Ҳодиса

ВИДЕОИ ЧОЛОКИИ ЯК ЗАН АЗ КӮШОНИЁН, КИ КУЛЧАИ ГАЗИДАИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОНРО ПЕШДАСТӢ КАРДА, ГИРИФТ

Дар Интернет видеои пешдастии як зан, ки кулчаи газидаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро чолокона, ба қавли мардум, қап зада гирифт, пуртамошобин шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари корӣ дар ноҳияҳои водии Вахш қарор дорад, рӯзи 14 декабри соли 2023 дар ноҳияи Кӯшониён дар маросими ифтитоҳи сардхонаи ширкати “Сомон Агро Саноат”  иштирок кард. Гуфта мешвад, ки дар ин сардхона феълан метавонад то 2 ҳазор тонна меваю сабзавот ва баъди анҷоми марҳалаи дуюми сохтмонаш зиёда аз 4 ҳазору 500 тонна меваю сабзавот ҷойгир кард.

Дастгоҳҳои замонавӣ, аз кишварҳои Туркия ва Италия ворид гардида, ҳарорати дохили сардхонаро аз 5 дараҷа гармӣ то 10 дараҷа хунукӣ нигоҳ медорад. Чунин шароит имкон медиҳад, ки меваю сабзавот тару тоза ва бо сифати аъло нигоҳ дошта шавад.

Аммо боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз ин корхона бештар бо рафтанаш ба пеши занони нонпазе, ки дар назди як танӯр гирд омада буданд, дар хотирҳо нақш баст. Эмомалӣ Раҳмон як кӯлчаи гарми аз танӯр кандашударо гирифта, каме аз он чашид ва сипас хост, ки он кӯлчаро ба касе дароз кунад, вале яке аз занҳои нонпазе, ки дар паҳлуи президент истода буданд, чолокии хосе нишон дода, он кулчаро аз дасти президент қап зада гирифт. Эмомалӣ Раҳмонро аз ин ҳолат хандааш омад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ҳасан Абдуғаффор Холмуҳаммадзода, Раиси кумитаи тадорукоти Дастгоҳи иҷроия гуяд:

    Чанд бардошт аз ин навор: аввалан, бараъло маълум аст, ки “сохтаву пардохта” (театрализованный) аст, яъне ба хонумҳо гуфта шудааст, ки вақте “пешво” нонро сӯйи касе дароз кард, наздиктарини шумо бояд нонро “қап” зада гирад. Дуввуман тақаддусгароӣ ва шахсиятпарастӣ ҳамин аст, вақте “тагмонда”-и “пешво”-ро муқаддас шумурда, чусту чолокӣ мекунаду аз дасташ “қап” зада мегирад. Севвуман, ин ба “хоҷагони хориҷӣ” нишон медиҳад, ки мардум ҳанӯз аз нон сер нашудаанд, ба ин маъно, ки талаби мардум нон асту бас, талабашон тағйири низом нест, тағйири сиёсат нест, ҳатто дар мавриди реҷаи барқ ҳарфе намезананд. (Бомдод назари моро хостед, бе таҳрир нашр кунед).

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button