ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: СӮХТОР ДАР ЯК ОШХОНА ДАР НАЗДИ “ПОДЗЕМКА”-И БОЗОРИ “САХОВАТ”

Шаби 17 декабри соли 2023, тақрибан соати 01:30, як  ошхонаи воқеъ дар назди роҳи зеризаминӣ (“подземка)-и бозори “Саховат” оташ гирифтааст. Ин сӯхтор алакай рурра хомӯш карда шудааст, мақомот дар пайи муайян кардани сабабҳои он ва ҳаҷми зарари расонидашуда мебошанд.

Дар сабти видеоӣ аз ҷои ҳодиса, ки аз як мошини роҳгузар сабт шудааст, дида мешавад, як ошхонаи якқабатаи воқеъ дар сари чорроҳаи “Саховат” дар гирифтааст ва аз дохили он забонаи оташ ба осмон баланд мешавад.

Тафсилоти дигари ҳодиса ҳанӯз дастрас нест. Соҳибони ошхонаи даргирифта ва дигар мақомоти масъул ҳодисаро ҳанӯз шарҳ надодаанд.

Вале ин ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки дар Тоҷикистон ҳаво рӯзҳои охир сард шудааст ва хатари сӯхтор ба ин далел хеле зиёдтар шудааст.

Масъулон аз сокинон ва соҳибкорон хоҳиш мекунанд, ки дар фасли сармо аз эҳтиёти тамом кор гирифта, қоидаҳои бехатарии зидди сӯхторро бекамукост ва қатъиян риоя кунанд. Дар сурати сар задани сӯхтор аз ҳама хоста шудааст, ки бо рақами 101 занг зананд!

Ин ягона ҳодисаи сӯхтор дар ошхонаҳову тарабхонаҳои Тоҷикистон дар соли ҷорӣ нест. Имсол ба ҳисоби умумӣ, беш аз 10 ошхонаву тарабхона, аз ҷумла тӯйхонаи машҳури “Яккасарой” дар канори дарёи Душанбе ба коми оташ рафта буд. Соҳибони “Яккасарой” онро хеле зуд барқарор карданд ва ин тӯйхона алакай аз моҳи марти соли 2023 дубора ба гузарондани тӯю дигар маъракаҳои мардум сар кард.

Бино ба иттилои ВКД Тоҷикистон, дар нимаи аввали соли 2023 дар ҷумҳурӣ 581 ҳодисаи сӯхтор сабт шудаааст, ки ин назар ба 476 сӯхтори нимаи аввали соли қаблӣ 106 сӯхтор бештар аст. Имсол дар натиҷаи ҳодисаҳои нохуши сӯхтор дар Тоҷикстон 18 нафар, аз ҷумла 9 ноболиғ ҷон бохта, ба моликияти давлатӣ ва шахсии шаҳрвандон ба маблағи 9 миллиону 376 ҳазор  сомонӣ зарари моддӣ расидааст. Соли гузашта ҳарчанд теъдоди ҳодисаҳои сӯхтор камтар буд, вале зарари расондаашон хеле бештар: 14 миллиону 484 ҳазор сомонӣ баровард шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button