ВидеоМинтақа ва ҷаҳонМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

ҲУКМИ ИХРОҶИ 22 МУҲОҶИР ВА ҲАБСИ 51 МУҲОҶИРИ ДИГАР ДАР ПАЙИ МУНОҚИШАИ ТОҶИКҲО БО ПУЛИС ДАР БОЗОРИ “САДОВОД” ДАР МАСКАВ

Додгоҳи ноҳияи Люблинои шаҳри Маскав рӯзи 18 декабри соли 2023 парвандаҳои маъмурӣ нисбат ба 73 иштирокчии муноқишаи шоми 15 декабр дар бозори “Садовод”, бузургтарин бозори шаҳри Маскав ва минтақаи марказии Русияро баррасӣ кард. Хадамоти муштараки додгоҳҳои Маскав дар иттилоияш дар бораи аз куҷо будани ин 73 нафар чизе нагуфтааст, вале бино ба иттилои дарёфтӣ, аксарияти кулли онҳо зодагони Тоҷикистонанд, ки шоми ҷумъа дар бозори “Садовод” бо пулис ба хотири ҳимоят аз як таксирони тоҷики дастгиршуда вориди баҳс шуданд.

Бо қарори додгоҳ, 51 нафар бо ҷурми итоат накардан ба амри пулис бар асоси қисми якуми моддаи 19.3 Кодекси қонунвайронкуниҳои маъмурии Русия ба ҳабси маъмурӣ маҳкум шуда, 22 нафари дигар бар асоси қисми сеюм ва иловаи якуми қисми сеюми моддаи 18.8 Кодекси қонунвайронкуниҳои маъмурии Русия бо ҷурми вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират маҳкум ба ихроҷи маҷбурӣ аз қаламрави Русия гардида, ба боздоштгоҳи муҳоҷирон фиристода шуданд.

Назари худи ин 73 нафар дастрас нест, вале инки додгоҳи Люблино дар як фурсати хеле кӯтоҳ якбора 73 парвандаро “баррасӣ” кардааст, нишон медиҳад, ки ин муҳоҷирони беҳуқуқ ва бесоҳиби аксаран тоҷик, ба истилоҳи маъруф, “говсуд” шудаанд.

Қаблан ВКД Русия хабар дода буд, ки дар пайи муноқиша дар бозор 82 нафар дастгир гардидаанд. Таксирони 21-солаи тоҷик Сӯҳроб Юсупов, ки боздошти ӯ ба муноқишаи шоми ҷумъа дар бозори “Садовод” оғоз гузошт, аз сӯи додгоҳи Люблино то 16 феврали соли 2024 ба ҳабс гирифта шуда, ба зиддаш 2 моддаи Кодекси ҷиноятии Русия: моддаи 318 (зӯроварӣ нисбат ба намояндаи ҳокимият)  ва моддаи 319 ( таҳқири намояндаи ҳокимият) парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Сарраёсати тафтишоти шаҳри Маскав хабар дод, ки алакай дар муноқиша бо пулис дар “Садовод” даст доштани 11 нафар муайян карда шуда, 6 нафари онҳоро алакай барои бозпурсӣ ва анҷоми дигар ҳаракатҳои тафтишотӣ ҳозир кардаанд. Аз навори нашркардаи мақомот дида мешуд, ки дастгиршудагон ҳама тоҷиконанд.

Нашрияи русии “МК” рӯзи 19 декабр хабар дод, ки мақомот шахсияти боз 5 иштирокчии дигари муноқишаро муайян кардаанд, ки 4 нафари онҳо мард ва якеаш зан буда, ҳамаашон зодагони Тоҷикистонанд. Ба иттилои манобеи “МК”, ду нафар аз ин дастгиршудаҳо: Саидраҳмон Абдуллоеви 35-сола ва Заҳуриддини 16-сола шаҳрвандии Русияро доштаанд, вале 3 нафари дигараш шаҳрвандони Тоҷикистонанд. Инҳо: Солеҳ Бобиеви 25-сола, Руҳулло Юнусови 23-сола ва Манижа Гуриева мебошанд. Ин ҷавонзан 29 сол доштааст. “МК” хабар дод, ки  бояд ба зудӣ чораи пешигириро нисбат ба ин 5 нафар интихоб кунанд.  Ба эҳтимоли ғолиб, онҳоро низ барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ хоҳанд гирифт.

