БОЗДОШТИ ЯК МУХОЛИФИ ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН БО ТАХАЛЛУСИ “САЙФУЛЛО” ДАР МАСКАВ

Як мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон ва узви собиқи ҳаракати оппозитсионии феълан дар Тоҷикистон мамнӯи “Гуруҳи 24”, ки дар байни ҳамсафонаш бо тахаллуси “Сайфулло” маъруф буд, дар шаҳри Маскав дастгир шудааст.
Инро дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” ду нафар аз дӯстони “Сайфулло” ба шарти дар гузориш наовардани номашон тасдиқ карданд.
Ба гуфтаи онҳо, ин мунтақиди ҳукуматро рӯзи 6 ило 7 декабри соли 2023 мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия аз назди манзиле, ки дар Маскав иҷора менишаст, дастгир кардаанд. Худи “Сайфулло” рӯзи 9 декабр ба яке аз дӯстонаш дар Аврупо тамос гирифта, аз боздошташ хабар додааст ва гуфтааст, ки ӯро ба зудӣ аз тавқифгоҳи шуъбаи пулис ба СИЗО интиқол медиҳанд ва дар боздоштгоҳ ӯ дигар имкони тамос нахоҳад дошт, чунки дар онҷо телефонашро аз ӯ хоҳанд гирифт.
“Сайфулло” гуфтааст, ки ӯро бо дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир кардаанд.
Мақомоти Тоҷикистон то кунун боздошти ин мухолифи ҳукуматро шарҳ надодаанд, вале маъмулан ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Русия бо Душанбе дар мавриди ҷустуҷӯву боздошт ва истирдоди мухолифини сиёсии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ҳамкорӣ мекунад.
“Сайфулло” тахаллуси Шерафкан (Шеравкан) Миров, санаи таваллудаш 30 декабри соли 1978, зодаи совхози машҳури “Туркманистон”-и ноҳияи Вахш аст. Совхози “Туркманистон” зодгоҳи раҳбари собиқи Иттиҳоди нирӯҳои мухолифини тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва яке аз пойгоҳҳои асосии мухолифин дар водии Вахш дар соли 1992, соли аввали ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аст.
Шерафкан Миров 10 сол қабл, вақте соҳибкори тоҷик Умаралӣ Қувватов баъди аз даст додани тиҷоратҳояш ва тарки Тоҷикистон ҳаракати оппозитсионии “Гуруҳи 24”-ро таъсис дод, ба “Гуруҳи 24” пайваст ва дар силсилаи эътирозҳое, ки Қувватов ва ёронаш тобистон ва тирамоҳи соли 2014 дар шаҳрҳои Русия бо ҷалби муҳоҷирони тоҷик доир карданд, иштирок дошт.
Ба гуфтаи дӯстонаш, аз ҳамон вақт ба зидди ӯ дар Тоҷикистон барои иштирокаш дар эътирозҳои зиддиҳукуматӣ парванда кушода буданд ва ин ҳама сол “Сайфулло” дар Маскав ғайриқонунӣ ва амалан ба сурати нимапинҳонӣ кору зиндагӣ мекард.
“Сайфулло” дар Маскав дар як устохонаи тармиму таъмири чархҳои мошин, ё ба истилоҳи маъруфтар, “вулканизатсия” кор мекард ва гӯё соҳиби ин устохона, ки як афсари дар гузашта баландпоя будааст, ҳимояи ӯро ба дӯш гирифта будааст. Ва “Сайфулло” бо итминон ба ҳимояти ҳамин корфармои пурнуфузаш ин ҳама сол, ки аксари ёрони Умаралӣ Қувватов ба кишварҳои Аврупо паноҳ бурданд, тарки Русия накардааст.
Шарофиддин Гадоев, яке аз раҳбарони оппозитсияи тоҷик, ки дар Тоҷикистон шарики тиҷоратии Умаралӣ Қувватов буду ҳамроҳи ӯ дар саргаҳи таъсиси “Гуруҳи 24” меистод, дар суҳбат бо “Бомдод” нақл кард, ки “Сайфулло” баъди кушта шудани Қувватов бо дигар раҳбарони баъдии “Гуруҳи 24” соз нагирифт ва аввал ҳамроҳи Шарофиддин Гадоев, Собир Валиев, Сулаймон Давлатов ва чандеи дигар аз аъзои “Гуруҳи 24” ба Конгресси нирӯҳои демократии Тоҷикистон ба раҳбарии Додоҷон Атовуллоев гузашт, вале дар ин созмон низ дер наистод.
“Сайфулло” мухолифи ҳукумати кунунӣ буду боқӣ монд, вале солҳои охир сари танҳо ба муборизаи худ идома медод. То ҷое медонам, ӯ вақтҳои охир ба ақидаҳои раҳбари ҳизби коммунисти Русия Геннадий Зюганов майл пайдо карда буд ва ҳасрати бозгашт ба замони Шӯравиро дар сар дошт”, – нақл кард Гадоев.
“Сайфулло” ҳатто саҳифаҳояш дар Фейсбукро низ дар ҳамин ҳавои ақидаҳои коммунистӣ ва ҳасрати бозгашт ба замони Шӯравӣ “Таджикская ССР” ва “Тоҷикони СССР” ном гузошта буд.
Охирин матлаби дар яке аз ин саҳифаҳояш гузоштаи “Сайфулло” аз санаи 6 декабр аст.
“Гуруҳи 24” аз ҷониби соҳибкор Умаралӣ Қувватов соли 2012, дар пайи фирори ӯ аз Тоҷикистон ва ба ғасби тиҷоратҳояш дар Тоҷикистон, аз ҷумла ба ғасби ширкатҳои “Тоҷирон” ва “Фароз” айбдор кардани Шамсулло Соҳибов, яке аз домодҳои президенти Тоҷикистон ташкил шудааст.
Дар тобистон ва тирамоҳи соли 2014 “Гуруҳи 24” дар шаҳрҳои Русия бо ҷалби муҳоҷирони тоҷик силсилаи гирдиҳамоиҳои эътирозӣ ба зидди ҳукумати Тоҷикистонро доир карда, ҳамаро ба гирдиҳамоии ниҳоӣ дар таърихи 10 октябри ҳамон сол дар майдони Дӯстӣ – майдони марказии шаҳри Душанбе даъват кард. Ин гирдиҳамоӣ дар Душанбе доир нашуд, вале Додгоҳи олии Тоҷикистон алакай рӯзи 9 октябри соли 2014 фаъолияти “Гуруҳи 24”-ро дар кишвар манъ ва баъди чанде ин созмонро ба рӯйхати созмонҳои ифротӣ шомил кард.
Асосгузори “Гуруҳи 24” Умаралӣ Қувватов моҳи марти соли 2015 дар шаҳри Истанбули Туркия дар натиҷаи як сӯиқасди мусаллаҳона кушта шуд. Дар солҳои охир шумори зиёде аз аъзо ва тарафдорони “Гуруҳи 24” боздошт ва маҳкум ба зиндон шуданд ва қисми дигар ба кишварҳои Аврупо паноҳ оварданд. Ҳоло ин созмони оппозитсионӣ асосан дар Аврупо амал мекунад, вале раҳбари кунунии “Гуруҳи 24” Сӯҳроб Зафар дар Туркия қарор дорад.

