Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҲАЛОКАТИ ЯК ПИЁДАГАРД ВА ЯК ДУЧАРХАРОН ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ МОШИНҲОИ РОҲГУЗАР

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 14 декабри соли 2023 дар ду садамаи марговар дар шимол ва маркази ҷумҳурӣ як пиёдагарди 57-сола ва як дучархарони 59-сола зери чархи мошинҳои роҳгузар ҷон бохтаанд.

Аз ҷумла субҳи 14-уми декабри соли 2023, тахминан соати 06:30-дақиқа, ронандаи мошини мусофиркаши тамғаи «Мерседес-Спринтер», Баротов Хуршедҷон Толибович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ноҳияи Б.Ғафуров, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо қисмати пеши тарафи рости мошинаш пиёдагард Раҷабов Аюбҷон Алибоевич, соли таваллудаш 1966, сокини шаҳри Хуҷандро пахш намудааст. Дар натиҷа, Раҷабов А.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ҷон додааст.

14-уми декабри соли 2023, тахминан соати 15:00, ронандаи мошини тамғаи “Лексус-570”, Воҳидов Ҷурабек Муҳиддинович, соли таваллудаш 1965, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Данғара ба самти маркази шаҳри Ваҳдат дар ҳудуди ҷамаати деҳоти Б.Бурунови ҳамин шаҳр аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромадааст ва дучархарон Олимов Нурулло Маҳмадраҷабович, соли таваллудаш 1964, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард Олимов Н.М. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Роҳҳои Тоҷикистон аз лиҳози садамаҳои марговараш пурхатар дониста мешаванд. Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин омори ВКД, танҳо дар нимаи аввали соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон дар 492 садама 193 нафар ба ҳалокат расида, 514 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button