ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

СЕЛ ДАР ЧИЛДАРА ВА РЕЗИШИ САНГ ДАР ДАР-ДАР ДАР ПАЙИ БОРИШОТИ АХИР

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 14 декабри соли 2023 хабар дод, ки боришоти пуршиддат дар қаламрави кишвар сабаби офатҳои табиӣ шуд, вале хушбахтона, касе осеб надидааст.  Чунончӣ, рӯзи 13 декабр, тахминан соати 11:00 дар километри 39-уми роҳи мошингарди Лаби Ҷар, дар ҳудуди деҳаи Рубодноли ҷамоати деҳоти Чилдараи ноҳияи Сангвор (собиқ Тавилдара) дар водии Рашт, сел омадаст.

Барои бартараф кардани ҳолати бамиёномада кормандон ва техникаи махсуси вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҷалб гардид ва соати 15:07 роҳ аз селовардаҳо тоза карда шуда, ҳаракати нақлиёт ба ҳарду самт барқарор карда шуд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, ин сел талафоти ҷониву хисорати дигар надошт.

Ҳамин тавр, рӯзи 13 декабри соли 2023 соати 12:25 дар километри 19-уми роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент, дар ҳудуди деҳаи Новдонак ҷамоати деҳоти Дар-дари ноҳияи Айнӣ мегузарад, резиши санг ба амал омада, сабаби қатъи ҳаракати нақлиёт шуд.

Барои бартараф намудани ҳолати баамаломада кормандон ва техникаи хадамоти роҳи вазорати нақлиёт ҷалб шуд ва соати 15:50 роҳ аз ҳар гуна сангу рег тоза карда шуда, мошинҳо ба ду самт ба ҳаракат даромаданд.

Кумита гуфт, хушбахтона, ин ҳодиса низ талафоти ҷониву хисороти дигар надошт.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо таваҷҷӯҳ ба хатари омадани сел, лағзиши тарма, резиши санг ва яхбандӣ дар роҳҳо бори дигар аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки чораҳои бехатарии шахсиро риоя кунанд, аз чаронидани чорво дар чарогоҳҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳо, сайругашт дар кӯҳҳо, ҷамъоварии ҳезум, шикор, моҳидорӣ дар ин рӯзҳо худдорӣ варзанд. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button