Бино ба фарзияи тафтишот, шоми 15 декабри соли 2023, тахминан соати 18, корманди пулис мошини Сӯҳроб Юсуповро барои тафтиши ҳуҷҷатҳояш манъ кард. Ронанда кӯшиши фирор карда, мошинашро болои корманди пулис ронд ва ӯро дар рӯи капоти мошинаш чанд метр кашонда, ба ҳаёт ва саломатиаш хатар эҷод кард ва ҳангоми боздошташ низ корманди пулисро чанд зарбаи дигар зада, бо лафзи қабеҳ таҳқир кардааст.

Ҳангоми боздошти Сӯҳроб Юсупов муҳоҷирони дигаре, ки дар “Садовод” кор мекунанд, ба ҳимоят аз вай бархоста, кормандони пулисро иҳота карданд. Ба иддаои пулис, гӯё ҳангоми раддубадал бо мардуми ҷамъшуда, касоне аз байни издиҳом балони мошини пулисро кафондааст. Кормандони пулис барои онки ронандаи дастгиршударо бо зӯр раҳо накунанд, ду маротиба ба ҳаво тири огоҳкунанда холӣ кардаанд.

Ва аммо тасвири ин ҳодиса аз забони шоҳидони дигар аз фарзияи пулис фарқ мекунад. Муҳоҷирон мегӯянд, пулис бо як шеваи бераҳмона ронандаро дастгир карда, ба баданаш электрошокер зад ва азбаски Сӯҳроб Юсупов бемории саръ (эпилепсия) доштааст, аз зарбаи нирӯи барқ ин бемориаш авҷ гирифта, ӯ аз ҳуш рафтааст. Ба гуфтаи муҳоҷирон, маҳз чунин бархӯрди бераҳмонаи пулис нисбат ба як ронандаи бемор сабаб шуд, ки онҳо ба ҳимоят аз ӯ ҷамъ шаванд.

Пулис хуруҷи бемории саръи ронандаи дастгиршударо тасдиқ мекунад, вале мегӯяд, ки баъди авҷ гирифтани бемории Юсупов онҳо худашон ҳам кӯшиш кардаанд, то ба вай ёрӣ расонанд.

Бозори “Садовод”, ки дар ҳудуди ноҳияи Люблино дар канораҳои ҷанубушарқии пойтахти Русия  дар паҳлуи МКАД дар майдони 40 гектар ҷойгир шудааст, бо беш аз 8 ҳазор мағозааш бузургтарин бозори шаҳри Маскав ва Русияи марказӣ ба шумор меравад.  Дар бозори “Садовод” садҳо зодаи Тоҷикистон кор мекунанд. Бархеи онҳо дар инҷо ба тиҷорат машғул буда, мағозаҳои худро доранд. Аммо аксари муҳоҷирони тоҷик дар “Садовод” ба ҳайси ҳаммол (грузчик), ошпаз ё фурӯшанда кор мекунанд ваё барои рӯбучини қаламрави бузурги ин бозор ба кор ҷалб шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Мирзоватан Мирнажод, Файзалӣ Ҳасанпур, Одина Ҳошимӣ гуяд:

    Насли шӯравии Тоҷикистон дар дохили ватан кор мекард, насли истиқлоли Тоҷикистон дар Россия кор мекунад, инро ба насли минбаъда чигуна шарҳ медиҳем?
    Беватан нест ғарибе, ки кунад ёди Ватан,
    Дар ватанбудаи беёди Ватан беватан аст!

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button