МУСОДИРАИ БЕШ АЗ 240 ҲАЗОР “ХЛОПУШКА” АЗ 4 НАФАР, АЗ ҶУМЛА 3 НОБОЛИҒ
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз боздошти боз 4 нафар, аз ҷумла 3 ноболиғ, бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ ё пиротехникӣ ва аз онҳо мусодира шудани беш аз 240 ҳазор донна “хлопушка”хабар дод.
Аз ҷумла, бино ба иттилои ВКД, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир гардид. 12-уми декабри соли 2023, аз гумонбаршаванда 237 ҳазору 600 дона маводи ҳархелаи тарфгарӣ дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ноболиғи 16-солаи сокинони шаҳри Душанбе бо гумони муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи тарфгарӣ дастгир карда шуданд. Аз гумонбаршавандагон ҳангоми кофтукови шахсӣ 20 қуттӣ маводи тарфгарии тамғаи «Трения» ҳамчун далели шайъи мусодира карда шуд.
Ҳамин тариқ, аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 16-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи тарфгарӣ дастгир гардид. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз гумонбаршаванда 100 адад қуттиҳои маводи тарфгарии «Трения», ки дар умум 4 ҳазору 500 донаро ташкил медиҳанд, дарёфт ва мусодира карда шуд.
ВКД гуфт, тафтиши ин ҳодисаҳо идома дорад.
Дар Тоҷикистон аз соли 2008 воридот, хариду фурӯш ва истеҳсолу паҳн намудани маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ, ё хлопушка) манъ карда шуда, дар Кодекси ҷиноятии ҷумҳурӣ моддаи махсуси 199, иловаи 1 илҳоқ шудааст. Ин банди қонун ҳамчун ҷазо барои воридоту нигаҳдорӣ ва фурӯши “хлопушка” аз ҷарима ба андозаи аз 100 то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли 2023 баробари 64 сомонист ва аз соли оянда ба 72 сомонӣ мерасад) то ҳукми зиндон ба муҳлати аз як то ду солро пешбинӣ мекунад.
Ҳар сол дар арафаи Соли нави мелодӣ, бавижа дар моҳи декабр мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар бораи боздошти даҳҳо нафар бо иттиҳоми ғайриқонунӣ ворид кардану ба фурӯш гузоштани маводи тарфгарӣ ва мусодираи садҳо ҳазор “хлопушка” хабар медиҳанд.
Дар арафаи соли нави 2023 милитсияи Душанбе аз мусодираи беш аз як миллион “хлопушка” ва боздошти набераи президенти собиқи Тоҷикистон Набиев Раҳмон Рашидович, ки ҳамноми бобои президенташ ҳам буд, хабар дода буданд.
Мақомот мегӯянд, садои баланду гӯшхароши “хлопушка” оромии шаҳрвандон ва фазои идонаро дар рӯзҳои таҷлили Соли нав халалдор карда, ба саломатии шаҳрвандоне, ки гирифтори бемориҳое, чун диабети қанд ё бемориҳои қалбанд, хатар эҷод мекунад ва ҳамин тавр, метавонад сабаби ҳодисаҳои нохуше, чун сӯхтор ё осеб дидани шаҳрвандон бар асари таркидани маводи тарфгарӣ шавад.
Аммо ҳомиёни ҳуқуқ қарори манъи “хлопушка”-ро дар қарорҳое, чун манъи даъвати дӯстону ҳамкорон ба ҷашни зодрӯз ё маҳдуд кардани шумораи меҳмонону ҳатто номгӯи таом дар маъракаҳои тӯю азои мардум аз қарорҳои аҷибулғариби ҳукумати кунунӣ меноманд, ки дар берун аз кишвар мавриди хандахариш қарор дода мешаванд.