ВидеоКоррупсияМинтақа ва ҷаҳонҶанг дар Украина

ШИРКАТИ “КАФОЛАТИ КОМИЛ” АЗ ТОҶИКИСТОН БА РӮЙХАТТИ СИЁҲИ АМРИКО АФТОД

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Кафолати Комил”, ки соли 2018 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъсис ёфтааст, барои кумакаш ба пушти по задани таҳримоти баъди ҷанги зидди Украина болои Русия ҷоришуда ба рӯйхатти сиёҳи Амрико афтод.

Вазорати молияи Амрико  рӯзи 13 декабри соли 2023 дар сомонаи расмиаш аз таҳти таҳрим қарор додани беш аз 150 нафари алоҳида ва ширкату корхонае хабар дод, ки баъди ҷорӣ шудани таҳримоти Ғарб ба Русия ҳам ба додугирифтҳои худ бо Русия идома додаанд. Дар байни онҳое, ки аз сӯи Амрико таҳти таҳрим қарор дода шуданд, ин дафъа бори аввал як ширкати тоҷикистонӣ бо номи ҶДММ “Кафолати комил” низ ҳаст.

 “Ширкати дар Тоҷикистон асосёфтаи “Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Кафолати Комил” (Kafolati Komil) ба Русия аз тариқи Имороти Муттаҳидаи Араб қисмҳои эҳтиётии ҳавопаймо, истеҳсоли хориҷӣ, мефиристод … “Кафолати Комил” бар асоси фармони №14024 ҳамчун ширкате, ки дар соҳаи ҳавоиву кайҳонии Русия кор мекунад ё мекард, шинохта шудааст”, – гуфта мешавад дар шарҳи вазорати молияи Амрико пиромуни ширкати таҳримшуда аз Тоҷикистон.

Ин идора дар бораи ин ки кадом фаъолиятҳои мушаххаси ширкати “Кафолати комил” боиси таҳти таҳримот қарор гирифтанаш шуд?, тафсилот надодааст. Вале моҳи августи соли 2023 хабаргузории Рейтерс дар як гузориши таҳқиқотӣ таҳти унвони “Русия ҳавопаймоҳои сохти Ғарбашро бо чӣ роҳе дар осмон ҳифз кардааст?” аз ҷумла дар бораи  ду ширкати тоҷикистонӣ хабар дод, ки ба ширкатҳои ҳавопаймоии Русия барои убури таҳримоти байналмилалӣ кумак мекунанд. Рейтерс аз ҷумла маълум кардааст, ки ширкатҳои “Кафолати комил” ва “Истиқлолият 20” ба воситаи Имороти Муттаҳидаи Араб ба ширкати русии ҳавопаймоии “Уралские авиалинии” қисмҳои эҳтиётӣ фиристодаанд. Ва он ҳам дар ҳоле, ки  “Кафолати комил” ва “Истиқлолият 20” ҳарду тибқи санадҳои оинномавиашон гӯё ширкатҳои бинокорӣ мебошанд.

“Асноди гумрукӣ  нишон медиҳанд, ки тайи 14 моҳи таҳқиқкардаи Рейтерс қисмҳои эҳтиётии хеле муҳимтар, ки бо фанновариҳои баланде, чун гироскопҳои лазерӣ муҷаҳҳаз мебошанд, аз Амрико ба дасти “Уральские авиалинии” расонида шудаанд.

Аз ҷумла, моҳи июли соли 2022 як бахши ин молҳоро ба “Уралские авиалинии” тавассути Имороти Муттаҳидаи Араб  ширкати “Истиқлолият 20”, як ширкати бинокорӣ аз Тоҷикистон фиристодааст. Бар асоси санадҳои гумрукӣ, моҳи сентябри соли 2022 ширкати дигари бинокорӣ аз Тоҷикистон “Кафолати Комил” низ ба воситаи Имороти Муттаҳидаи Араб ба Русия қисмҳои эҳтиётӣ фиристодааст.

Маҳмадбашир Ёқубов, мудири ширкати “Истиқлолият 20” ба зангҳои телефонӣ бо дархости шарҳи қазхия посух надод. Хабаргуҳории Рейтерс натавонист бо Комилҷон Ёқубов, раҳбари ширкати “Кафолати Комил” ҳам тамос бигирад”,  – навишта буд Рейтерс дар гузоришаш.

Маълум нест, ки роҳбарони ин ду ширкат – Маҳмадбашир ва Комилҷон Ёқубовҳо – хешу таборанд ё танҳо ҳамнасаб? Бо гузашти қариб чор моҳ аз нашри таҳқиқоти Рейтерс на “Истиқлолият 20”, на “Кафолати комил” ба иттиҳомоти дар он гузориш нисбат ба онҳо садодода посухе надоданд.

Вокуниши ҶДММ “Кафолати комил” ва мақомоти расмии Тоҷикистон ба қарори вазорати молияи Амрико дар мавриди таҳти таҳрим қарор додани ин ширкати тоҷикистонӣ то ҳол нашр нашудааст.

Ин бори аввал нест, ки ширкатҳои тоҷикӣ ва зодагони Тоҷикистон ба кумак ба Русия барои убури таҳримоти Ғарб айбдор мешаванд. Рӯзи31 октябри соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорки Амрико се нафар: шаҳрвандони Русияву Канада Николай Голтсев ва Кристина Пузирёва ва шаҳрванди Русияву Тоҷикистон Салимҷон Насриддинов, ки дар Бруклин зиндагӣ мекард, бо иттиҳоми пушти по задани таҳримоти ба зидди Русия ҷоришуда ва содироти ғайриқонунии фановариҳои навин барои корхонаҳои ҳарбии Русия, аз ҷумла ба корхонаҳои марбут ба вазорати мудофиаи он кишвар ба маблағи даҳҳо миллион доллар дастгир шуданд.  Ин се нафар ба он айбдор мешаванд, ки бо мақсади бо маҳсулоти барояшон ҳаётан муҳим таъмин кардани корхонаҳои ҳарбии таҳримшудаи Русия як шабакаи ҷаҳонии хариди молҳои фурӯшашон ба Русия мамнӯъро ташкил додаанд.

Додситони кулли Амрико Брион Пис гуфт: “Гумон меравад, ки айбдоршавандагон таҳримотро пушти по зада, таҷҳизоти барои силоҳҳои дақиқтарини Русия хеле муҳимро фиристодаанд ва бархе аз ин маҳсулот дар ҷанги зидди Украина истифода шудааст”.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button