ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистХабарҳои кӯтоҳ

АЗ 19 ТО 21 ДЕКАБР ҶАНУБ ВА МАРКАЗИ ТОҶИКИСТОН БОЗ ЗЕРИ ХОКБОРИШ МЕМОНАД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо такя ба маълумоти ҳавошиносон сокинон ва меҳмонони ҷумҳуриро хабардор кард, ки аз 19 то 21 декабри соли 2023 ба далели тағйири обу ҳаво дар ноҳияҳои ҷануб ва маркази вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дар шаҳри Душанбе эҳтимоли хокбориш, ё “боди афғонӣ” пешбинӣ карда мешавад.  Ин боди пурчанг ба тарафи Тоҷикистон аз самти қисмати ҷанубу ғарб, аз қаламрави Афғонистон мевазад.

Ба иттилои Агентии ҳавошиносӣ,  хокбориш боиси олуда шудани ҳаво бо гарду чанги ҳаҷми зарраҳояш 10 мкр (Рm- 10) ва 2,5 мкр (Рm-2,5) мешавад.

Дар робита ба тағйири муҳити обу ҳаво, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сокинон хостаст, ки дар ин рӯзҳо ба онҳое, ки аз бемориҳои дилу раг, диабети қанд, диққи нафас (асткам), фишори баланд (гипертония) ранҷ мебаранд, таваҷҷуҳи бештар нишон бидиҳанд. Ҳамчунин аз сокинон хоста шудааст, ки хонаҳояшонро бо латтаи тар пок кунанд ва дар сурати зарурат ниқоби тиббӣ бипӯшанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда барои пешгирӣ аз хатари ин гуна ҳавои номусоид тавсия медиҳад: 

1. Бештари оби тоза нӯшед, ҳатто рӯзе на камтар аз 2-2,5 литр ва аз ин агар 0,5 литр оби минералӣ бошад, боз хубтар.

2. То ҳадди имкон тирезаҳои хонаатонро пӯшед. Агар шумо мехоҳед ҳавои хонаро тоза кунед, пас бидонед, ки бадтарин лаҳзаҳо соатҳои аввали субҳанд, вақте ҳамаи моддаҳои муаллақи хатарнок аз осмон ба тарафи замин фурӯ мерезанд. Наздик ба нисфирӯзӣ қисмати болоии замин гарм мешавад ва зери таъсири ҳавои гарм ин моддаҳои муаллақ боло мераванд. Аз ин рӯ, нисфирӯзӣ барои тоза кардани хонаҳо фурсати беҳтар аст.

3. Ғайр аз ин шумо метавонед тирезаҳои худро бо докка ва ё тур бипӯшед ва хатари вуруди ҳар гуна модаи хатарнок кам мешавад. Аммо ҳамвора онҳоро бояд намнок нигоҳ доред.

4. Ҳамешаву пайваста ҳавои дохили хонаро поку тоза нигоҳ доред, бо латтаи нарму нам тоза кардани фарш ва тирезаҳоро фаромӯш накунед.

5. Духтурон дар ин гуна рӯзҳо пӯшидани ҳар гуна айнакҳои иртиботиро иҷозат намедиҳанд.

Ба онҳое, ки гирифтори бемориҳои зиққи нафас ва роҳи нафасанд тавсия дода мешавад:

– дозаи доруҳои истеъмолиро дар ин рӯзҳо коҳиш надиҳед;

– ҳамеша бо худ ингляторҳо дошта бошем;

– агар талабот ба ингляторҳо аз 4-6 маротиба дар як рӯз зиёд шавад, ҳатман ба духтур муроҷиат намоед.

6. Дар ҳоли пеш омадани ҳолати фавқулода ба телефони 112 ва ё ба қисми навбатдории КҲФ бо телефонҳои (+992 37) 223-13-11; (+992) 93 880 28 19 занг занед.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button