ТАФСИЛОТИ МУНОҚИШАИ ТАКСИРОНИ ТОҶИК БО ПУЛИС ДАР БОЗОРИ “САДОВОД”. СӮҲРОБ ЮСУПОВ ДАР ДОДГОҲ ГУФТ, КИ Ӯ БЕГУНОҲ АСТ (ВИДЕО)
Додгоҳи ноҳияи Люблинои шаҳри Маскав рӯзи 16 декабри соли 2023 шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистон Юсупов Сӯҳроб Хурсандовичро, ки дар пайи муноқишааш бо пулис дар бозори “Садовод” бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Русия: моддаи 318 (зӯроварӣ нисбат ба намояндаи ҳокимият) ва моддаи 319 ( таҳқири намояндаи ҳокимият дар мазҳари ом) айбдор мешавад, то 16 феврали соли 2023 ба ҳабси пешакӣ гирифт.
Дар ин бора Телеграм-канали хадамоти муштараки матбуоти додгоҳҳои шаҳри Маскав (Московские суды общей юрисдикции) бо нашри як видео аз толори додгоҳ хабар дод.
Бино ба фарзияи тафтишот, шоми 15 декабри соли 2023, тахминан соати 18, корманди пулис мошини Сӯҳроб Юсуповро барои тафтиши ҳуҷҷатҳояш манъ кард. Ронанда кӯшиши фирор карда, мошинашро болои корманди пулис ронд ва ӯро дар рӯи капоти мошинаш чанд метр кашонда, ба ҳаёт ва саломатиаш хатар эҷод кард ва ҳангоми боздошташ низ корманди пулисро чанд зарбаи дигар зада, бо лафзи қабеҳ таҳқир кардааст.
Ҳангоми боздошти Сӯҳроб Юсупов муҳоҷирони дигаре, ки дар “Садовод” кор мекунанд, ба ҳимоят аз вай бархоста, кормандони пулисро иҳота карданд. Ба иддаои пулис, гӯё ҳангоми раддубадал бо мардуми ҷамъшуда, касоне аз байни издиҳом балони мошини пулисро кафондааст. Кормандони пулис барои онки ронандаи дастгиршударо бо зӯр раҳо накунанд, ду маротиба ба ҳаво тири огоҳкунанда холӣ кардаанд.
Ва аммо тасвири ин ҳодиса аз забони шоҳидони дигар аз фарзияи пулис фарқ мекунад. Муҳоҷирон мегӯянд, пулис бо як шеваи бераҳмона ронандаро дастгир карда, ба баданаш электрошокер зад ва азбаски Сӯҳроб Юсупов бемории саръ (эпилепсия) доштааст, аз зарбаи нирӯи барқ ин бемориаш авҷ гирифта, ӯ аз ҳуш рафтааст. Ба гуфтаи муҳоҷирон, маҳз чунин бархӯрди бераҳмонаи пулис нисбат ба як ронандаи бемор сабаб шуд, ки онҳо ба ҳимоят аз ӯ ҷамъ шаванд.
Пулис хуруҷи бемории саръи ронандаи дастгиршударо тасдиқ мекунад, вале мегӯяд, ки баъди авҷ гирифтани бемории Юсупов онҳо худашон ҳам кӯшиш кардаанд, то ба вай ёрӣ расонанд.
Прокуратура ё додситонии шаҳри Маскав дар Телеграм-каналаш хабар дод, ки ҳарчанд додгои Люблино аз дархости тафтишот барои ба ҳабси пешакӣ гирифтани ронанда пуштибонӣ кард, вале худи ронанда дар додгоҳ иттиҳоми эълоншударо ба гардан нагирифт ва ҳамчунин аз интихоби ҳабси пешакӣ ба ҳайси чораи пешгирӣ нисбат ба ӯ норозигӣ кард.
