ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зистҲодисаҶомеа

4 УЗВИ ЯК ОИЛА ДАР НОҲИЯИ ҒАФУРОВ АЗ ИСТЕЪМОЛИ КОНСЕРВИ ХУДСОХТ ЗАҲРОЛУД ШУДААНД

Муаллиф: Фарзона Муродӣ, махсус барои Asia-Plus

Чор узви як оила дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд баъди истеъмоли хӯриш (консерваи худсохт) заҳролуд (бемории ботулизм) шуда, ба беморхона интиқол ёфтаанд. Ҳодиса рӯзи 9-уми декабр рух додааст. Тибқи иттилои Муродҷон Ҷӯраев, сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, келини заҳролудшудаи ин оила ҳомила будааст.

Айни ҳол келин ва хушдоман дар шуъбаи эҳёи беморхона бистарӣ гардидаанд. Ҳолати ду нафари дигар нисбатан муътадил арзёбӣ мешавад, аммо онҳо ҳам дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Заҳролудшавии чор узви як хонавода дар ҳолест, ки як рӯз пеш аз ин ҳодиса, 8-уми декабри соли 2023, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд барои пешгирӣ аз заҳролудшавии сокинон огоҳинома нашр ва паҳн карда буд.

Дар огоҳиномаи марказ тавсия дода мешавад, ки “аз истеъмоли маҳсулоти пастсифат, бахусус, консерваҳои хонагие, ки шубҳаноканд, худдорӣ намоед”.

Таъкид мегардад, ки дар ҳолати пайдо шудани аломатҳои заҳролудшавӣ дарҳол “ба духтурон муроҷиат кунанд, зеро ягона роҳи табобат ин воридгардонии зардобаҳои зиддиботулизм аст”.

Таъкиди марказ низ беҳуда нест, зеро чанде пештар як сокини ноҳияи Ашти вилояти Суғд баъди истеъмоли хӯриш (бодиринги консервашудаи худсохт) заҳролуд шудааст, аммо 4 рӯз ба табибон муроҷиат накардааст ва интиқол ба беморхона ҳам истеъмоли хӯришро зикр накардааст.

Фаррух Усмонов, масъули дафтари матбуоти Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд, гуфт, марди заҳролудшуда сокини 33-солаи деҳаи Сари ҳавзи ҷамоати Пунук буда, 26-уми ноябр, баъди истеъмоли ош бо хӯриш худро нороҳат ҳис кардааст.

“Ҳарчанд ин мард чанд рӯз худро нороҳат ҳис карда бошад ҳам, танҳо 30-юми ноябр, баъди ниҳоят бад шудани вазъи саломатиаш, ба беморхонаи марказии ноҳияи Ашт муроҷиат кардааст, аммо дар оғоз истеъмоли хӯришро нагуфтааст”, – гуфт Фаррух Усмонов.

Баъди ташхис муайян гардидааст, ки ӯ заҳролуд шудааст. Баъди ин, сокини Сари ҳавзро дар шуъбаи эҳё (реаниматсия) бистарӣ кардаанд.

Айни ҳол ҳолати бемор қаноатбахш буда, 5 вояи зардобаи зидди ботулизм гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки аз оғози сол дар вилояти Суғд се ҳолати гирифторӣ ба ботулизм ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа 3 нафар ба ҳалокат расида, 9 нафари дигар бо гумони заҳролудшавӣ бистарӣ гардидаанд.

Манбаъ: “Азия Плюс”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button