ВидеоМуҳоҷиронТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

ПЕШГИРӢ АЗ ИНТИҚОЛИ 27 КАБӮТАР ВА 20 ПАРРАНДАИ ДИГАР АЗ РУСИЯ БА ТОҶИКИСТОН (АКС)

Идораи Росселхознадзори вилоятҳои Челябинск ва Қӯрғони Русия хабар дод, ки кормандонаш ҳамроҳ бо марзбонон аз аввали моҳи декабри соли 2023 аз ду ҳолати кӯшиши аз Русия ба Тоҷикистон бурдани паррандагон пешгирӣ кардаанд.

Рӯзи 11 декабри соли 2023 дар марзи Русия бо Қазоқистон дар гузаргоҳи “Бугристое” дар наздикии шаҳри Троитски вилояти Челябинск як шаҳрванди Русияро манъ карданд. Ӯ бо худ бидуни асноди байторӣ ва сертификати бойторб бо формаи №1 Иттиҳоди гумрукӣ мехост 27 кабӯтарро аз шаҳри Екатеринбурги Русия тавассути Қазоқистон ба шаҳри Душанбеи Тоҷикистон барад.  Бар асоси қисми дуюми моддаи 10.8 Кодекси қонуншиканиҳои маъмурии Русия, ин кабӯтарбозро ҷарима бастанд, вале бо худ бурдани кабӯтарҳоро ба ӯ иҷозат надоданд.

Ҳамин тавр, рӯзи 5 декабр дар ҳамин гузаргоҳи “Бугристое” кормандони Росселхознадзор ва марзбонҳо монеи ба Тоҷикистон бурдани 20 паррандаи декоративӣ аз навъҳои сискин (чиж), бедона (канарейка) ва қурқуф (синичка) шуданд. Сабаб боз ҳамон буд: надоштани асноди байторӣ, аз ҷумла сертификати байторӣ бо формаи №1. Ронандаи мошин гуфтааст, ки ин паррандаҳоро аз шаҳри Екатеринбург тавассути Қазоқистон ба Тоҷикистон мебарад.

Ӯро низ бар асоси моддаи 10.8 ҷарима баста, барои бурдани паррандагон иҷоза надодаанд.

Қаблан, рӯзи 21 ноябр дар ҳамин гузаргоҳаз талоши аз Русия ба Ӯзбекистон бурдани 20 паррандаи навъи гаичка (як навъи қурқуф ё синичка) пешгирӣ шуда буд.

Идораи Росселхознадзор ёдрас кардааст, ки тамоми ҷонварон, аз ҷумла паррандагон, ҳангоми убури марз, аз назорати байторӣ мегузаранд. Ҳадафи ин назорат роҳ надодан ба паҳншавии бемориҳои сироятии хатарнокест, ки метавонанд ҳам ба ҷонварон ва ҳам ба инсон сироят кунанд.

Дар сурати сафар бо ҷонвар ба кишварҳои СНГ, бояд дар клиникаи байтории маҳалли зист ва маҳалли сафари ҷонвар шаҳодатнома дар формаи №1 пур карда шавад. Дар сурати сафар ба кишварҳои Иттиҳоди АвроОсиё барои ҷонвар бояд аз ягон клиникаи байтории давлатӣ сертификати байтории Иттиҳоди гумрукиро дар формаи №1 гирифт. Ин аснод бояд на камтар аз 5 шабонарӯз қабл аз сафар пур карда шаванд.

Дар дохили қаламрави Русия барои интиқоли ҷонварон чунин асноди байторӣ талаб карда намешавад, вале агар шумо ягон ҷонварро аз минтақае, ки ба хуруҷи бемории гриппи парандагон дучор шудааст, ба як минтақаи солим бурданӣ шавад, инро ба шумо иҷоза нахоҳанд дод.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button