ДАР ШАҲРИ ВАҲДАТ ЯК ҶАВОНЗАНРО ДАР ХОНААШ КОРД ЗАДААНД

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 15 декабри соли 2023
Расонидани зарари ҷисмонӣ бе ягон асос

Ба ШВКД шаҳри Ваҳдат бо ариза зани 36-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 13-уми декабри соли 2023, тахминан соати 22:30, марди 29-солаи сокини ҳамин шаҳр дар манзили истиқоматиаш бе ягон асос бо ӯ муноқиша намуда, бо корд як маротиба ба қисмати шикамаш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Ифшо шудани дуздӣ аз дохили ошхона

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ аризаи ҷавони 20-солаи сокини ноҳияи Данғара ворид гардидааст, ки 28-уми ноябри соли 2023, шабона шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба ошхонаи «Сомониён», воқеъ дар ноҳияи И.Сомонӣ ворид шуда, аз дохили хазина 2 ҳазору 500 сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи «Айфон-Х»-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

