ДУ ҒОРАТГАРӢ ДАР ШОҲМАНСУРУ ШАҲРИНАВ ВА ДУ ДУЗДӢ ДАР ХУҶАНД
Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 19 декабри соли 2023
Ошкор шудани якчанд ҳолати ғоратгарӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 16-уми декабри соли 2023, тахминан соати 22:00, ба хонаи истиқоматиаш шахсони номаълум даромада, ӯро мавриди лату кӯб қарор дода, 1-адад ангуштарини нуқрагӣ, 1-адад соати дастӣ, 1 ҷуфт пойафзол ва 85 сомониро бо тариқи зӯроварӣ тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷӯстуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду марди 42-солаи сокинони пойтахт, ки якеашон пеш бо моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.
Инчунин, ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав бо ариза марди 48-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 14-уми октябри соли 2023, тахминан соати 19:30-дақиқа, ҳангоми дар ҳудуди деҳаи Файзбахш қарор доштанаш шахсони номаълум ӯро лату кӯб намуда, бо тариқи зӯроварӣ 1-адад телефони мобилии тамғаи “POCO”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативи-ҷустуҷӯи аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғони 17, 16, 15 ва 16-солаи сокинони ҳамин ноҳия бо гумони ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Ифшо шудани ҷиноятҳои дуздии молу ашёи шаҳрвандон
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Хуҷанд бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, 11-уми декабри соли 2023, соати 02:40-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ ба ҳуҷраи кории Боғи фарҳангию фароғатии «Наврӯзгоҳ», ки ба марди 29-солаи сокини шаҳри Хуҷанд тааллуқ дорад, ворид шуда аз дохили сандуқи оҳанин, ки дар ҳолати кушода қарор дошт, 5 ҳазор сомониро дуздидааст.
Нисбати гумонбаршаванда, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуд, тафтишот идома дорад.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 37-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ки қаблан 2 маротиба бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, 16-уми ноябри соли 2023, тахминан соати 08:00, ҳангоми дар меҳмонхонаи бозори марказии Панҷшанбе қарор доштанаш аз болои мизи нишаст 1-адад либоси болопӯши марди 33-солаи сокини шаҳри Панҷакентро, ки дар дохили ҷайбаш 40 ҳазор рубли русӣ доштааст, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.