ДОДГОҲИ РУСИЯ АЗ ИСТИРДОДИ БЛОГЕРИ ТОҶИК ҶУНАЙДУЛЛО ХУДОЁРОВ ХУДДОРӢ КАРД

Додгоҳи шаҳри Нижневарторвски ҳавзаи мухтори Ханти ва Манси – Югра, минтақае бо иқлими қаҳратун дар шимоли Русия, рӯзи 18 декабри соли 2023 парвандаи истирдоди блогери тоҷик Ҷунайдулло Худоёров баррасӣ кард, вале мавқеи додситонро напазируфт ва ба истирдоди Худоёров ба Тоҷикистон иҷозат надод. Додгоҳ далелҳои аз номи мақомоти Тоҷикистон овардаи намояндаи додситониро нокофӣ номид ва ба ин ниҳод барои муроҷиати дигарбора ба мақомоти Тоҷикистон бо талаби ироаи далелҳои бештару қонеъкунанда се моҳи дигар фурсат дод. Додгоҳ ба ин тартиб, муҳлати ҳабси Ҷунайдулло Худоёровро низ боз 3 моҳи дигар тамдид кард.
Хайрулло Худоёров, бародари Ҷунайдулло Худоёров, ки дар мурофиаи рӯзи 18 декабр дар Нижневартовск иштирок дошт, рӯзи 19 декабр дар мусоҳиба бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод, ки вакили мудофеи бародараш Хон Герей Розов (Хан-Герей Разов) тавонист додгоҳро бо далелҳо мутақоид кунад, ки парвандаи Ҷунайдулло Худоёров парвандаи бофтаю сохта аст.
Хайрулло Худоёров ҷараёни мурофиаро, ки нимаи дуюми рӯзи 18 декабр, соати 15:30 оғоз ёфта, то шом давом кард, чунин нақл кард: “Додситон гуфт, ки аз Тоҷикистон дархост омадааст барои истирдодаш ва мо бояд ин дархостро қонеъ бисозем. Аммо адвокат ба додгоҳ далелҳо овард, ки чӣ гуна дар Тоҷикистон бо парвандаҳои сохта одамони бегуноҳро ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум мекунанд. Худи Ҷунайдулло ҳам тамоми таърихи ҷанҷоли ду авлод дар зодгоҳи мо, деҳаи Яшми ноҳияи Раштро аз соли 2018 ба ин сӯ, аз ҷумла чӣ гуна кушта шудани бародарзодаи мо Алиризо ва чӣ гуна латтукӯб кардани модари солхӯрдаи моро навишта буд ва ин ҳамаро дар додгоҳ қироат кард. Додрас дар ниҳоят далелҳои овардаи додситонро нокофӣ номид ва барои ироаи далелҳои кофӣ ба додситонӣ 3 моҳи дигар вақт дод”.
Хайрулло Худоёров худи худдории додгоҳ аз истирдоди бародарашро пирӯзӣ номид, вале аз он изҳори таассуф кард, ки ӯро ақалан шартан ҷавоб надоданд.
“Ман дар додгоҳ гуфтам, ки шаҳрвандии Русияро дорам ва дар Сургут хона дорам. Биёед, таҳти кафолати ман ҷавобаш диҳед, дар хонаи ман хоҳад буд. Вале додгоҳ қабул накард”, – нақл кард бародари блогери маҳбус.
Адвокати Худоёров низ аз озод нашудани нафари таҳти ҳимояташ норозигӣ карда, ҳоло дар пайи навиштани аризаи шикоятӣ ба додгоҳи ҳавзаи Хантию Мансӣ будааст. Баррасии дархости ӯ барои аз ҳабс озод кардани Ҷунайдулло Худоёров ғолибан баъди соли нав сурат хоҳад гирифт.
Ҷунайдулло Худоёров, блогери тоҷик, ки бо ифшои мавридҳои коррупсия ва қонуншиканиҳо дар ноҳияи Рашт ном баровардааст, инак 6 моҳ боз дар Русия дар пушти панҷара қарор дорад.
