БОЗ ҲАМ “РАСИШИ КӮТОҲИ НОҚИЛҲО”: ШАРҲИ МИЛИТСИЯ ДАР БОРАИ СӮХТОРИ ШАБОНА ДАР ЯК ДӮКОНИ БОЗОРИ “САХОВАТ” (ВИДЕО)

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 18 декабри соли 2023 дар шарҳи хабари сӯхтор дар як ошхона дар канори бозори “Саховат” хабар дод, ки шаби 17 декабри соли 2023, тахминан соати 01:24, ошхона не, балки дар дӯкони “тезтайёр” (фастфуд), воқеъ дар кӯчаи А.Фирдавсӣ, ки ба шаҳрванд Мӯсоев Бобохон Қурбонхонович, санаи таваллудаш 1956, сокини шаҳри Кӯлоб тааллуқ дорад, сӯхтор ба амал омадааст.
Бино ба иттилои милитсияи пойтахти Тоҷикистон, сӯхтор дар масоҳати 10 метри мураббаъ паҳн шуда буд ва сӯхторнишонҳо дарҳол ба ҷойи ҳодиса ҳозир гардида, сӯхторро дар ҳамон масоҳати аввалааш пурра хомӯш карданд.
“Мувофиқи натиҷаҳои санҷиши пешакӣ, сабаби сар задани сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ мебошад”, – хабар додааст милитсияи Душанбе. Дар хабар дар бораи ҳаҷми зарари расида бар асари ин офат чизе гуфта нашудааст.
Қаблан хабар омада буд, ки соати тақрибан якуними шаби 17 декабри соли 2023 як ошхонаи воқеъ дар паҳлуи роҳи зеризаминӣ (“подземка)-и чорроҳаи бозори “Саховат” дар канораҳои ҷанубии шаҳри Душанбе оташ гирифтааст. Дар сабти видеоӣ аз ҷои ҳодиса, ки аз як мошини роҳгузар сабт шуда буд, дида мешуд, як бинои якқабатаи воқеъ дар сари чорроҳаи “Саховат” дар гирифтааст ва аз дохили он забонаи оташ ба осмон баланд мешавад.
Ин ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки дар Тоҷикистон ҳаво рӯзҳои охир сард шудааст ва хатари сӯхтор ба ин далел хеле зиёдтар шудааст. Ба ин далел, аз сокинон ва соҳибкорон хоҳиш мекунанд, ки дар фасли сармо аз эҳтиёти тамом кор гирифта, қоидаҳои бехатарии зидди сӯхторро бекамукост ва қатъиян риоя кунанд ва дар сурати сар задани сӯхтор зуд бо рақами 101 занг зананд!
Ин ягона ҳодисаи сӯхтор дар ошхонаҳову тарабхонаҳои Тоҷикистон дар соли ҷорӣ нест. Имсол ба ҳисоби умумӣ, беш аз 10 ошхонаву тарабхона, аз ҷумла тӯйхонаи машҳури “Яккасарой” дар канори дарёи Душанбе ба коми оташ рафта буд. Соҳибони “Яккасарой” онро хеле зуд барқарор карданд ва ин тӯйхона алакай аз моҳи марти соли 2023 дубора ба гузарондани тӯю дигар маъракаҳои мардум сар кард.
Бино ба иттилои ВКД Тоҷикистон, дар нимаи аввали соли 2023 дар ҷумҳурӣ 581 ҳодисаи сӯхтор сабт шудаааст, ки ин назар ба 476 сӯхтори нимаи аввали соли қаблӣ 106 сӯхтор бештар аст. Имсол дар натиҷаи ҳодисаҳои нохуши сӯхтор дар Тоҷикстон 18 нафар, аз ҷумла 9 ноболиғ ҷон бохта, ба моликияти давлатӣ ва шахсии шаҳрвандон ба маблағи 9 миллиону 376 ҳазор сомонӣ зарари моддӣ расидааст. Соли гузашта ҳарчанд теъдоди ҳодисаҳои сӯхтор камтар буд, вале зарари расондаашон хеле бештар: 14 миллиону 484 ҳазор сомонӣ баровард шуда буд.

