ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсатҲуқуқи инсон

ИТТИҲОДИ АВРУПО АЗ ТОҶИКИСТОН АЗ ЗИНДОН ОЗОД КАРДАНИ ТАМОМИ ЖУРНАЛИСТОНУ ҲОМИЁНИ ҲУҚУҚ ВА ФАЪОЛОНРО ТАЛАБ КАРД

Дар ҷараёни ҷаласаи 14-уми Муколамаи солонаи ҳуқуқи инсон байни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 14 декабри соли 2023  дар Душанбе баргузор шуд, Иттиҳоди Аврупо аз ҳукумати Тоҷикистон озодии фаврӣ ва беқайду шарти ҳамаи ҳомиёни ҳуқуқи инсон, рӯзноманигорон ва фаъолони дар зиндон боқӣ мондаро тақозо карда, бори дигар изҳори нигаронии худро аз ҳолатҳои бадрафторӣ ва шиканҷа дар боздоштгоҳҳои Тоҷикистон баён дошт ва мавзӯи ғайрикифоя будани тафтиши  ҳолатҳои поймолшавии ҳуқуқи башар аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҷараёни рӯйдодҳои солҳои 2021-2022 дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшонро дар миён гузоштааст.

Аз соли 2022 ба ин тараф дар Тоҷикистон беш аз 10 журналисту блогер ва даҳҳо ҳомии ҳуқуқ ва адвокатҳову фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ маҳкум ба зиндон шудаанд. Аксари онҳо парвандаву ҳукми худро сиёсӣ мешуморанд ва бар инанд, ки “говсуд” шудаанд.

Ҳайати Тоҷикистонро Фирӯз Орзузода, сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва ҳайати Иттиҳоди Аврупоро ҷаноби Дитмар Крисслер, роҳбари шӯъбаи Осиёи Марказӣ дар Хадамоти амалиёти хориҷии Аврупо роҳбарӣ мекард. Даври навбатии Муколамаи байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон  соли 2024 дар Брюссел баргузор мешавад.

Ҳайъати Тоҷикистон ҳанӯз натиҷаҳои нишасти Душанбе бо ҳайъати Иттиҳоди Аврупо шарҳ надодааст, вале Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар дод, ки ҳар ду ҷониб “ба таври ошкоро ва дар рӯҳияи созандатаҳаввулоти вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро пас аз мулоқоти охирин, ки 7 декабри соли 2022 доир шуда буд, баррасӣ карданд.  Муколамаи имсола оид ба ҳуқуқи инсон, ки ба мавзӯи таҳкими ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ нигаронида шуда буд, пас аз семинари ҷомеаи шаҳрвандии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷараёни Муколама оид ба ҳуқуқи инсон, Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон доираи васеи соҳаҳои марбут ба ҳуқуқи инсон, аз ҷумла озодии иттиҳодияҳо, озодии баён, муҳити ВАО, озодии дин ва эътиқод, инчунин пешгирии шиканҷа, ҳуқуқи занон ва ғайри табъиз  ва инчунин дархости Тоҷикистонро барои пайвастан ба Системаи умумии имтиёзҳо (GSP+) ва ҳамкориҳо дар форумҳои бисёрҷонибаро баррасӣ кардаанд.

Иттиҳоди Аврупо дар иттилоияш гуфт: “Иттиҳоди Аврупо аз маҳдудиятҳои озодии иштироки сиёсӣ ва озодии баён изҳори нигаронӣ кард, бахусус дар бораи фазои афзояндаи маҳдудшуда барои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО-и мустақил. Иттиҳоди Аврупо аз ғайрикифоя будани тафтиши нақзи ҳуқуқи башар аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми рӯйдодҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) дар солҳои 2021-2022 пурсида, бори дигар зарурати ҳамкорӣ бо аҳолии маҳаллӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро бо дарназардошти сохтани эътимод таъкид кард. Иттиҳоди Аврупо як қатор воқеаҳои инфиродии нигарониро матраҳ карда, ҳукумати Тоҷикистонро даъват кард, ки ҳомиёни ҳуқуқи инсон, рӯзноманигорон ва фаъолони дар зиндон боқӣ мондаро фавран ва бидуни қайду шарт озод кунад ва нақши муҳими онҳоро ҳамчун рукнҳои муҳими ҳар як демократия таъкид карда, аз фаъолияти онҳо дар Точикистон изҳори дастгирӣ кард”.

Иттиҳоди Аврупо  ҳамин тавр, бори дигар изҳори нигаронии худро аз ҳолатҳои бадрафторӣ ва шиканҷа дар боздоштгоҳҳои кишвар баён карда, Тоҷикистонро ба идомаи талошҳои ислоҳоти пенитенсиарӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ, яъне зиндонҳо ташвиқ кард.

Ҷонибҳо ҳамчунин ислоҳоти ҷории қонунгузорӣ ва талошҳоро ҷиҳати таҳкими ӯҳдадориҳои ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва зарурати қабули қарорҳои шаффоф ва фарогир дар асоси машваратҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои қонунҳои дахлдор ва дар ниҳоят ҳамкориҳоро дар форумҳои дахлдори бисёрҷониба, бахусус дар доираи низоми СММ баррасӣ кардаанд.

Иттиҳоди Аврупо – эътилофи 27 кишвари аврупоӣ, ки ба Тоҷикистон ба маблағи садҳо миллион евро кумакҳои билоиваз расондааст, яке аз донорҳои умдаи Тоҷикистон ба шумор меравад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, “Утоқҳои фикр”-и иттиҳоди аврупо ва амрико гуяд:

    Иттиҳоди Аврупо худ аввал паноҳҷӯёну фаъолони сиёсиро ба Тоҷикистон “тӯҳфа” накунад, дуввум дархосту талаби паноҳҷӯёнро қабул ва иҷро намояд, ҳаққи кору зиндагӣ ба паноҳҷӯён дода шавад, намунаи ибрат ба кишварҳои мустабид бошад, баъд ҳарчӣ хост, “талаб” кунад. Аввалтар аз ин, Иттиҳоди Аврупо аз фалокати инсонӣ дар Фаластин пешгирӣ намояд, се дини иброҳимиро бо ҳамдигар ҷанг андохта, чиро исбот карданӣ ҳастанд?

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button