Худи Сӯҳроб Юсупов, ё наздиконаш барои шарҳи мустақими қазия дастрас нестанд, вале ба ӯ бар асоси моддаи 319 барои таҳқири кормандони пулис ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи то 40 ҳазор рубл, ё то 360 соат корҳои ҳатмӣ ваё то як сол корҳои ислоҳӣ таҳдид мекунад. Вале бар асоси моддаи 318 барои зӯроварӣ нисбат ба кормандони пулис ба ин муҳоҷири тоҷик ҷазои хеле вазнинтар: ҷарима ба маблағи то 200 ҳазор рубл, ё то 6 моҳи ҳабс ваё корҳои маҷбурӣ ё ҳукми зиндон ба муҳлати то 5 сол таҳдид мекунад.
Чунин ба назар мерасад, ки мақомоти Русия аз ин муноқишаи муҳоҷирон бо пулис дар бозори “Садовод” мехоҳанд як қазияи бузург бисозанд. ВКД Русия рӯз 16 декабр хабар дод, ки дар пайи муноқиша дар бозор 82 нафар дастгир гардида, дар робита ба ин ҳодиса бар асоси 3 моддаи Кодекси ҷиноятии Русия: моддаи 213 (авбошӣ), моддаи 318 (зӯроварӣ нисбат ба намояндаи ҳокимият) ва моддаи 319 ( таҳқири намояндаи ҳокимият) парвандаҳои ҷиноятӣ кушодаанд.
Раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин, ки бо мавқеи ошкоро муҳоҷирбадбинонааш ном бароварда, тақрибан ҳар як қонуншикании муҳоҷиронро зери назорати худ мегирад, билофосила қазияи муноқиша дар бозори “Садовод” байни муҳоҷирон ва пулисро низ зери назорати худ гирифта, талаб кардааст, ки ба ӯ дар бораи ҷараёни тафтиши ин парванда ҳисобот диҳанд.
Сарраёсати тафтишоти шаҳри Маскав рӯзи 16 декабр дар Телеграм-каналаш хабар дод, ки дар чорчӯби тафтиши ин парванда алакай дар муноқиша даст доштани 11 нафар муайян карда шуда, 6 нафари онҳоро алакай барои бозпурсӣ ва анҷоми дигар ҳаракатҳои тафтишотӣ ҳозир кардаанд.
.
Ин ниҳод ҳамчунин гуфт, ки “шахсияти дигар иштирокчиён низ муайян карда шудааст ва барои ба мақомоти тафтишотӣ ҳозир кардани онҳо чораҳо андешида шуда истодаанд”.
Сарраёсати тафтишоти шаҳри Маскав лаҳзаҳое аз ҷараёни ба бозпурсӣ ҳозир кардани се нафар аз дастгиршудагонро, ки зоҳирани низ зодагони Тоҷикистонанд, нашр кард. Дар ин видео муфаттиш ба ҳар кадоми онҳо алоҳида эълон мекунад, ки онҳо бар асоси моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Русия ба авбошӣ айбдор мешаванд. Ба онҳо бар асоси ин банди қонуни Русия ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи аз 300 ҳазор то 500 ҳазор рубл, ё то 480 соат корҳои ҳатмӣ, ё аз 1 то 5 сол корҳои ислоҳӣ ва ё аз 1 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.
Бозори “Садовод”, ки дар ҳудуди ноҳияи Люблино дар канораҳои ҷанубушарқии пойтахти Русия ҷойгир шудааст, яке аз бузургтарин бозорҳои шаҳри Маскав ва Русияи марказӣ ба шумор меравад.
Дар бозори “Садовод” садҳо зодаи Тоҷикистон кор мекунанд. Бархеи онҳо дар инҷо ба тиҷорат машғул буда, мағозаҳои худро доранд. Аммо аксари муҳоҷирони тоҷик дар “Садовод” ба ҳайси ҳаммол (грузчик), ошпаз ё фурӯшанда кор мекунанд ваё барои рӯбучини қаламрави бузурги ин бозор ба кор ҷалб шудаанд.