ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ГУФТ, ИН “ВИРУСИ БЕЗЕБ” ДАР ТОҶИКИСТОН КОРОНАВИРУС НЕСТ

Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 17 декабри соли 2023 бо нашри як матлаби муфассал овозаҳо дар бораи гӯё дар ҷумҳурӣ пайдо шудани нави коронавируси COVID-Omicron XBB-ро рад кард ва гуфт, маълумоти мазкур асоси воқеӣ надорад ва ҳоло бемориҳои шадиди роҳҳои нафас дар кишвар дар гардиш ҳастанд, на ягон намуд вируси хатарнок”.

Вазорат гуфт, имрӯзҳо аз нафароне, ки бо нишонаҳои бемориҳои шадиди роҳҳои нафас ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат мекунанд, ташхиси бемории COVID-19 низ гирифта мешавад, вале “хушбахтона, натиҷаи ташхисҳо нишон медиҳанд, ки то кунун дар мамлакат ягон нафар ба ин вирус гирифтор нест”.

Вазорат ба ин далел, аз ҳама хостааст, ки “ба чунин маълумоти ҳангомасоз ва иғвоангез бовар накунанд, балки бо истифода аз тавсияи мутахассисони соҳа худ ва наздиконашро аз бемориҳои шадиди роҳҳои нафас эмин нигоҳ доранд”.

Ин дар ҳолест, ки чанд ҳафта боз сокинони Тоҷикистон аз гирифтор шуданашон ба як навъи назар ба зукоми маъмулӣ хеле сахттари грипп хабар дода, тахмин мезаданд, ки зоҳиран ин коронавирус аст. Аз ҷумла онҳое, ки дар вақташ коронавирусро аз сар гузарондаанд, менависанд, ки  ин ба истилоҳ гриппе, ки гирифторашон кард, ҳатто аз коронавирус сахттар паси сар шуда истодааст.

Аз ин рӯ, бархе сокинон ба шарҳи вазорат бо назари шубҳа нигоҳ мекунанд. Аз ҷумла бо дарназардошти собиқаи ин вазорат, ки ҳатто дар рӯзҳои авҷи коронавирус дар солҳои 2020 ва 2021, ки ҳазорон нафар гирифтори вирус шуда буданд, омори воқеии гирифторӣ ба коронавирус ва талафот аз ин бемории қаттолро пинҳон мекард.

Вале вазорати тандурустӣ дар изҳороташ бо омадани мавсими сармо афзудани шумораи гирифторони бемориҳои шадиди роҳҳои нафасро “як ҳолати маъмулӣ” номида, навишт, ки зуком (грипп) низ як бемории шадиди сироятии роҳҳои нафас ба шумор меравад ва ба он ашхоси тамоми синну сол, алалхусус, кӯдакону пиронсолон, ки масуният (иммунитет)-и заиф доранд, гирифтор мешаванд.

Нишонаҳои беморӣ:

Шахси бемор табларза шуда, ҳарорати баданаш баланд мегардад, дар мушаку буғумҳо дардро ҳис менамояд, аз сулфаи хушк ё балғамдор азият мекашад, оби биниаш зиёд меравад, димоғаш маҳкам мешавад, дарди гулӯ ва сустию беҳолӣ эҳсос мекунад. Дар баъзе ҳолатҳо бемор аз дарди гӯш шиква карда, аз иштиҳо мемонад. Баъзе кӯдакон зимни гирифторӣ ба зуком қай мекунанд, сусту беҳол мешаванд.

Гуфта мешавад, бемориҳои шадиди роҳҳои нафас дар натиҷаи шамолкашӣ сар мезананд. Зуком бо роҳи ҳавоӣ – қатраӣ дар натиҷаи муошират бо бемор сироят мекунад. Нахустин нишонаҳои зуком баъди 3-4 рӯзи сироятёбӣ маълум мешавад.

Беморони зуком вақти сулфидан дар гулӯ ва қафаси сина дард ҳис мекунанд.

Вазорати тандурустӣ барои ҳарчӣ зудтар аз зуком шифо ёфтан чанд тавсия низ додааст:

Пеш аз ҳама, сачоқу зарфҳои чою ғизохӯрӣ ва бистари беморро алоҳида бояд кард, то ба дигарон сироят накунад. Худсарона истеъмол кардани ҳар гуна доруҳо, махсусан, антибиотикҳо, дуруст нест. Зеро зуком бемории вирусӣ аст ва истеъмоли антибиотикҳо нафъ намерасонад. Духтур ҳолати беморро дида, дору тавсия медиҳад.

Бемор бояд дар як шабонарӯз 8 соат хобад, истироҳат кунад. Дар давоми рӯз нӯшидани чойи сабзи гарм, чойи бобуна, настаран (хулул, хӯч), мармарак, пудина, нозбӯ бо иловаи асал муфид аст. Барои мустаҳкам намудани масуният (иммунитет) чойи занҷабил (имбир) бо як қошуқча асал фоида дорад.

Хонаи дар он бемор хобидаро бо латтаи намнок тоза бояд кард. Агар дар дастархони бемор меваю сабзавоти тару тоза (сир, пиёз) маҳсулоти ширӣ, киви, лимӯ, афлесун ва асал бошад, бемор зудтар шифо меёбад. Шӯрбои гӯшти мурғ, моҳӣ, мастобаи серкабудию райҳондор низ фоида дошта, шифоёбии беморро метезонанд. Ҳангоми зуком истеъмоли қаҳва тавсия дода намешавад.

Чораҳои пешгирӣ аз зуком: Дар вақти ба ҷойҳои серодам рафтан аз ниқобҳои тиббӣ, ки ҳоло дар дорухонаҳо фаровонанд, истифода бояд кард. Баъди истифода аз нақлиёти ҷамъиятии мусофиркашӣ (автобус, троллейбус, микроавтобус) дастҳоро дар хонаю ҷойи кор бо собун ва биниро бо намакоби ширгарм шустан лозим аст. Бо мақсади пешгирии сироятёбӣ, пеш аз хона баромадан ба сӯрохиҳои бинӣ марҳами оксолин бояд молид. Ҳавои ҳуҷраро иваз кардан ва фаршро бо латтаи нам­нок пок кардан муфид мебошад. Ҳарорати хонаро бояд муътадил нигоҳ дошт. Шустани дастон пеш аз хӯроку баъди хӯрок бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла, зукомро низ пешгирӣ мекунад.

Ҳангоми атсазанию сулфа пеши даҳонро бо рӯймолча гирифтан эҳтимоли зиёдтар паҳншавии барангезандаҳои бемориро пешгирӣ менамояд.

Истифодаи машруботи спиртию тамоку масуниятро заиф карда, хавфи гирифторшавии ҳар гуна бемориро меафзояд.

Ҳамчунин, обутоб додани бадан дар пешгирии бемориҳо нақши муҳим мебозад. Барои мисол, сайругашт дар ҳавои тоза, хоби бароҳати 8-соата ва истироҳати бомеъёр эҳтимоли гирифторшавӣ ба бемориҳоро кам менамоянд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button