ВидеоМуҳоҷиронТоҷикистонҲодисаҲуқуқи инсон

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: БОЗДОШТИ 80 НАФАР ДАР ПАЙИ МУНОҚИШАИ МУҲОҶИРОН БО ПУЛИС ДАР БОЗОРИ “САДОВОД” ДАР МАСКАВ

Шоми 15 декабри соли 2023 муноқишаи байни муҳоҷирон ва кормандони пулис дар бозори “Садовод”, яке аз бузургтарин бозорҳои шаҳри Маскав ва Русияи марказӣ, қариб ба занозанӣ мепечид. Кормандони пулис баъди онки издиҳоми муҳоҷирон иҳотаашон кард, ҳатто дастикам ду маротиба ба ҳаво тир холӣ карданд.

Телеграм-канаи “Осторожно, Москва!” хабар дод, ки муноқиша дар ҷараёни рейди навбатии пулис рӯй дод. Кормандони пулис дар назди даромадгоҳи №6 бозори “Садовод” як ронандаи таксиро манъ карданд, вале ӯ гӯё ба амри пулис итоат накарда, ба роҳаш идома додааст. Бархӯрди беш аз ҳад шадиди кормандони пулис ҳангоми боздошти ин ронанда хашми издиҳоми муҳоҷиронро барангехт ва онҳо кормандони пулисро иҳота карданд. Байни ду тараф радубадалҳои лафзӣ ва телакунӣ сурат гирифт ва кормандони пулис барои ором кардани издиҳом ду маротиба ба ҳаво тир холӣ карданд.

Ба гуфтаи муҳоҷирон, пулис ронандаро бо электрошокер маҷруҳ ва беҳуш кард ва ҳамин сабаби хашми издиҳом шуд.

Баҳси муҳоҷирон бо пулис ба зудӣ анҷом ёфт ва ҳама зоҳиран оромона пароканда шуданд.

Аммо рӯзи 16 декабр Сарраёсати тафтишоти шаҳри Маскав хабар дод, ки дар робита ба муноқиша дар бозори “Садовод” парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда, нафаре, ки ба пулис ҳамла кард, дастгир шудааст.  Ба иттилои канали “Осторожно, Москва!”, мақомот ҳамчунин то куҷо қонунӣ будани будубоши 80 нафари дигарро таҳқиқ мекунанд.

Ин канал хабар дод, ки нафари муттаҳам ба ҳамла ба кормандони пулис зодаи Тоҷикистон аст ва рӯзи 16 декабр масъалаи ба ҳабси пешакӣ гирифтани ӯ баррасӣ мешавад.

“Алайҳи марде, ки нисбат ба кормандони пулис дар ҳудуди бозори “Садовод” аз зӯроварӣ кор гирифт, бар асоси  ду моддаи Кодекси ҷиноятии Русия: моддаи 318 (зӯроварӣ нисбат ба намояндаи ҳокимият)  ва моддаи 319 ( таҳқири намояндаи ҳокимият дар мазҳари ом) парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд”, – хабар додаанд дар ниҳоди тафтишотии пойтахти Русия.

Номи марди боздоштшуда нашр нашудааст, худи ӯ ва наздиконаш барои шарҳи қазия дастрас нестанд. Ба ӯ бар асоси моддаи 319 барои таҳқири кормандони пулис ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи  то 40 ҳазор рубл, ё то 360 соат корҳои ҳатмӣ ваё то як сол корҳои ислоҳӣ таҳдид мекунад. Вале бар асоси моддаи 318 барои зӯроварӣ нисбат ба кормандони пулис ба ин муҳоҷири тоҷик ҷазои хеле вазнинтар: ҷарима ба маблағи то 200 ҳазор рубл, ё то 6 моҳи ҳабс ваё корҳои маҷбурӣ ё ҳукми зиндон ба муҳлати то 5 сол таҳдид мекунад.

Ва аммо тавре ба назар мерасад, ин танҳо нафаре аз зодагони Тоҷикистон нест, ки дар муноқишаи шоми 15 декабр бо кормандони пулис дар “Садовод” иштирок доштанд. Дар видеоҳои нашршуда шунида мешавад, ки дар байни издиҳом ва шоҳидон бисёриҳо ба забони тоҷикӣ суҳбат мекунанд.

Дар бозори “Садовод” садҳо зодаи Тоҷикистон кор мекунанд. Бархеи онҳо дар инҷо ба тиҷорат машғул буда, мағозаҳои худро доранд. Аммо аксари муҳоҷирони тоҷик дар “Садовод” ба ҳайси ҳаммол (грузчик), ошпаз ё фурӯшанда кор мекунанд ваё барои рӯбучини қаламрави бузурги ин бозор ба кор ҷалб шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button