчунин баёнияҳояш дар матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ шуд, ки дар онҳо аломатҳои даъват ба барангехтани низои динӣ ва байни динҳо ва ҷудо кардани шаҳрвандон аз нигоҳи мансубияти динӣ дида мешаванд.
“Ӯ худро “Худои нав”, “Наҷотбахш” мешуморад ва дину мазҳабу боварҳои дигарро боварҳои хурофотии ноқис, заиф ва беасос шумурда, ба онҳо баҳои манфӣ медиҳад “, – таъкид шудааст дар иттилоияи КДАМ. Ин ниҳод ҳамчунин гуфтааст, ки аксари пайравони Арстан Алай духтарон буданд, ки таҳти таъсири ақидаҳои ӯ қарор гирифта, ақидаи худро иваз мекарданд, ки ин боиси низоъ ва ҷудоӣ дар дохили хонаводаҳо мегардид.
“Дар айни замон, Арстан Алай духтаронеро, ки ӯро пайравӣ мекарданд, барои қонеъ сохтани нафси шаҳвонии худ истифод мебурд. Онҳоро бо манзил ва кумаки молиявӣ таъмин карда, ба сурати мунтазам барояшон мавъиза (мантра) мехонд ва дар ин мавъизаҳо бартарии худро бар динҳои дигар таъкид карда, иддао мекард, ки ягона “Худои нав” ӯст”, — гуфта мешавад дар иттилоияи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон.
Дан натиҷаи кофтукоб дар маҳалли зист ва макони мавъизаҳои Арстан Алай дар вилояти Суй шумораи зиёди китобу дафтарҳо, компютерҳо ва дигар васоили электронӣ ёфт ва мусодира шуд, дар пайи анҷоми чорабиниҳои тафтишотӣ Абдилдаев дар боздоштгоҳи Кумитаи амният ба ҳабс гирифта шудааст. Ба ӯ бар асоси моддаи 330 Кодекси ҷиноятии Қирғизистон барои барангехтани низоъи динӣ ҳамчун ҷазо аз ҷаримаи ҳангуфт то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.
Қаблан, 14 декабри соли 2023 хешовандони Абдилдаев ба шуъбаи милитсияи ноҳияи Свердлови шаҳри Бишкек муроҷиат карда, хабар доданд, ки “Худои нав” субҳи 13 декабр аз хона баромада, бо ҳамин ғайб задааст ва дигар барнагаштааст.
КДАМ танҳо баъди ду рӯзи ғайб задани “Худои нав” эълон кард, ки ӯ дар боздоштгоҳи ин ниҳод дар ҳабс қарор дорад.
Арстанбек Абдилдаев 55 сол дошта, қаблан ду маротиба – дар интихоботҳои солҳои 2017 ва 2021 номзадиашро ба президентии Қирғизистон пешбарӣ карда буд, вале овози зиёд нагирифт.
Абдилдаев дар Қирғизистон бо баёнияҳои аҷибу ғарибаш ном баровардааст. Ӯ аз ҷумла худро Худои нав эълон карда, иддао дошт, ки маҳз ӯ коронавирусро фиристодааст.
Абдилдаев соли 2019 дар мусоҳибааш бо нашрияи қирғизии Кnews.kg гуфта буд: “Худованд танҳо ба як инсон — Арстан Алай — қудрати кайҳонӣ ато кардааст ва аз ин рӯ, ман худро Худои нав мешуморам! Ман рисолатеро, ки ба ман аз осмон дода шудааст, иҷро мекунам. Аз ин рӯ, ҳама — журналистон, сиёсатмадорон, олимон, ҳокимон — бояд аз ман илми коинот ва барномаи наҷоти мардуми худро биомӯзанд”.
Ӯ ҳамчунин дар он мусоҳиба иддао карда буд, ки гӯё “Путин барои наҷот ва ҳимояти инсоният интихоб шудааст, чунки мардуми рус мардуми одил аст. Рисолати Амрико ҳимоят аз қонунҳои ҳифзи табиат аст. Хитой бояд нақши дасту пойро иҷро мекунад, яъне заҳмат мекашад ва маҳсулоти моддӣ меофарад”.
Абдилдаев ҳамчунин мегуфт, ки мехоҳад “инсониятро муттаҳид бисозад ва пеш бубарад” ва дар иҷрои ин рисолат, ба ақидаи вай, “қирғизҳо бояд нақши асосиро иҷро кунанд, чунки аз боло маҳз ба қирғизҳо ҳаққи раҳнамоӣ дода шудааст, аммо на ба ҳама, балки ба афроди мунтахаб”.
Чанде пеш “паёмбар”-и ин “Худои нав” дар Тоҷикистон Бахтиёр Шоҳев боздошт шуда буд. Шоҳев иддао мекард, ки “Худо”-ро дидааст, “як ҷавони (қирғиз) қадбаланди зебо аст”, вале маконашро ошкор накарда буд.
Сураи “ихлос” радди бар чунин иддаоҳост:
Қул ҳуваллоҳу аҳад, аллоҳу самад, лам ялид ва лам юлад ва лам якун лаҳу куфуван аҳад!
قُلْ هُوَ ٱللَّهُ أَحَدٌ
ٱللَّهُ ٱلصَّمَدُ
لَمْ يَلِدْ وَلَمْ يُولَدْ
وَلَمْ يَكُن لَّهُۥ كُفُوًا أَحَدٌۢ