ВИДЕО +18: БА ДАСТ АФТОДАНИ 10 НАВРАС ДАР КАЛУГА БАРОИ ДАСТИКАМ 8 ҲАМЛА БА МУҲОҶИРОН
Дар шаҳри Калугаи Русия 10 наврасро бо иттиҳоми дастикам 8 ҳамла ба муҳоҷирон ва сабуту нашри видеои ин ҳамлаҳо дастгир кардаанд.
Телеграм-каналҳои русии “База” ва “Подъём” хабар доданд, ки саркардагони ин гуруҳи ҷиноятии иборат аз 9 писару як духтар як хонандаи 16-солаи синфи 10 бо номи Сергей З. ва донишҷӯи низ 16-солаи техникум бо номи Артём Ф. буда, онҳо тавассути Александраи 14-сола, ягона духтар дар ин бандаи миллатгароён, “шахсони ғайриславян”-ро бо ваъдаи “мулоқоти ошиқона” ба дом меафтонданд ва агар муҳоҷир ба “мулоқот” меомад, ҳамакаса ӯро бераҳмона мезаданд ва ин ҳамаро ба видео гирифта, дар ду канали дар шабакаи Телеграм кушодаашон нашр мекарданд.
Бино ба фарзияи тафтишот, ҳадафи банда “ба таври ҷисмонӣ аз байн бурдани шахсони ғайриславян” буда, дар давоми ним соли фаъолият онҳо ба зидди муҳоҷирон на камтар аз 8 ҳамла анҷом додаанд. Ҳадафи ҳамлаҳои ин гуруҳи миллатгароён зодагони Ӯзбекистону Тоҷикистон ва Арманистон қарор гирифтаанд.
Ҳангоми кофтукоб аз аъзои ин банда корду силоҳ, роҳнамои тарзи сохтани бомба ва ҳамчунин рамзи созмони тундрави украинии “Правий сектор” -ро, ки дар Русия созмони террористӣ шинохта шуда, фаъолияташ мамнӯъ шудааст, пайдо кардаанд.
Ба зидди дастгиршудагон бар асоси моддаи 282, иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми ташкили созмони ифротӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.
Хабарнигори “Подъём” муайян кардааст, ки яке аз ташкилкунандагони ин банда хонандаи синфи даҳуми мактаби миёна буд. Манбаи “Подъём” гуфтааст, ки дар мактаб аксари хонандагон хуб медонистанд, ки аъзои ин банда ба чӣ кор машғуланд?
“Суҳбатҳои хонандагон дар ин бора ба гӯши омӯзгорон ҳам мерасид, вале вақте ки онҳо кӯшиш мекарданд, ки ягон чизеро дар ин бора маълум кунанд ва мепурсиданд, ки байни шумо чӣ мегузарад?, шогирдон онҳоро бо ин ҳарф ором мекарданд, ки “мо шӯхӣ дорем”. Бо ҳамин, омӯзгорон ором шуда, таги гапро дигар намекофтанд”, – нақл кардааст ҳамсуҳбати “Подъём”.
Бино ба нақли ӯ, саркардаи банда нафақат муҳоҷирон, балки хонандагони мактабро ҳам латтукӯб мекард ва ҳама аз вай метарсид. “Вай як бачаи бесар ва хеле паръошҷӯ буд. Метавонист бизанад, зери мушту лагат бигирад ва хеле сахт. Вай варзишгар буд, хеле вақт боз машқи бокс мекард”, – нақл кардааст ҳамсуҳбати “Подъём”.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Калуга то кунун хабари боздошти 10 узви навраси бандаи миллатгароёнро расман шарҳ надодаанд. Вале боздошти онҳоро волии вилояти Калуга Владислав Шапша дар суҳбат бо канали “Подъём” тасдиқ кардааст.
“Ҳар ончи, ки ба зӯроварӣ ба зидди шахс рабт дорад, хусусан дар чунин шакли густохона — ин, албатта, ба чолиш кашондани ҷомиа аст. Ва ягон далел чунин рафторро сафед карда наметавонад. Ин бори дигар таъкид мекунад, ки вақте сухан дар бораи муносибатҳои байни миллатҳо меравад, мо бо чӣ қадар як мавзӯи ҳассосу нозук сару кор дорем. Тафтишот бояд мӯро аз хамир ҷудо карда, ҳам ангезаҳои ин аъмолро муайян кунад ва ҳам инки дар асл чӣ рух дод ва чаро? Таҳқиқи ин хеле муҳим аст”, – изҳор доштааст Шапша, ки бо сиёсати ошкоро ба зидди муҳоҷиронаш маъруф буд ва ба назари бисёриҳо, маҳз дар давраи раёсати ӯ вилояти Калуга ба яке аз марказҳои авҷи бадбинӣ нисбат ба муҳоҷирон табдил ёфт.