Ӯ рӯзи 22 июни соли 2023 дар шаҳри Берёзовои ҳавзаи мухтори Ханти ва Манси бо дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир гардид. Рӯзи 24 июн додгоҳи Берёзово то замони баррасии парвандаи истирдодаш блогери тоҷикро барои 2 моҳ ба ҳабс гирифт ва дар ин байн замони ҳабси ӯро ду маротибаи дигар тамдид карданд.
Мақомоти минтақаи Рашт ба зидди Ҷунайдулло Худоёров бар асоси шикояти як авлоди дигари ҳамдеҳаашон аз деҳаи Яшми ҷамоати ба номи Боқӣ Раҳимзода (собиқ Шулмак) бар асоси моддаи 237, қисми 3 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ кушода, ӯро таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор додааст. Худи Ҷунайдулло Худоёров ва наздиконаш ин парвандаро бофта ва фармоишӣ меноманд.
Хусумат байни авлоди Худоёровҳо ва Ҳусейновҳо дар деҳаи Яшм таърихи чандинсола дорад. Соли 2018 баҳси байни ҷавонон аз ин ду авлод дар бозии волейбол то ба парвандаи ҷиноятӣ ва маҳкум шудани ду тан аз Худоёровҳо кашид. Ҷунайдулло Худоёров низ дар соли 2019 бар асоси баёноти намояндагони ҳамон авлоди рақиб ба “салафигароӣ” айбдор ва ба 5 соли зиндон маҳкум гардид, вале баъди як сол бар асоси қонуни афв ба озодӣ баромад. Ӯ иттиҳоми “салафигароӣ”-ро қатъиян рад мекард ва парвандаашро интиқоми мақомоти ноҳия ва шахсан раиси вақти ноҳияи Рашт Қаноатшо Лоиқзода барои мақолаҳои танқидиаш медонист.
Рӯзи 10 июли соли 2021 хусумати байни ин ду авлод дар деҳаи Яшм ба одамкушӣ анҷом ёфт. Чанд нафар аз авлоди Ҳусейновҳо Алиризо Худоёров, бародарзодаи Ҷунайдулло Худоёровро дар кӯча танҳо дида, ӯро ҳамакаса латтукӯб карданд ва кордаш заданд. Мутаассифона, Алиризои донишҷӯ аз рафтани хуни зиёд ҷон дод.
Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 7 январи соли 2022 сокинони деҳаи Яшми ноҳияи Рашт Ҳусейнов Зафарҷон ва Азимов Абдуллоро бо ҷурми куштани Алиризо Худоёров мутаносибан ба 19 ва 17 соли зиндон маҳкум кард. Худоёровҳо талаб доштанд, ки дар куштани Алиризо 5 нафар аз он авлод иштирок доштанд ва бояд ҳамааш ба зиндон кашонида шаванд.
Идомаи хусумат байни ду авлод ба он овард, ки соли 2022 Мавҷигул Ғарибова, модари солхӯрдаи Ҷунайдулло Худоёровро бо ҷурми “авбошӣ” маҳкум ба 2 сол ҳабси хонагӣ кунанд.
Худи Ҷунайдулло Худоёров баъди озод шуданаш ба Русия рафт ва аз онҷо ба Украина рафт. Моҳи феврали соли 2022, дар пайи шурӯи ҷанги Русия ба Украина, вақте ки шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Украина бароварданд, Ҷунайдулло Худоёров низ ба Молдова интиқол дода шуд ва имкон дошт, ки дар ягон кишвари Аврупо паноҳанда шавад. Аммо ӯ боз ба Русия баргашт, чунки мегуфт, аз инҷо имкони бештари расидагӣ ва кумак ба хонаводаашон дар Яшмро дорад.
Ҷониби Тоҷикистон ин “худдорӣ”-ро шикасти сиёсӣ дониста, Ҷунайдуллоҳро ҳатман ё ба зӯрӣ ё ба зорӣ ё ба зар “парпечон” карда, ба шаҳри Душанбе меорад.