ВарзишВидео

ЭЪЛОНИ НОМИ 10 ВАРЗИШГАРИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2023

Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) даҳ варзишгари беҳтарини соли 2023-ро эълон кард. Ба иттилои раиси АЖРВТ шореҳи шинохтаи варзиш Нарзулло Латипов, бар асоси натиҷагирии назархоҳии хабарнигорони варзишӣ ба даҳгонаи беҳтаринҳои сол намояндагони се намуд – бокс, гуштини ҷудо (дзюдо) ва гуштини кураш дохил шуданд.

“Бояд гуфт, ки медали биринҷии Баҳодур Усмонов дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс натиҷаи беҳтарини варзиши тоҷик дар соли 2023 дар риштаҳои олимпӣ мебошад. Бинобар ин, ӯ барои ин дастовардаш беҳтарин варзишгари Тоҷикистон дар соли 2023 эътироф гардид. Инчунин Миҷгона Самадова, ки дар риштаи бокс барандаи медали биринҷии Бозиҳои 19-уми осиёӣ гардида, дар байни варзишгарони тоҷик соҳиби аввалин роҳхат ба Олимпиадаи Париж-2024 шуд, беҳтарин варзишгари сол дар миёни занон маҳсуб мешавад”, – иброз дошт раиси АЖРВТ Нарзулло Латипов. Ба ғайр аз Миҷгона Самадова боз як варзишгардухтари тоҷик Фариноз Абдуллоева низ дар қатори беҳтарин варзишгарони сол роҳ ёфт. Фариноз имсол дар ҷемпионати ҷаҳон  дар Арманистон дар вазни то 52 кило сазовори медали нуқра ва дар чемпионати Осиё дар Остона соҳиби медали биринҷӣ шуда буд.

Дар даҳгонаи беҳтарин варзишгарони сол паҳлавонҳои хушноме, чун гуштингирон Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов, Беҳрӯз Хоҷазода ҷойгир шуда, ба ин рӯйхат ситораҳои ҷавони варзиши тоҷик ба мисли муштзан  Давлат Болтаев ва гуштингирон Хайрандеш Муродзода, Эмомалӣ Нуралӣ ва Абубакр Шеров низ роҳ ёфтаанд.

Рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2023 чунин аст:

Баҳодур УСМОНОВ (бокс) – барандаи медали биринҷии чемпионати ҷаҳон дар Тошканд дар вазни то 63,5 кг, ғолиби “Шоми бокс” дар Душанбе.

Сомон МАҲМАДБЕКОВ (ҷудо) – барандаи медали тиллои Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин дар вазни то 81 кг, ғолиби “Tоскӯлоҳи бузург” дар Остонаи Қазоқистон ва Гран-при дар Душанбе, барандаи медали биринҷии мусобиқаи “Тоскӯлоҳи бузург” дар Тошканд.

Давлат БОЛТАЕВ (бокс) – барандаи медали тиллои Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин дар вазни то 92 кг, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Париж-2024,ғолиби “Шоми бокс” дар Душанбе.

Темур РАҲИМОВ (ҷудо) – барандаи медали нуқраи Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин дар вазни +100 кг, ҷоизадори нуқраи «Hungary Masters-2023” дар Будапешти Венгрия, соҳиби медалҳои нуқраи “Tоскӯлоҳи бузург” дар Остонаи Қазоқистон ва Гран-при дар Душанбе.

Миҷгона САМАДОВА (бокс) – барандаи медали биринҷии Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин дар вазни то 57 кг, соҳиби аввалин роҳхат ба Олимпиадаи Париж-2024.

Беҳрӯзи ХОҶАЗОДА (ҷудо) – барандаи медали биринҷии Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин дар вазни то 73 кг, ҷоизадори нуқраи «Hungary Masters-2023” дар Будапешт, ҷоизадори биринҷии мусобиқоти Гран-прии Душанбе.

Хайрандеш МУРОДЗОДА (кураш) – барандаи медали биринҷии Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин дар вазни то 66 кг, ҷоизадори биринҷии чемпионати ҷаҳон дар Ашқободи Туркманистон.

Эмомалӣ НУРАЛӢ (ҷудо) – барандаи медали тиллои “Tоскӯлоҳи бузург” дар вазни то 66 кг дар Тошканд.

Абубакр ШЕРОВ (ҷудо) – барандаи медали биринҷии чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон дар вазни то 73 кг дар Одивеласи Португалия, соҳиби нишони нуқраи чемпионати Осиё миёни навҷавонон дар Тошканд.

Фариноз АБДУЛЛОЕВА (бокс) – барандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон миёни духтарон дар вазни то 52 кг дар Еревани Арманистон, соҳиби медали биринҷии чемпионати Осиё миёни духтарон дар Остонаи Қазоқистон.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button