МАРГИ ТИФЛИ ЯКУНИМСОЛАИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР КРАСНОЯРСК АЗ ДОРУИ АНТИБИОТИК
Дар шаҳри Красноярски Русия дар пайи бо сӯзандору гузарондани антибиотик духтарчаи якунимсолаи як оилаи муҳоҷирони тоҷик ҷон додааст. Дар ин бора 15 декабри соли 2023 нашрияи маҳаллии “Новая Хакасия” хабар дод. Бино ба иттилои нашрия, фоҷиа рӯзи 18 ноябри соли 2023 рух додааст. Модари 30-солаи духтарча ва падари 39-солааш ба сабаби дар Русия сабти номи қонунӣ надоштани ҷавонзан тасм
им гирифтаанд, ки фарзанди беморшудаашонро худашон мустақилона дар хона табобат кунанд. Модари кӯдак ба бадани ӯ бо сӯзандору антибиотики тсефтиаксон гузарондааст. Вале дору боиси ба шоки анафилактикӣ ва судорога афтодани кӯдак шудааст. Падару модар кӯдакро фавран ба бемористон бурдаанд, вале табибон натавонистаанд ки аз марг наҷоташ диҳанд. Кӯдак ба ҳолати кома (мадҳушӣ афтода), ҳамин тавр, дигар ба ҳуш наомада, ҷон додааст.
Ҳоло падару модарро ба они айбдор мекунанд, ки ба ҷои ба табибон муроҷиат карданд, худашон даст ба табобати кӯдак задаанд. Дар робита ба ини ҳодиса бар асоси қисми якуми моддаи 109 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми аз беэҳтиётӣ ба марг расондани кӯдак парванда кушодаанд. Ба падару модар бар асоси ин банди қонуни Русия ҳамчун ҷазо то 2 сол корҳои ислоҳӣ ё маҷбурӣ, маҳдуд кардани озодӣ ба ҳамин муддат ва то 2 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.
Бино ба иттилои “Новая Хакасия”, падари кӯдак рӯзи 16 ноябр ба Қазоқистон сафар карда буд ва дар рӯзи ҳодиса дар Красноярск набудааст. Модари тифли ғӯррамарг гуфтааст, ки ба вай сироп нӯшонда буд ва сӯзандору нагузарондааст.
Ин алакай дуюмин ҳодисаи марги кӯдакони хурдсоли муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар рӯзҳои охир аст. Қаблан хабар омада буд, ки духтарчаи дусолаи як оилаи зодагони Тоҷикистон шоми 13 декабри соли 2023 дар шаҳри Приозёрски вилояти Ленингради Русия ҷон додааст.
Нашрияҳои маҳаллӣ, аз ҷумла “Фонтанка”, хабар доданд, ки фоҷиа дар як манзил дар кӯчаи Калинин вақте рух дод, ки ин кӯдак ҳамроҳи бародари сесолааш бозӣ мекард. Аз қазо вақти бозии кӯдакон тумбае, ки дар болояш телевизор буд, ҳамроҳи телевизор ба болои сари духтарча чаппа шудааст. Бино ба иттилои Piter.tv, кӯдак дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Дар бораи осеб дидан ё надидани писарчаи ин хонадон дар хабарҳо чизе гуфта нашудааст.
Ҷасади духтарчаи ҳалокшударо барои ташхис ба морг бурдаанд, тафтиши ҳодиса идома дорад.
Оилае, ки духтарчаашон ба чунин сурати фоҷиавӣ ғӯррамарг шуд, оилаи пурраву солим ба шумор меравад ва дар қайди бахши ноболиғон қарор надошт. Ҳарду кӯдаки ин хонадон шаҳрванди Русия буданд ва ба боғчаи кӯдакон мерафтанд.
Модари онҳо, ки ҳамагӣ 23 сол дорад, дар идораи коммуналӣ ба ҳайси кӯчарӯб (дворник) кор мекунад. Падари кӯдакон расман ҷои кор надоштааст.
“Провинция.ру” хабар дод, ки духтарчаи ҳалокшуда дар Тоҷикистон ба дунё омада буд, вале як сол пеш соҳиби шаҳрвандии Русия шуд. Бино ба иттилои нашрияи 47channel (“Канали 47”), соли 2022 ин духтарча ҳамроҳи бародарашу модари 23-солааш якҷоя шаҳрвандӣ гирифтанд.
“Фонтанка” менависад, ки ду рӯз қабл ҳамин тавр дар шаҳри Петербург телевизор болои сари як кӯдак чаппа шуда буд, вале дар он маврид, хушбахтона, кӯдак осеби чандон ҷиддӣ набардошт ва ӯро ҳатто дар бемористон бистарӣ накарданд.
Ҳар сол дар Русия то ҳазор нафар аз зодагони Тоҷикистон ба иллатҳои гуногун ба зиндагӣ падруд мегӯянд. Ҳодисаҳои нохуш дар ҷои кор ва ҷои зист як иллати умдаи маргумири муҳоҷирони тоҷик дар Русия шумурда мешавад.