БОЗДОШТИ ДУ НАФАРИ ҶИСМАН СОЛИМ, КИ ХУДРО МАЪЮБУ ДАРДМАНД ВОНАМУД КАРДА, ТАЛБАНДАГӢ МЕКАРДАНД (ВИДЕО)
Раёсати корҳои дохилии Душанбе дар як ҳафтаи охир аз ошкор шудани ду ҳолати мардумфиребии талбандагоне хабар дод, ки дар асл солиманд, вале бо мақсади нохун задан ба эҳсоси дилсӯзии мардум ва ба даст овардани пули бештар худро маъюб вонамуд карда, дар кӯчаҳои пойтахти Тоҷикистон даст ба гадоӣ мезананд.
Милитсияи пойтахт аз ҷумла рӯзи 15 декабри соли 2023 хабар дод, ки зимни баргузории санҷиши навбатӣ аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Наскова Сафина Маъруфовна, санаи таваллудаш 11 декабри соли 2005, сокини деҳаи Тундара дар канори шаҳри Ваҳдат, ҳангоми дар байни роҳи мошингард ба талбандагӣ машғул будан боздошт карда шуд.
Дар иттилоия гуфта мешавад, ки “Сафина Наскова ҳар рӯз бо мақсади ба даст овардани маблағ ба шаҳри Душанбе омада, дар аробачаи маъюбӣ нишаста, худро дардманд вонамуд месозад ва дар байни роҳи мошингард ҳолати хатарноку садамавиро ба миён оварда, аз ронандагону роҳгузарон талаби кумак менамуд. Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки дар асл тану бозӯи солим дошта, мақсадаш танҳо ба даст овардани маблағ мебошад”.
Милитсия гуфт, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурда маводи зарурӣ тартиб дода шуда, чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шуданд. Аммо дар бораи ин Наскова Сафина мушаххасан чӣ ҷазое гирифт?, дар иттилоия чизе гуфта нашудааст.
Дар моҳи декабр ин алакай дуюмин ҳолати аз ҷониби милитсияи Душанбе ошкор шудани мардумфиребии афродест, ки худро маъюб вонамуд карда, дар кӯчаҳои пойтахти Тоҷикистон гадоӣ мекунанд. Ҳафтае қабл милитсияи Душанбе аз боздошт ва ба 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шудани Пардаев Бадриддин Искандарович, санаи таваллудаш 11 сентябри соли 1993, зодаи шаҳри Ваҳдат хабар дод.
Сироҷиддин Шакурӣ, сухангӯи РВКД Душанбе дар як гузориши видеоӣ гуфт, Бадриддин Пардаев ҷисман солим аст, вале ӯ дар даст асо гирифта, ба чашмонаш айнак гузоштааст ва худро маъюб вонамуд карда, дар кӯчаҳои пойтахт талбандагӣ мекард. Худи Пардаев дар ин гузориш иқрор кард, ки асои маъюбиро аз як дорухона бо нархи 60 сомонӣ харида, худро ланг вонамуд мекард, то дили мардум бисӯзад ва барояш пули бештар хайр кунанд.
Бисёриҳо дар зери ин ду хабар ба кормандони милитсия барои ошкор кардану рӯи об баровардани афроди мардумфиребе, ки ба чунин шакли бад аз эҳсоси савобҷӯӣ ва дасти хайри мардум сӯиистифода мекунанд, изҳори сипос кардаанд. Милитсияи Душанбе ваъда додааст, ки бо мақсади ошкор кардану ба ҷавобгарӣ кашондани афроди ҷисман солимее, ки бо роҳи макру фиреб зоҳиран худро маъюбу дардманд вонамуд сохта, дар роҳҳои мошингард ва кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ба талбандагӣ машғуланд, боз ҳам рейд ва амалиётҳои санҷишию профилактикӣ гузаронида мешаванд. Милитсия гуфт, ин иқдом аз ҷониби шаҳрвандон низ ҳамовозӣ пайдо намуда, хостори ба таври ҳамешагӣ гузаронидани чунин амалиётҳо шудаанд.
“Воқеан боиси таассуф ва нигаронист, ки чунин афрод бо чунин тарз ба даст овардани маблағро барои худ василаи пешбурди зиндагонӣ қарор додаанд. Дар ин замина шаҳрвандон низ барои пешгирии ин омили ба шаъну шарафи инсонӣ номуносиб, бояд мусоидат намоянд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи милитсияи Душанбе.